Афғонистон устухонест, ки дар гулӯи Покистон фурӯ рафтааст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Ба тозагӣ раиси ситоди артиши Покистон гуфтааст, ки зиндагии як покистонӣ аз тамоми Афғонистон муҳимтар аст. Ин суханони вай мавҷе аз вокунишҳоро дар сафаҳоти маҷозӣ, сиёсатмадорон, мабоҳиси расонаӣ барангехтааст. Дар имтидоди ҳамин хабар қасди ман бар ин аст то чанд нуктаро ба унвони чароии эроди суханони бепешина аз ҷониби раиси ситоди артиши Покистон ба унвони таҳлил бинависам:
- Паёми генерал Осим Мунир эҳтимолан вокунишест ба иттиҳоди эҳтимолии миёни Ҳинду Толибон ва имкони як ҷӯромади роҳбурдӣ миёни онҳо. Ин иттиҳод мумкин аст ба миёнҷигарии амрикоиҳо сурат гирад;
- Дохил шудани Покистон дар доираи бозиҳои минтақаӣ ва изҳори аввалин куниши гуфторӣ аз ҷониби артиши Покистон;
- Паёми генерал Осим Мунир дарвоқеъ талоше буд барои баланд бурдани престижи аз даст рафтаи артиши Покистон баъд аз мавҷе аз ҳамалоти хунин дар ин кишвар;
- Ҳадафи умдаи ин суханони вай талошест барои ҷомеаи сиёсии мунқатеъ ва дорои гусасте, ки амиқан дучори буҳрони парогандагии сиёсӣ шудааст;
- Ворид сохтани фишори равонӣ болои Толибон, ки андак-андак аз барномаҳои манофеъи Покистон, фаротар рафтаанд. Дар ин росто метавон аз асабонияти Покистон аз Толибон мабнӣ бар шаклгирии як ҷараёни ҷудо аз барномаҳои ин кишвар дар Афғонистон ҳарф зад;
- Ин ҳарфҳои вай дарвоқеъ масрафи дохилӣ дорад ва бештар маътуф ба интихоботи пеши рӯ дар ин кишвар аст;
- Аз ҷиҳате, ин суханон шояд талоше бошад аз тарафи артиши ин кишвар мабнӣ бар бароатзудоӣ аз иттиҳомоти ворида бар ин кишвар, ки натавониста кори амалиеро дар ин росто анҷом диҳад;
- Итмоми ҳуҷҷат ба душманони Покистон, монанди паштунҳо, балучҳо ва ТТП, ки фалсафаи вуҷуди он бештар мубтанӣ аст бар контроли саркашиҳои АйЭсАй дар мавоқеъи зарурӣ;
- Нишон додани ҳусни нияти Покистон дар бӯъди хориҷӣ барои эътилофи минтақаие, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст ва собит сохтани садоқати артиш ин кишвар дар амри мубориза бо душманони он. Ин кор дар ду ҷиҳат ба манофеъи Покистон, бармехӯрад.
Аммо ба ёд дошта бошем, ки Афғонистон устухонест, ки дар гулӯи Покистон фурӯ рафта ва барои Покистон бисёр душвор хоҳад буд то битавонад ин устухонро ба танҳоӣ бибалъад ва ё ин ки онро ҳазм кунад. Дар зимн, покистониҳо барои убур аз вазъияти феълии нобасомон, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ, талош доранд дар буҳбуҳаи гузори геополитикӣ, манофеъи худро ҳифз кунанд ва аз газанди осебҳои эҳтимолии он, дар амон бимонанд.