Хабари рӯз

Чаро Маскав ҳам ба Толибон эътимод дорад ва ҳам аз онҳо ҳарос дорад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Русҳо аз замони ҷумҳурияти Афғонистон равобити амиқи истихборотӣ бо Толибон доштанд. Онон ба ин гурӯҳ пул медоданд, дар заминаи таслиҳот кӯмак мекарданд ва дар бисёре аз маворид, машвараҳои истихборотӣ дар ихтиёри Толибон қарор медоданд. Аз соли 2017, Русия «формати Маскав»-ро эҷод кард, то ин равобитро дар чорчӯби сиёсӣ ва дар қолаби як раванди дипломатик танзим кунад ва барои таомул бо Толибон, бистаре расмитар ва минтақаитар фароҳам созад.

Акнун Русия бо пайгирии як роҳбурди муназзам ва чандбуъдӣ дар арсаҳои сиёсӣ ва дипломатик, амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ, талош мекунад аз як сӯ таҳдидҳои минтақавиро бо истифода аз роҳкорҳои нарм, монанди тарҳҳои иқтисодӣ, таомули тактикӣ ва бозиҳои истихборотӣ, хунсо кунад ва аз сӯи дигар, эҳтимоли бозгашти дубораи Амрикоро ба минтақа ба ҳадди ақал бирасонад.

Дар ин миён, Афғонистони таҳти контроли Толибон ба унвони як ҳуфраи амниятии билқувва, дар муҳосибаҳои Маскав аҳамияти вижае дорад. Ба баёни дигар, Русия дар пайи он аст, ки аз тариқи маҳдудсозии заминаҳои нуфузи Ғарб, раванди амрикозудоӣ аз минтақаро пеш бибарад ва эҳтимоли бозгашти ҳузур ва нуфузи роҳбурдии Амрикоро то ҳадди мумкин коҳиш диҳад.

Дар канори ин масъала, таҳаввули муҳими дигаре низ дар рӯйкарди Русия ба Афғонистон ва манотиқи ҳамҷавори он шакл гирифтааст. Русия дар соли 2023, дар чорчӯби сиёсати хориҷии худ, таваҷҷуҳи вижае ба масъалаи Авруосиё нишон дод. Авруосиёгароӣ, ки решаҳои он ба даҳаи 1920 бармегардад, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, суратбандии навини геополитикӣ пайдо кард ва ба тадриҷ ҷойгоҳи муҳимтаре дар тафаккури роҳбурдии Русия ба даст овард. Ин ҳавза Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ, Эрон ва бахшҳое аз Осиёро дар бар мегирад ва Афғонистон низ ба унвони ҳошияи муҳим ва аз назари амниятӣ ҳассос, дар муҳосибаҳои марбут ба ин фазои геополитикӣ матраҳ аст. Аҳдофи аслии ин ҷиҳатгирӣ, тақвияти нуфузи Русия дар фазои Авруосиё, эҷоди назми чандқутбӣ ва маҳдуд кардани бартарии геополитикии Амрико ва муттаҳидони он аст.

Дар сатҳи густардатар, ин рӯйкардро метавон бахше аз талоши Русия барои муқобила бо он чӣ гегемонияталабии геополитикии Амрико ва ҳамгароии роҳбурдии Аврупо бо Вашингтон медонад, арзёбӣ кард. Аз нигоҳи Маскав, густариши нуфузи Ғарб дар фазои Авруосиё ва тадовуми ҳамсӯии фароатлантикӣ миёни Амрико ва Аврупо, бавижа дар чорчӯби НАТО, метавонад мувозинаи қудратро ба зиёни Русия тағйир диҳад. Ба ҳамин далел, Кремл мекӯшад бо тақвияти пайвандҳои минтақавӣ, эҷоди созукорҳои мустақилли амниятӣ ва иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои пиромунӣ, аз тасбити бартарии роҳбурдии Ғарб дар ин ҷуғрофиёи ҳассос ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳамин чорчӯб, дар 31 марти 2023, Владимир Путин “Консепсияи сиёсати хориҷии Федератсияи Русия”-ро тасвиб кард. Дар ин санад, Русия худро як қудрати бузурги авруосиёӣ ва аврупоӣ-уқёнусиоромӣ, ё “Европасифик”, муаррифӣ мекунад ва бар тақвияти ҳамкориҳои авруосиёӣ, Созмони Ҳамкории Шонгҳой, Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва шаклгирии назми чандқутбӣ таъкид дорад. Ин санад нишон медиҳад, ки нигоҳи Русия ба фазои пиромунии худ, сирфан ба равобити дуҷониба бо кишварҳои ҳамсоя маҳдуд нест, балки бахше аз як тарҳи густардатар барои бозтаърифи ҷойгоҳи Русия дар низоми байналмилал ва муқобила бо бартарии геополитикии Ғарб ба шумор меравад.

