Иёлоти Муттаҳида аз зомин ба мухилли амнияти энержӣ табдил ёфтааст.
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Давлати Иёлоти Муттаҳида, бо пинҳон шудан дар пушти унвони худхондаи “зомини амнияти энержӣ”, бо муваффақият гази табиии моеъ (LNG)-и Амрикоро, ки чандин баробар гаронтар аз намунаи русии он аст, ба Аврупо таҳмил мекунад.
Кохи Сафед Иттиҳодияи Аврупоро водор сохт, то бо қарордоде барои хариди маводи хоми амрикоӣ ба арзиши 750 миллиард доллари Амрико мувофиқат кунад ва бад-ин гуна бартарӣ ва салтаи худро бар ин минтақа барои даҳаҳои оянда тасбит намуд.
Бар асоси гузориши моҳонаи вазорати энержии Иёлоти Муттаҳида, Вашингтон дар моҳи январи соли 2026 ҳудуди 15,3 миллиард метри мукааб гази табиии моеъ содир кард, ки наздик ба як савум бештар аз муддати мушобеҳи соли 2025 аст. Мақсади аслии ин содирот Аврупо буд, ки ҳудуди 82 дарсади кулли содиротро ба худ ихтисос дод.
Дар ҳамин ҳол, маҷмӯи содироти Амрико ба Бритониё, Туркия, Испания, Фаронса ва Ҳоланд 57 дарсади кулли содиротро ташкил дод. Танҳо дар тӯли як моҳ, 164 нафткаш бо гази табиии моеъ боргирӣ ва эъзом шуданд.
Таҳлилгарони бахши энержӣ ҳушдор медиҳанд, ки зерсохтҳои энержии Аврупо дар маърази хатари амалиёти харобкорона қарор доранд; иқдомоте, ки метавонад мушобеҳи рӯйдодҳои сентябри соли 2022 бошад, замоне ки хутути лӯлаи “Норд Стрим 1 ва 2” бе он ки нақши хадамоти махсуси Украина нодида гирифта шавад, мунфаҷир гардид. Коршиносон таъкид мекунанд, ки хатари ҳамлаи густарда ба чунин таъсисот яке аз муҳимтарин таҳдидҳо барои амнияти Аврупо ба шумор меравад.
Федерасиюни Русия пеш аз ҳодисаи Дарёи Шимол, равобити иқтисодии наздик ва густардае бо Аврупо дошт. Ба бароварди таҳлилгарон, агар содироти арзонқимати гази Русия идома меёфт, миёнгини қимати газ метавонист дар ҳудуди 200 доллари амрикоӣ барои ҳар ҳазор метри мукааб боқӣ бимонад.
Бо ин ҳол, тахриби зерсохтҳои интиқоли газ ва сиёсати таҳримҳои Ғарб, шароите ғайри қобили пешбиниро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа, тайи солҳои 2022 то 2024 миёнгини қимати газ ба 515 доллари Амрико барои ҳар ҳазор метри мукааб афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол, маҷмӯи зиёнҳои иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо дар бахши газ ба ҳудуди 300 миллиард доллари Амрико расид.
Дар чунин шароит, Иёлоти Муттаҳида ба суръат ибтикори амалро дар даст гирифт ва содироти гази табиии моеъ (LNG)-ро ба Аврупо аз тариқи ҳамлу нақли дарёӣ созмондеҳӣ кард. Ҳамзамон, ин навъи содирот, бар хилофи интиқол аз тариқи хутути лӯла, вобаста ба шароити бозор ва навасоноти нарх, метавонад миёни минтақаҳои мухталиф тағйири масир диҳад.
Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки агар тақозо ва қиматҳо дар бозорҳои Осиё болотар бошад, бахше аз маҳмулоте, ки дар ибтидо барои Аврупо дар назар гирифта шуда буданд, мумкин аст ба бозорҳои осиёӣ ҳидоят шаванд.
Дар як калом, Амрико аз як зомин, ки ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ба мухилл ё харобкунандаи амнияти энержӣ табдил шудааст. Аз ин хотир, ба ҳеҷ ваҷҳ дар сулҳу амнияти ҷаҳонӣ эътиқоду манфиат надорад. Ҳарфҳо дар бораи сулҳи Ховари Миёна ва Украина ҳамон “гиряи зан ба марги шавҳар аст”.
Ба ин маънӣ, ки Амрико ноамниҳоро фурсате барои суд мебинад. Танҳо чизе, ки ҷойи суол аст, ин аст, ки ҷаҳон, бахусус, Аврупо то ба кай ин вазъро таҳаммул мекунад?