Хабари рӯз

Авзоъи минтақа ба тарафи ноамнии хатарноке дар ҳаракат аст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Оё шох ба шох шудани Покистону Эрон наздик аст?

Бо тақобули Эрону Покистон вазъияти Афғонистон ба куҷо меравад, ба тарафи субот ва ё ноамнӣ?

Ҳамлаи Эрон ба хоки Покистон аксуламали ҷиддии Исломободро дар пай дошт.

Чунончи Исломобод сафири худро аз Теҳрон ба Покистон фаро хонд ва сар аз имрӯз Покистон эълон кард, ки тамоми муровидоти дуҷонибаи Покистон бо Эрон ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Аз сӯи дигар, қарор буд, ки сафири муваззафи Эрон ҷиҳати ишғоли вазифа ба Покистон баргардад, аммо мақомоти покистонӣ ба сафири Эрон иҷозаи баргашт ба Исломободро надоданд.

Ҳамчунон вазорати хориҷаи Покистон бо лаҳни тунд гуфтааст, нақзи бедалелу ошкори ҳокимияти Покистон тавассути Эрон, нақзи қавонини байналмилалӣ ва аҳдофу усули маншури Созмони Милал аст.

Ин иқдоми ғайриқонунӣ комилан ғайриқобили қабул аст ва ҳеҷ тавҷеҳе надорад. Покистон ин ҳаққро барои худ маҳфуз медорад, ки ба ин иқдоми ғайриқонунӣ посух диҳад.

Оё ин посух ҳамла бар Эрон хоҳад буд ва ё дар ҳадди як эъломия боқӣ хоҳад монд?

Дар зимн Покистон гуфтааст, ки масъулияти авоқиби он комилан мутаваҷҷеҳи Эрон хоҳад буд.

Қобили зикр аст нишасти кумитаи муштараки тиҷорати марзии байни Покистону Эрон - , ки қарор буд имрӯз дар Чоҳбаҳор баргузор шавад - пас аз фарохони ҳайати эъзомии Покистон аз Чоҳбаҳори Эрон ба далели нақзи ҳарими ҳавоии Покистон тавассути Эрон ба ҳолати таълиқ даромад.

Сар аз имрӯз аз назари дипломатия ҳеҷ навъи равобите миёни Эрону Покистон вуҷуд надорад.

Рӯёрӯии Эрону Покистон замоне сурат мегирад, ки аз тарафи Покистон бандари Турхам, Спинбулдак, дигар банодир ва маҷмӯъи дарвозаҳои содиротиву воридотӣ ба рӯи мардуми Афғонистон баста шуда ва мардум бо фақру тангдастӣ ва нотавонӣ дасту панҷа нарм мекунанд.

Ман тавре ки қаблан дар сӯҳбатҳои худ гуфта будам, ки бо мавҷудияти Толибон ва ташаннуҷоти минтақа на танҳо кишварҳои Осиёи Миёна, балки Эрон, Покистон, Афғонистон ва минтақа ба тарафи ноамнӣ хоҳад рафт.

Бовар дорам он чи, ки пешбинӣ карда будам, дақиқ аст: баъд аз ин мо бояд аз минтақа умедвории амну оромишро надошта бошем.

Аммо рӯёрӯии Эрону Покистон Толибонро ба куҷо мекашонад, оё Толибон аз Эрон дифоъ хоҳад кард ё аз Покистон ва ҳам аз ҳеҷ кадом?

Вале имкон нахоҳад дошт, ки Толибон дар миёни ду дӯст якеро интихоб накунад, яъне маҷбур аст якеро интихоб кунад.

Баъд аз ин ҳама сиёсиюн бояд авзоъи минтақаро бодиққат думбол кунанд, чун авзоъ ба тарафи ноамнии хатарноке дар ҳаракат аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!