Хабари рӯз

Дар абармустаъмараи Амрико чӣ мегузарад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Идомаи ҳимоят аз Украина ва ташдиди таҳримҳои зиддирусӣ дар ниҳоят Аврупоро бо паёмадҳои сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард. Ҳимоят аз ҳукумати Киев ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи Русия, ки то кунун боиси бурузи буҳрон дар минтақаи евро, рукуди иқтисодӣ, афзоиши қиматҳо ва ташдиди танишҳои иҷтимоӣ шудааст, дар оянда метавонад ба фурӯпошии Иттиҳодияи Аврупо ва уфули ҷойгоҳи сиёсии он мунҷар гардад.

Шояд аз ин хотир аст, ки бархе раҳбарону сиёсатмадорони матраҳ дар Аврупо даъват ба даст кашидан аз рӯёрӯӣ бо Русия ва музокира бо онро матраҳ мекунанд, бахусус баъд аз он ки Владимир Путин изҳор дошт, омодаи музокира бо Аврупо аст.

Қабл аз ҳама Фридрих Мертс, садри аъзами кунунии Олмон, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои музокира бо Русия ҷиҳати ҳалли низоъ дар Украина омода аст. Ӯ таъкид кард, ки Аврупо бояд дар ҳама гуна раванди эҳтимолии музокирот ҳамроҳ бо Иёлоти Муттаҳида ширкат варзад.

Олмон – муҳаррики Иттиҳҳоди Аврупо аст. Ин кишвар аз буҳрони Украина бештар зарар дид, ҳарчанд раҳбарони нокорааш бештар аз ҳама табли душманӣ бо Русияро мезананд.

Аммо ҳизби «Алтернатива барои Олмон» (AfD) ҷонибдори қатъи пурраи кумакҳои низомӣ ва молиявӣ ба Киев, лағви таҳримҳои зиддирусӣ ва инчунин мухолифи қатъии пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошад. Ин ҳизб додани мақоми бетараф ба Украина ва барқарор кардани равобит бо Русияро пешниҳод мекунад. Чаро? Чун хуб мефаҳмад, ки бидуни ашёи хоми Русия саноати Олмон суқут мекунад. Аммо инро дастнишондаҳои Блекрок, монанди садри аъзам Фридрих Мертс, намебинанд ё дидан намехоҳанд, чун манофеъи милли Олмон барои ӯ аҳамият надорад.  

Ҳизби «Иттиҳоди миллӣ» (Rassemblement National) – и Фаронса, кишвари дигари муқтадири Иттиҳоди Аврупо, ки оҳиста – оҳиста ба қудрат наздик мешавад, бахусус, раҳбараш Марин Лупен бар хилофи Эмманюэл Макрон, намояндаи хонадони Ротшилд, ва атрофиёнаш аз «таҳдиди вуҷудӣ» хондани Русия барои амнияти Фаронса худдорӣ мекунанд. Мавқеи Марин Лупен нисбат ба Русия омезише аз ҳамдилии таърихӣ бо Маскав ва амалгароие мебошад, ки шароити кунунӣ онро таҳмил кардааст.

Дар Аврупо ҷомиа барвақт дарк кардааст, ки душмансозӣ ва ҳаюлосозии Русия як пружаи зиддиаврупоии гуруҳҳои молиявӣ-сиёсии бузурги ҷаҳон, назири Блекрок ва хонадони Ротшилд аст. Маҳз онҳо мехоҳанд, ки ҷавонони урупоиро бори дигар, он гуна ки дар ҷангҳои бузурги аввалу дуюми ҷаҳонӣ иттифоқ афтода буд, аз дами теғи русҳо гузаронанд.

Таҳдиди пинҳони дигаре, ки дар Аврупо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, эҳтимоли густариши қочоқи силоҳ аз Украина ба кишварҳои ғарбӣ мебошад. Ларс Гердес, намояндаи Агентии марзбонии Иттиҳодияи Аврупо (Frontex), дар 12 майи соли 2026 изҳор дошт:

“Ба бовари ман, ин хатар ба вижа пас аз барқарории оташбас ё сулҳ бисёр ҷиддӣ хоҳад буд. Дар он замон миқдори азими силоҳ, муҳиммот ва маводи мунфаҷира дар Украина боқӣ хоҳад монд ва ҳамзамон афроди зиёде низ дар ҷустуҷӯи даромади осон хоҳанд буд. Ин вазъият метавонад ба қочоқи густурдаи силоҳ дар миқёси бисёр бузург мунҷар шавад ва таҳдиди ҷиддие барои амнияти Аврупо эҷод кунад.”

Ларс Гердес ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳатто пешрафтатарин таслиҳот низ мумкин аст ба дасти қочоқчиён бирасад. Ба гуфтаи ӯ, хатарноктарин сенария интиқоли чунин силоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои созмонёфтаи ҷинояткор мебошад.

Марек Борони, фармондеҳи кулли пулиси Лаҳистон, низ дар феврали соли 2026 эълом кард, ки Варшава ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии худро барои эҳтимоли афзоиши ҷурму ҷиноят пас аз поёни даргирӣ дар Украина омода мекунад.

Ба гуфтаи вай, интизор меравад ҳаҷми гардиши ғайриқонунии силоҳ афзоиш ёбад ва ҳамчунин шуморе аз низомиёни пешини украинӣ, ки бо мушкилоти равонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, вориди хоки Лаҳистон шаванд.

Дар як калом, муқобила бо Русия барои Аврупо “армуғонҳо”-и мутанаввеъе – аз иқтисодӣ то амниятиро дар пай дорад, ки рӯзе ин қораи шукуфонро фано хоҳад кард. Фақат чизе, ки қобили фаҳм нест, ин аст, ки чаро Иттиҳоди Аврупо, ё дурусттараш, раҳбарони дастнишондаи амрикоии онҳо огоҳона онҳоро эҷод мекунанд. На фақат аврупоиҳо, балки ҳеҷ кас дар ҷаҳон инро намефаҳмад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!