Хабари рӯз

Тарҳҳои ақвоми ғайритоҷики Афғонистон ҳама тавтиаи зидди тоҷиконанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Тарҳҳо ё домҳо барои тоҷикон

Тарҳҳо ё домҳо барои тоҷикон - 2

Дар ин бахш ба муаллифаҳои ваҳдатбахш миёни тоҷикон мепардозам; муаллифаҳое, ки аз манзари ин баҳс, зарурати эътилофи сиёсӣ бо неруҳои ғайритоҷикро мавриди тардид қарор медиҳанд. Дар воқеъ, ҳаргоҳ мафҳуми эътилоф дар шароити хос, бо аҳдофи ноҳамсоз ва ниятҳои мутаориз шакл гирад, на танҳо ба таҳаққуқи ҳадафи мавриди назар мунҷар намешавад, балки метавонад натиҷаҳои баръакс ба бор оварад. Аз ҳамин манзар, эътилофи тоҷикон бо неруҳои ғайритоҷик низ ниёзманди бознигарӣ ва арзёбии муҷаддад аст.

Муаллифаҳое, ки дар ин баҳс мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд, бар ду асли бунёдин устуворанд: иттиҳоди воқеии тоҷикона ва ҳифзи ҷуғрофиё.

Нахустин асл, иттиҳоди воқеии тоҷикон аст. Дар ин чаҳорчӯб, мафҳумҳое чун вилоят, шаҳристону минтақа ва маҳал, дар баробари назарияи иттиҳоди ҷуғрофиёӣ барои иқтидор ва шукӯҳи тоҷикона аҳаммияти сонавӣ меёбанд. Бар ҳамин асос, маҳаллагароӣ ва минтақаварӣ ҳамчун омилҳои боздоранда дар масири ҳамгароии саросарии тоҷикон талаққӣ мешаванд ва ҳувияти тоҷик беш аз ҳар чиз бар мабнои пайвандҳои тамаддунӣ, таърихӣ ва таборӣ таъриф мегардад.

Дар ин нигоҳ, тоҷикони сокини шимол, шимолу шарқ, марказ, ғарб, шимолу ғарб ва бахшҳое аз шарқи Афғонистон, аҷзои як куллияти таърихӣ ва тамаддунии воҳид маҳсуб мешаванд. Зеро мафҳуми тоҷик на як амри интизоъӣ, балки воқеияти таърихӣ, решадор ва таҷзиянопазир аст, ки дар саросари таърихи ин ҷуғрофиё ҳузур дошта ва нақшофарин будааст. Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҳам дар ҷойгоҳи давлатмардон ва ҳам дар ҷойгоҳи мухолифони сиёсии ҳукуматҳо, дар матни таҳаввулоти сиёсӣ қарор доштаанд ва саҳми барҷастае дар шаклдиҳии равандҳои таърихӣ ифо кардаанд.

Ҳузури тоҷикон танҳо ба арсаи сиёсат маҳдуд набудааст. Дар ҳавзаҳои ҷанг, иқтисод, фарҳанг, омӯзиш, андеша ва ҳатто ҳунару синамо низ нақши онҳо ҳамвора қобили таваҷҷуҳ будааст. Бо вуҷуди ин, он чи имрӯз беш аз ҳар омили дигар метавонад ин ҳувияти парокандаро ба як куллияти мунсаҷим табдил кунад, мафҳуми муқовимат ва истодагӣ аст; муқовимате, ки дар ин нигариш, ҳомили як ормони тамаддунӣ ва таърихӣ талаққӣ мешавад.

Бо вуҷуди ин зарфиятҳо, тоҷикон дар тӯли таърих бо чолишҳое низ рӯ ба рӯ будаанд, ки раванди инсичоми онҳоро осебпазир сохтааст. Маҳаллагароӣ, ихтилофоти сиёсӣ, вобастагиҳои идеологӣ, такя бар эътилофҳои бепоя бо ғайритоҷикон ва рақобатҳои дарунгурӯҳӣ аз ҷумлаи омилҳое будаанд, ки ба парокандагӣ ва заъфи инсичоми дарунӣ анҷомидаанд. Ҳамин шикофҳо низ заминаро барои баҳрабардории мухолифон ва рақибони сиёсӣ фароҳам кардааст.

