Хабари рӯз

Қорӣ Фасеҳуддин ҳоло сардори Ситоди кулл ё луидиристизи вазорати дифоъ, қудратмандтарин ғайрипаштун дар ҳукумати “Толибон” аст. Бархе қудрати ӯро ба ҳадде тасвир мекунанд, ки ҳатто боре ба "Толибон" таҳдид кард, дар манотиқи таҳти нуфузашро худмухтор эълон хоҳад кард

Муаллиф: ФАРИД АҲМАДӢ

“Махдум Қорӣ Фасеҳуддин”, ҳоло “Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат” фармондеҳи толиб дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, пас аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” лақаби “фотеҳи Шимол” –ро гирифт. Он ҳам ба ин хотир, ки маҳз нерӯҳои таҳти фармони ӯ аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистонро соҳиб шуданд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки бо Қорӣ Фасеҳуддин дар ҷанганд, ӯро “ғуломбачаи Толибон*, аз он зумра афроде мешуморанд, ки дар хизмати аҷнабиён қарор гирифта, мехоҳанд ватани худро пойандоз ва миллати худро ғуломи онҳо кунанд.

Аммо ин фард кист?

 

“ТОЛИБТОҶИК”-ОНИ БАДАХШӢ

Онҳое, ки каму беш аз фаъолиятҳои Қорӣ Фасеҳуддин огоҳанд, мегӯянд, ӯ тоҷик, беш аз 50 – сола ва зодаи вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз саргуруҳҳои Сайид Наҷмиддини Восиқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломии таҳти амри Бурҳонуддин Раббонӣ ва Шӯрои наззори Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

ДАР АКС: Мавлавӣ Амонуддин (аз чап) ва Мавлавӣ Наҷиб (аз рост)

Восиқ дар замони ҷангҳои дохилии аввали солҳои 90 – и асри гузаштаи Афғонистон дар пайи як тавтиа аз сӯи ду фармондеҳи Ҳаракати исломии Абураб Расули Сайёф дар Бадахшон кушта шуд. Фармондеҳии нерӯҳои ӯ ба дасти писараш гузашт, ки баъдтар аксарият ба Толибон пайвастанд ва яке ҳам Қорӣ Фасеҳуддин буд.

Мавсуф як муддат дар мадориси Покистон омӯзиш дида, гирифтори ақидаҳои ифротӣ шуд ва мавриди таваҷҷуҳи истихбороти он кишвар қарор гирифт. Пас аз ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико ва НАТО ӯро Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, фармондеҳи Толибон дар шимоли Афғонистон, ба раҳбарияти ин гуруҳ муаррифӣ кард.

Қорӣ Ҳаниф, зодаи вулусволии Яфтали Бадахшони Афғонистон, ягона тоҷик ва ғайрипаштуни баландпояи “Толибон”, дар ҳукумати аввали онҳо (1996 – 2001) вазири плону таҳсилоти олӣ буд ва ҳоло сарпарасти вазорати иқтисод аст. Ӯ соли 2013 дар қатори даҳ раҳбари толиб дар Дафтари Қатари “Толибон” низ муаррифӣ шуд.

Ба ҷуз Ҳанифу Фасеҳуддин шахсе ба номи Паҳлавон Шамсиддин аз вулусволии Кишм, яке дигар аз “толибтоҷикон”-и Бадахшон аст, ки ҳоло муовини вазири кишоварзӣ таъйин шудааст. Як нафари дигар Мавлавӣ Наҷиб аз минтақаи Роғҳои Бадахшон аст, ки дар зуҳури дуввуми “Толибон” ба яке аз фармондеҳони қудратманд табдил ёфтааст ва тиҷорати тиллои минтақаро ба даст дорад. Як бадахшии дигар ҳам Мавлавӣ Амонуддин аст, ки ҳоло фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи “Толибон” таъин шудааст.

Феҳристи афроди саршиноси “толибтоҷик” – и бадахшӣ бо ин номҳо хатм намешавад, аммо як нукта мусаллам аст, ки рӯи онҳо дар ҳукумати “Толибон” ҳамчун намояндагони аслии тоҷикони Афғонистон ҳисоб мешавад ва бидуни шак, Қорӣ Фасеҳуддин қудратмандтарини онҳо аст.