Аз сӯи дигар, ҷанги Украина ва машғулияти густардаи Русия дар ин ҷабҳа, нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи эҳтимоли гушуда шудани як ҷабҳаи амниятӣ дар ҷанубро афзоиш додааст; ҷабҳае, ки Афғонистон метавонад дар он ба яке аз нуқоти ҳассос табдил шавад. Нигаронии аслии Маскав ин аст, ки хоки Афғонистон ба сакуи партоби терроризми фаромиллӣ табдил шавад ва нахустин паёмадҳои чунин вазъияте, ҳаёти халвати амниятии Русия, яъне Осиёи Марказиро, ҳадаф қарор диҳад. Аз ин манзар, таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон сирфан як масъалаи дохилӣ ё марбут ба кишварҳои ҳамсоя нест, балки метавонад ба чолиши густардатаре барои амнияти минтақавии Русия ва манофеъи роҳбурдии он дар Авруосиё табдил шавад.

Дар шароити кунунӣ, буҳрони ношӣ аз таниш миёни Толибон ва Покистон, дахолат ва афзоиши таваҷҷуҳи Ҳинд ва Исроил ва алоқамандии кишварҳои арабӣ ва Туркия ба Афғонистон, Русияро беш аз гузашта ба ҳузур дар майдони Афғонистон алоқаманд сохтааст. Маскав мекӯшад аз тариқи таомули дипломатик, иртибототи амниятӣ ва ибтикорҳои минтақавӣ, бо чолишҳои тоза муқобила кунад ва аз густариши доманаи буҳрон ҷилавгирӣ ба амал оварад. Рафтуомади мақомоти русӣ ба Кобул дар сутуҳи истихборотӣ ва дипломатик, аз як сӯ нишондиҳандаи талоши Маскав барои ҷуброни нокомиҳои равандҳои пешин, аз ҷумла нишасти Маскав ва пайгирии масирҳои тозаи дипломатик аст ва аз сӯи дигар, бо илзомоти роҳбурди авруосиёии Русия иртибот пайдо мекунад; роҳбурде, ки эҷоб мекунад Маскав нисбат ба таҳаввулоти Афғонистон бетафовут намонад.

Русия ба хубӣ медонад, ки Толибон дар Афғонистон чӣ сиёсатҳоеро дунбол мекунад ва чӣ гуна ин кишвар дар маърази табдил шудан ба як ҳуфраи амниятӣ қарор гирифтааст; ҳуфрае, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ, метавонад буҳрони амиқтареро ба минтақа таҳмил кунад. Масъала замоне печидатар мешавад, ки бозигарони мухталиф, бо аҳдоф ва ангезаҳои мутафовит, ба дунболи эҷоди нуфуз дар Афғонистон бошанд ва Толибон низ барои таъмини ниёзҳои молӣ, сиёсӣ ва амниятии худ, бо тарафҳои гуногун вориди ҳамкорӣ шавад. Дар чунин шароите, ҳар бозигаре, ки барои ҷалби ҳамкории Толибон манобеъи молӣ ё мушаввиқҳои дигаре ироа кунад, мумкин аст ба шарики билқувваи ин гурӯҳ табдил шавад ва дар айни ҳол, заминаи шаклгирии чолишҳои амниятии тозаро фароҳам созад. Ба ҳамин далел, Русия бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта, талош мекунад аз тариқи бистарҳои нарми дипломатик ва ироаи мушаввиқҳои маҳдуди иқтисодӣ ва молӣ, буҳронро мудирият кунад ва фазои лозимро барои контроли танишҳои минтақавӣ ба вуҷуд оварад.