Ба бовари нигоришгар, тоҷикон ба далели пешинаи шаҳрӣ, рӯҳияи мудоро, набуди таассуби шадиди қавмӣ ва мазҳабӣ ва гароиш ба тасоҳул дар равобити иҷтимоӣ, ҳамвора омодагии бештаре барои ҳамкорӣ бо дигарон доштаанд. Афзун бар ин, тааҳҳуд ва вафодории онҳо ба боварҳои сиёсӣ ва фикрии худ сабаб шудааст, ки бисёре аз тоҷикон, хоҳ дар қолаби ҷараёнҳои чап, исломӣ, миллӣ ё технократ, бештар ба бунёдҳои идеологии хеш вафодор бимонанд, то ба як барномаи ҷамъии мубтанӣ бар манофеи кулони тоҷикӣ.

Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти солҳои ахир, ба вижа суқути ҷумҳурият ва паёмадҳои сиёсии он, аз як сӯ заминаҳоеро барои ҳамгароии бештари тоҷикон фароҳам карда ва аз сӯи дигар, бистари зуҳури садоҳои вогаро ва шикофофаринро низ тақвият намудааст. Дар шароите, ки ба бовари нависанда, ҷараёнҳои мухолифи тоҷикон дар пайи маҳдудсозии нақши сиёсӣ ва иҷтимоии ин гурӯҳ будаанд, бархе рафторҳо ва хатоҳои дохилӣ низ ба заъиф шудани иродаи ҷамъӣ ва инсичоми таърихии онҳо анҷомидааст.

Яке аз муҳимтарин паёмадҳои ин вазъият, ғалабаи нигаришҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ бар нигоҳи кулони тоҷикона будааст. Дар ҳоле ки ҳувияти тоҷикӣ аз дидгоҳи ин навиштор, фаротар аз марзҳои маҳаллӣ таъриф мешавад, ҳанӯз ҳам бахше аз рақобатҳо ва довариҳои сиёсӣ дар қолаби тааллуқоти минтақавӣ сурат мегирад. Ин амр, ба ҷойи тақвияти ҳамбастагӣ, заминасози шикофҳои тоза шудааст.

Аз ҳамин рӯ, зарур аст тоҷикон аз Бадахшон, Панҷшер, Тахор ва Бағлон гирифта то Парвон, Кописо, Кобул, Ҳирот, Ғӯр ва дигар манотиқи тоҷикнишин, манофеи ҷамъиро бар рақобатҳои маҳаллӣ тарҷеҳ диҳанд. Ҳеҷ минтақае ба танҳоӣ наметавонад намояндаи тамоми тоҷикон бошад, зеро тамоми ин ҷуғрофиё дар маҷмӯъ мутааллиқ ба куллияти тоҷикон аст. Муваффақияти ҳар бахш бояд муваффақияти ҳамагон талаққӣ шавад ва пешрафти як минтақа набояд ҳамчун рақиби пешрафти манотиқи дигар дида шавад.

Чунин рӯйкард метавонад заминаи сӯистифода аз шойиаҳо, таблиғоти тафриқаафканона ва тарҳҳои ихтилофафканро коҳиш диҳад. Ҳангоме ки нигоҳи ҷамъӣ бар тааллуқоти маҳдуди маҳаллӣ ғалаба кунад, имкони эҷоди шикоф миёни тоҷикон низ коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин лозим аст, ки ба ҷойи тамаркуз бар нокомиҳо, шикастҳо ва ривоятҳои ихтилофбарангези таърихӣ, бар унсурҳои муштарак таъкид шавад. Ихтилоф дар тафсири рӯйдодҳои таърихӣ ва сиёсӣ амри табиӣ аст, аммо ин ихтилофҳо набояд ба омиле барои тахриби сармояҳои муштарак табдил гарданд. Забон, фарҳанг, ҳофизаи таърихӣ ва манофеи ҳаётии муштарак, зарфиятҳои муҳиме ҳастанд, ки метавонанд бунёди ҳамбастагии пойдорро шакл диҳанд.