 

МАСЪУЛИ ҶАНГИ ПАНҶШЕР

Қорӣ Фасеҳуддин бо миёнҷигарии Ҳаниф пас аз соли 2010 фармондеҳии Толибон, як муддат волии номниҳод ё соягии ин гурӯҳ дар Бадахшонро камоӣ кард. Шуруъ аз он замон гуруҳи ӯ даҳҳо корманди пулису урдуи Афғонистон дар вулусволиҳои мухталифи ин вилоятро кушта, ҳатто дар як амалиёт 8 сарбозро сар зад.

Соли 2015 дар пайи як амалиёти муштараки НАТО ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон гузоришҳо пахш шуданд, ки ӯ бо иттифоқи 40 ҷангиаш кушта шудааст. Баъдтар ин хабарро худи ӯ такзиб кард. Боҷгириву андозбандиҳои мардум ва тоҷирону қочоқбарони маводи мухаддиру лоҷуварди Бадахшон аз сӯи ӯ як қиссаи дигар аст.

Аввалҳои соли гузашта Фасеҳуддин ба шаҳри Доҳаи Қатар, дафтари сиёсии Толибон*, даъват шуд ва раҳбарии ин гуруҳ ӯро фармондеҳи зун ё минтақаи шимолу шарқ – вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлон, инчунин узви Шӯрои низомии Толибон таҳти раҳбарии Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори ин ҳаракат таъин намуд.

Авоили моҳи сентябри соли гузашта масъулияти аслии раҳбарии амалиёти “Толибон” алайҳи Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ба зиммаи Қорӣ Фасеҳуддин вогузор шуд. Зоҳиран, далели умдаи ин тасмими раҳбарии “Толибон” ин буд, ки ӯ фармондеҳи манотиқи шимолу шарқӣ, вилоятҳои ҳаммарз бо ин дараи афсонавӣ аст. Аз сӯи дигар, ба ҷанги Панҷшер, дараи тоҷикнишин эъзом шудани як тоҷик бо нерӯҳояш, ки низ аксари кул тоҷиканд, далоили сиёсӣ ҳам дорад ва ҳоҷат ба шарҳаш нест.

Дар як сабти садоии суҳбати Фасеҳуддин бо Мулло Қаюм Зокир, вазири дифоъи Толибон*, ки аз манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ӯ гузориш медиҳад, ки нерӯҳои таҳти фармонаш дар Гулбаҳор, Тангии Панҷшер ва Дарвозаи Тоҷикон (вилояти Парвон) мавқеъ гирифтаанд. Дар як акси дигар ҷангиёни ӯ дар наздикиҳои кӯтали Ховок гӯё қарор доранд.

Ҷанге, ки таҳти фармони ӯ дар Андаробҳои вилояти Бағлон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иттифоқ афтод, аввал барояш бо нокомӣ анҷомид, аммо бо расидани кӯмаки бештар аз дигар вилоёт дигарбора минтақа дар ихтиёраш қарор гирифт.

 

ОМИЛИ МИНТАҚАӢ

Қорӣ Фасеҳуддин (аз чап) ва Мавлавӣ Амонуддин (аз рост)Қорӣ Фасеҳуддин беш аз ҳазор ҷангии хориҷиро, ки дар вилоятҳои Тахору Кундузу Бадахшон мустақаранд ва дар созмонҳое, назири “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Лашкари тайиба”, “«Ал-қоида»”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (Чин) ва ғайра узвият доранд, низ фармондеҳӣ мекунад. Дар як мусоҳибааш бо радиои “Ҷундуллоҳ” – и Толибон* дар соли 2013 ӯ гуфта буд, ки аксари онҳо “муҷоҳидини Мовароуннаҳр”, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиянд.

Бино ба иттилои мувассақ, ҳудуди 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, пойгоҳи мустақиле доранд ва шуғли асосии онҳо омода кардани бомбаҳои худсохт барои “фидоиён” ё худкушҳои толибону террористони хориҷӣ ва дигар амалиётҳои ҷангӣ аст.

Як афсари сипоҳи коммандои 207 – и “Помир” – и урдуи дарҳамшикастаи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду моҳи қабл, замоне, ки дар вулусволии Хинҷони вилояти Бағлон нерӯҳои Толибон* – ро торумор карданд, бо аҷсоди хориҷиёне бархӯрданд, ки шаҳрвандии Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистонро доштанд.