Дидгоҳи дугона ва гоҳ мутаноқизи Русия дар қиболи Афғонистони таҳти контроли Толибон низ бахши муҳиме аз ин муодила аст. Маскав аз як сӯ Толибонро ба унвони воқеияте инкорнопазир дар саҳнаи Афғонистон мепазирад ва ба таомул бо ин гурӯҳ идома медиҳад; аммо аз сӯи дигар, аз паёмадҳои амниятии ҳузури гурӯҳҳои террористии фаромиллӣ дар ин кишвар ва эҳтимоли сирояти таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ нигаронӣ дорад. Ин рӯйкарди дугона нишон медиҳад, ки Русия аз роҳбурди ибҳом дар қиболи Афғонистон, ҳам барои баҳрабардории сиёсӣ ва амниятӣ истифода мекунад ва ҳам мекӯшад кишварҳои Осиёи Марказиро дар мадори ҳамкориҳои амниятии худ нигаҳ дорад.

Афзун бар ин, Маскав талош мекунад бо мудирияти ҳамин вазъият, барои марҳалаи тозаи рақобат бо Ғарб низ омодагии лозимро ба даст оварад; марҳалае, ки мумкин аст пас аз поёни ҷанги Украина ва тағйири ороиши қудратҳо, абъоди густардатаре пайдо кунад. Дар чунин чашмандозе, Афғонистон фақат як масъалаи амниятӣ барои Русия нест, балки бахше аз майдони рақобати геополитикӣ миёни Маскав ва Ғарб ба шумор меравад. Эҷоди нигаронӣ дар бораи таҳдидҳои амниятии Афғонистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар канори таъкид бар зарурати ҳамкорӣ бо Русия, метавонад яке аз тактикҳои Маскав барои ҳифз ва тақвияти ҳузури худ дар минтақа бошад. Бо ин ҳол, мизони таъсиргузории ин рӯйкард ба тавоноии Русия дар маҳори таҳдидҳо ва эҷоди тавозун миёни манофеъи амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикии он бастагӣ дорад.

Дар ниҳоят, роҳбурди Русия дар қиболи Афғонистонро наметавон сирфан ба ҳамкорӣ бо Толибон ё нигаронӣ аз терроризм маҳдуд кард. Ин роҳбурд, маҷмӯае аз муҳосибаҳои амниятӣ, дипломатик, иқтисодӣ ва геополитикиро дар бар мегирад, ки ҳадафи он, ҳифзи нуфузи Русия дар Авруосиё, маҳдудсозии ҳузур ва нуфузи Ғарб ва ҷилавгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба саккуе барои таҳдиди амнияти минтақа аст. Бо вуҷуди ин, таомул бо Толибон ба танҳоӣ тазмине барои маҳори таҳдидҳои амниятӣ нест ва ҳатто метавонад дар сурати набуди созукорҳои муассири назоратӣ, печидагиҳои тозае эҷод кунад. Аз ҳамин рӯ, пурсиши аслӣ ин аст, ки оё Русия метавонад миёни мудирияти буҳрони Афғонистон ва баҳрабардории геополитикӣ аз он тавозун барқарор кунад, ё ин ки идомаи сиёсати ибҳом, дар ниҳоят заминаи тадовуми рақобатҳои геополитикӣ ва афзоиши ноитминонии амниятиро дар ин кишвар ва минтақа фароҳам хоҳад сохт?


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!