«Толибон» артиши идеологӣ, ҷангдида ва муҷаҳҳаз ба силоҳҳои пешрафтаи амрикоиро ташкил хоҳад дод ва аз ҳимояти пинҳон Амрико низ барои хидмат ба стратегияи Амрико дар минтақа истифода хоҳад кард
Манбаъ: ПАЙКНАТ
«Толибон»* қарор ост артиши исломӣ ташкил бидиҳад ва табиист, ки ин артиш муттакӣ ба исломи аҳли тасаннун хоҳад буд ва шиаёнро дар он роҳе нест. Бад-ин тартиб ду артиши исломии Афғонистон (суннӣ) ва як артиши Эрони шиа "посдорон" дар ду сӯи марзҳои муштараки ду кишвар қарор аст аз он исломе, ки бад-он эътиқод доранд, дифоъ кунанд ва худ бихонед ояндаро.
Аз ибтидои расидани «Толибон» ба Кобул ва дастёбии онҳо ба силоҳҳо ва ҳатто либосу патини сарбози артиши Амрико ва дигар муттаҳидони он кишвар дар НАТО дар “Пайкнат” навиштем, ки он чӣ рӯй дода, натиҷаи як тавофуқ миёни бахше аз «Толибон» аст, ки аз Покистон ба Қатар мунтақил шуда буданд бо Амрико.
Оқиди ин тавофуқ низ Зулмай Халилзод, намояндаи вежаи Кохи Сафед дар умури Афғонистон буд. Амрико таҷрибаи ҳузури генерал Ҳувизар дар Эрон дар авохири соли инқилоб дар Эрон баҳра гирифт ва албатта, иштибоҳоти он таҷрибаро низ ислоҳ кард.
Мутобиқи ин тарҳ, артиши Афғонистон қудратро таҳвили «Толибон» дод ва бахше аз он низ ҳамкори «Толибон» шуд. Ин толибон, ки бо толибони боқимонда дар Покистон зовия дорад, ба суръат бар подгонҳо ва таслиҳоти боқимонда аз Амрико дар Афғонистон тасаллут ёфт ва ҳатто омӯзишҳои аввалияро тавассути бархе мушовирони низомии Амрико, ки ба баҳонаи ҷо мондан аз ҳавопаймо ва парвоз дар Афғонистон монда буданд, омӯзиши лозимро ба суръат диданд.
«Толибон» артиши идологӣ, ҷангдида ва муҷаҳҳаз ба силоҳҳои пешрафтаи амрикоиро ташкил хоҳад дод ва аз ҳимояти пинҳон Амрико низ барои хидмат ба стратегияи Амрико дар минтақа истифода хоҳад кард.
Он чӣ, ки Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи вазорати дифоъ Афғонистон, дар бораи ташкили артиши исломии Афғонистон гуфта, идомаи ҳамин стратегия аст. Ӯ гуфтааст: "Иморати исломии Афғонистон, давлат ва низоме, ки амнияти мардумашро таъмин мекунад, ҳаққи ташкил як ҳукумат ва артиши муназзамро дорад. Артиши мо ба тамоми ҷанбаҳои модӣ, дар умум аз таҷҳизот низомӣ, таслиҳот ва ғайри он муҷаҳҳаз ва ба лиҳози маънавӣ ҳам истиқлол, тааҳҳуд, садоқат, имон ва дигар сифотро доро хоҳад буд. Намешавад дар ҳоли ҳозир замони такмили ин артишро дақиқ эълом кард, аммо ба зудӣ такмил мешавад”.
Пайнавишт аз “Сангар”: “Толибон” дар саросари Афғонистон пойгоҳҳое таъсис додаанд, ки ба омода кардани ин артиш, ки амалан дарсҳои интиҳориро низ меомӯзанд, иқдом кардааст. Мисоли барҷастаи он як маркази омӯзишӣ дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахон аст, ки дар бинои Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин вилоят фаъол аст ва аввалин хатмкардаҳояш як гуруҳи ба номи “Хулафои рошидин”-ро ташкил додаанд. Ин марказ аз сӯи Шабакаи Ҳаққонӣ*таъсис ёфтааст, ки як гуруҳи дастсохти Созмони истихборотии Покистон шинохта шудааст. Омӯзишҳоро дар ин марказ низ мураббиёни низомии Покистон анҷом медиҳанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал аст