Дар чунин фазо, интиқод бояд дар чаҳорчӯби эҳтироми мутақобил сурат гирад. Ихтилофи назар бахши табиии зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, аммо тавҳин, тахриб ва шахсисозии мунозиаҳо танҳо ба амиқтар шудани шикофҳо меанҷомад. Гуфтугӯ, табодули андеша ва пазируфтани такассури дидгоҳҳо абзорҳое ҳастанд, ки метавонанд заминаи иттиҳод ва ҳамкориро фароҳам созанд.

Аз манзари нигоришгар, ҷуғрофиё низ бояд ҳамчун як сармояи муштарак талаққӣ шавад. Ҳар минтақае, ки бахше аз ҷомеаи тоҷик дар он ҳузури таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба навъе мутааллиқ ба куллияти ин ҷомеа аст. Аз ин рӯ, нигоҳи рақобатӣ ва инҳисорталабона нисбат ба манотиқи гуногун, дар ниҳоят ба суди рақибони сиёсӣ анҷом хоҳад ёфт.

Дар шароите, ки тоҷикон бо чолишҳои гуногуни фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, такя бар ифтихороти муштарак ва сармояҳои таърихӣ метавонад заминаи инсичоми бештарро фароҳам созад. Бадахшон, Панҷшер ва соири манотиқи тоҷикнишинро метавон шохаҳои як дарахти воҳид донист; дарахте, ки истиҳкоми он ба ҳамбастагии аҷзояш вобаста аст. Ҳар андоза ин пайвандҳо тақвият шаванд, тавоноии муқовимат дар баробари фишорҳои берунӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Асли дуввуми мавриди баҳс, ҳифзи ҷуғрофиё аст. Дар ин дидгоҳ, ҷуғрофиёи таърихии тоҷикон мавзӯе ғайриқобили таҷзия ва ғайриқобили муомила талаққӣ мешавад. Аз ин манзар, тарҳҳое, ки ба ҳар шакл ба тақсим ё бозтаърифи ин ҷуғрофиё бианҷоманд, бо дидаи тардид нигариста мешаванд. Нависанда бар ин бовар аст, ки дар бархе назарияҳо ва тарҳҳои сиёсӣ, беш аз он ки бар ҳувияти тоҷикӣ таъкид шавад, ҷуғрофиёи тоҷикон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад ва ҳамин амр метавонад заминасози мунозиаҳои тоза гардад.

Бар ҳамин асос, истидлол мешавад, ки ҳувияти тамаддунӣ набояд ба абзоре барои заъифсозӣ ё вогузории ҷуғрофиёи таърихӣ табдил шавад. Ҳамчунин, шароити душвори кунунӣ набояд фурсатеро дар ихтиёри дигарон қарор диҳад, то ба номи ҳамкорӣ, ҳамгароӣ ё бозтаърифи сохторҳои сиёсӣ, иддаоҳоеро нисбат ба ин ҷуғрофиё матраҳ кунанд.

Дар натиҷа, бовари нигоришгар бар он аст, ки иттиҳоди фикрӣ бар меҳвари ҳувияти тоҷикӣ, ҳифзи ҷуғрофиёи таърихӣ ва парҳез аз содаангорӣ нисбат ба бархе тарҳҳои сиёсӣ, метавонад аз бурузи шикофҳои нав ҷилавгирӣ кунад ва монеъ гардад, ки ихтилофоти дохилӣ ба заъиф шудани инсичоми тоҷикон ва муомила бар сари манофеи таърихии онҳо мунҷар гардад.


Дин

Тероризм

03-июл-2026 By admin

“Қудрати нарм”-и Ғарб…

Исломи радикал дар миёни мақомҳои баландпояи давлатӣ ва ниҳодҳои қудра

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!