“Он замон ман хостам, ки ному насаби онҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кунам, аммо аз Раёсати амнияти миллӣ тақозо карданд, ки аз ин кор даст бардорам. Тамоми асноду шавоҳид ва ҳатто ҷасади ҳудуди 20 хориҷиро ба Кобул интиқол доданд. Се нафареро, ки захмӣ ба асорат афтоданд, вақте бозрасӣ кардем, гуфтанд, аз Қорӣ Фасеҳуддин фармон мебаранд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии нерӯҳои Толибон* ва ҷангиёни хориҷӣ дар ҷуғрофиёе, ки бо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ марзи муштарак дорад, Қорӣ Фасеҳуддинро ба як “омили минтақаӣ” табдил медиҳад. Ин ҳам аз он вобаста аст, ки ӯ то куҷо дар зинаҳои қудрат нуфуз дода мешавад ё аз шарри ҳаводис зинда берун хоҳад омад ва аз ҳама муҳим, то куҷо дар барномаҳои оянда низ ба дарди “Толибон”, бахусус, “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва пуштибонони хориҷии онҳо хоҳад хӯрд.

 

“ҒУЛОМБАЧА”

Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар замони ҷиҳоду муқовимат дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд меҷангид, Қорӣ Фасеҳуддин ва амсоли ӯ "толибони тоҷик” – ро авомиле меҳисобад, ки дар хидмати аҷнабиён ва душманони дохилӣ қарор доранд.

“Мо ин қабил афродро “ғуломбача” мехонем. Толибон* – и паштун мехоҳанд бар сарзамин ва фарҳанги тоҷикон тасаллут дошта бошанд. Фасеҳуддин ва амсоли ӯ ба онҳо дар ин амр кӯмак мекунанд. Яке то дирӯз дар хидмати Ашраф Ғанӣ буд, ҳамеша ӯро ба ҳамла ба Панҷшер ташвиқ мекард ва даҳҳо ҷавони панҷшериро ба зиндон андохт. Қорӣ Фасеҳуддин айни чунин як инсони худбохта аст, ки дар хизмати Покистон ва “Толибон” қарор гирифтааст ва рӯзе, ки вазифаашро анҷом дод, ба ҳисобаш хоҳанд рафт”, - гуфт ӯ.

Як мансабдори собиқи бадахшӣ, ки дар Кобул зиндагӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “толибони тоҷик”, дар умум ғайрипаштун ва хориҷиҳо, бештар нақши ҷангӣ, маҳаллӣ ё “чӯби сӯхт” - ро доранд ва аз салоҳияти тасмимгирӣ маҳруманд. Ба қавли ӯ, вақте Кобул суқут кард, Қорӣ Фасеҳуддин худро ба ин шаҳр расонд, аммо ду рӯз дар банди Толибон* буд, зеро падидаи “толиби тоҷик” барои толибони паштуни ҷанубӣ як амри боварнакарданӣ аст.

“Фасеҳуддин ва афродашро аз ҳар дарвоза, ки вориди Кобул мешуданд, толибҳо аз сар то пой талошӣ (тафтиш) мекарданд. Толибони лугарӣ дар соҳаи Гулбоғу Ришхӯр ва толибони вардакӣ дар шаҳри Кобул бо толибони бадахшӣ бадрафторӣ карда, ҳатто шаш нафари онҳоро ба ҳалокат расонданд. Фасеҳуддин ин мавзуъро бо раҳбарони Толибон ба миён гузошта, таҳдид мекунад, ки агар ин бадрафторӣ такрор шавад, минтақаи шимолу шарқро худмухтор эълон хоҳад кард”, - гуфт ӯ.

Қорӣ Фасеҳуддин бо миёнҷигарии Паҳлавон, ҳоло Мавлавӣ Шамсиддини Бадахшонӣ – муовини вазири кишоварзии Иморати исломӣ, аз зиндон раҳо шуда, ба ӯ хонаи маршал Абдурашид Дӯстум, ба ривояти дигар баландошёнаи як мансабдори собиқи дигар дар соҳаи сарватманднишини Ширпури шаҳри Кобул низ ҳадя шудааст. Вай баъд аз раҳоӣ тамоми толибони бадахширо аз Кортаи Парвон ва Парвони севум ҷамъ карда, ба тарафи Бағлон меравад, то ҷанг алайҳи Панҷшерро сарварӣ кунад.

Ӯ ба муқобили Аҳмад Масъуд, шахсе рафт, ки замоне аз падараш – Аҳмадшоҳи Масъуд фармон мебурд. Ӯ ҳоло ҳам алайҳи ҳамқавмон ва ҳамсангарони собиқи худ дар ҷанг аст, дар ҳоле ки Толибон дар Кобул миёни худ курсӣ тақсим мекунанд. Ин ҳам шояд сарнавишти як нафарест, ки дар Афғонистон “ғуломбача” – аш мехонанд.

*  Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!