Шӯравӣ танҳо бо «Олмони фашистӣ» наҷангид, балки бо «Аврупои фашистӣ» ҷангид.
Нависанда: Олег Нилов, сиёсатмадори рус, намояндаи Думаи давлатии Федератсияи Русия (аз соли 2011)
Воқеиятҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар соли 1941 танҳо Олмон ба Шӯравӣ ҳамла накард.
Тамоми Аврупо ҳамла кард, ба ҷуз инглисҳо, сербҳо, юнониҳо ва бархе швейсариҳо. Ба сӯи Шӯравӣ лашкарҳои испониёӣ ва легионҳои фаронсавӣ, артиши Италия, Руминия, Маҷористон, Финландия, воҳидҳое аз Чехословакия, Хорватия ва дигарон ба ҳаракат омада буданд.
Барои намуна, қалъаи Брестро утришиҳо муҳосира карданд ва Севастополро руминҳо ва итолиёиҳо. Ҳатто Албания низ лашкари СС “Искандарбек”-ро барои ҷанг ба Шӯравӣ фиристод.
Руминҳо, маҷорҳо, хорватҳо ва словакҳо дар пайи он буданд, ки тиккае аз Шӯравиро барои худ ихтисос диҳанд.
Тамоми иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупои имрӯза барои таъмин кардани силоҳ, маводи ғизоӣ ва ҳамаи ниёзҳои Вермахт ва лашкарҳои муттаҳиди он аз саросари Аврупо кор мекард.
Барои мисол, ҳар чаҳорумин тонк, тӯп ва гулӯлае, ки ба артишҳои фошистӣ таҳвил дода мешуд, тавассути чехҳо сохта шуда буд. Ва ҳамаи ин муттаҳидони Олмон, камтар аз олмониҳо даст ба ваҳшигарӣ намезаданд.
Сарбозони Шӯравӣ, маҷорҳои муҷозотгарро асир намекарданд. Дар наздикии Ленинград, артишҳои Финландия муҳосираро таъмин мекарданд ва дар наздикии Ржев, лашкари СС-и ҳолландии «Норд-Ланд» даст ба ҷиноят мезад. Итолиёиҳо, испониёиҳо, шаст ҳазор довталаби фаронсавӣ аз лашкари СС “Шарлеман” ва воҳидҳои нигаҳбонӣ ва муҷозотгар, швейтсариҳо, фламандҳо, валлонҳо...
Дания ва Испания ҳатто бидуни эъломи расмии ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ, сарбозони худро эъзом карда буданд!
Ба баёни дигар, дар замони ҳамла, дар ҳоле ки ба таври мудовим “талафот” ҷуброн мешуд, дар артиши Ҳитлер беш аз як миллион сарбоз аз кишварҳои муттаҳиди Олмони фошистӣ ҳузур доштанд, ки имрӯз узви НАТО ҳастанд! Ин бидуни дар назар гирифтани “казакҳои нуфузӣ” ё хивиҳо (ихтиёриён аз ҳисоби мардуми бумӣ) аст.
Як воқеияти таърихӣ боқӣ мемонад — то соли 1943, бартарии ададии нерӯи инсонӣ дар ҷабҳаи Шӯравӣ-Олмон ҳамвора дар ҷониби давлатҳои блоки аврупоӣ-фошистӣ буд!
Ҳамроҳ бо онон, лашкарҳои СС-и Литва, Латвия ва Эстония, ки ба таври комил аз хоинон ташкил шуда буданд, лашкари СС “Галитсия”, легионҳои гурҷӣ, Туркистон ва дигарон низ алайҳи Шӯравӣ меҷангиданд; дар маҷмӯъ беш аз 400 ҳазор ҳамкор ва ҳамдаст, ки аз миёни онон ҳивиҳои укроинӣ 250 ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Онон асири ҷангӣ маҳсуб намешуданд ва пас аз дастгирӣ ба додгоҳи низомӣ супурда мешуданд.
Таркиби миллии асирони ҷангӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи солҳои 1941 то 1945 чунин буд: олмониҳо — 2,389,560 нафар, ҷопониҳо — 639,635, маҷорҳо — 513,767, руминҳо — 187,370, утришиҳо — 156,682, чехҳо ва словакҳо — 129,977, лаҳистониҳо — 60,260, итолиёиҳо — 48,957, фаронсавиҳо — 23,136, ҳолландиҳо — 14,729, финландиҳо — 2,377, белгияиҳо — 2,010, луксембургиҳо — 1,652, данияиҳо — 457, испониёиҳо — 452, норвежиҳо — 101, суэдиҳо — 72 нафар.
То поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум, то якуним миллион аврупоӣ (ба истиснои олмониҳо) дар асорати русҳо буданд. Аксарияти мутлақи асирон пас аз панҷ то ҳафт сол зудтар аз муҳлат ба меҳани худ бозгардонида шуданд, зеро лозим буд иқтисоди кишварҳои Паймони Варшава, ки ба кишварҳои бародар табдил шуда буданд, бозсозӣ шавад.
Ва ҳеҷ кишваре (ба ҷуз олмониҳо ва финландиҳо) ба ҳеҷ ваҷҳ посухгӯи миллионҳо кушта, шаҳрҳо ва рустоҳои вайроншуда, корхонаҳо ва коргоҳҳои нобудшуда нашуд ва ҳатто як танга ғаромат ба Иттиҳоди Шӯравӣ напардохт.
Баръакс, даҳсолаҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ кумак ва ҳимоят дарёфт карданд ё ҳатто, монанди Фаронса, ногаҳон ба муттаҳидони мо ва кишварҳои пирӯз бар фашизм табдил шуданд.
Ва ин меҳрубонии мардуми пирӯз, нахуст ба зиёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва акнун низ ба зиёни Русия тамом шуд.
Аз қадрдонӣ барои озодсозии Аврупо ва ҷаҳон аз фашизм, дигар ҳеҷ асаре боқӣ намондааст ва ворисони қотилони миллионҳо тан аз ҳаммеҳанони мо, бори дигар ба русҳаросӣ, нафрат аз ҳар ончи русӣ аст ва эъломи ҷанги иқтисодӣ барои нобудӣ бозгаштаанд.
Ба ҳамин далел аст, ки мо 9 майро ба унвони рӯзи пирӯзӣ ҷашн мегирем, аммо онон 8 майро рӯзи оштӣ ва сӯгворӣ медонанд.
Ҷашнҳо ва далелҳои мо бо онон мутафовит аст.