Мавқеъи Толибон дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тасбит нашудааст, ҳама Покистонро мешиносанд.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Ин тарафу он тараф мехонем, ки вазъи Покистон бисёр хароб аст ва миёни ду санги орд банд монда, ки чӣ кунад. Ин навиштаҳо ё аз тарафи ҳавохоҳони Толибон аст, ки барои толиби нодон лоби мекунанд ё аз тараф ононест, ки зери таъсири таблиғоти маҷозӣ ҳастанд ва ё аз тарафи касонест, ки Покистонро намешиносанд.
Покистон монанди Исроил тавассути Инглис сохта шуд барои ин ки миёни мусулмонон як нифоқ бошад. Каме аз эҷоди Покистон нагузашт, ки Покистон дар паймонҳои ғарбӣ шомил шуд. Баъдтар яке аз хатарноктарин созмонҳои ҷосусӣ ба номи ои ISI дар дохили ҳукумати Покистони тавассути Инглис сохта шуд. ISI як давлат аст дар дохили як давлат. Имрӯз Покистон яке аз бузургтарин қувваҳои низомӣ аст, ба шумули бомбаи атомӣ.
Масъалаи Дюранд:
Барои Покистон масъалаи Дюранд мутлақ ҳал аст ва онҳо ба ҳамин ақида ҳастанд, ки сарҳади Дюранд фарзӣ несту сарҳади аслӣ миёни Покистон ва Афғонистон аст ва дар ин маврид қатъан музокира намекунанд. Махсусан баъд аз пос шудани “Unit One” дар соли 1955.
Дар он замон чун сардор Довуд вазъро бисёр хароб карду байрақи Покистонро афғонҳо ба таҳрики Довудхон поин карданд, Покистон на танҳо байрақро дубора барафрошт ва аз Афғонистон хост, то маъзарат бихоҳаду Афғонистон маъзарат хост. Ва баъдан илҳоқи Хайбар Пахтунхоҳу манотиқи сарҳадӣ ба Покистон тааллуқ гирифт, ки дигар касе иддао карда наметавонад.
Дар ҷараёни даргириҳо байни Покистону ҳаракати Толибон (ман ҳукумати Афғонистон навишта намекунам, зеро ҳукумат дар кишвари мо машрӯъияти милливу байналмилалӣ надорад) далеле, ки музокирот ба нокомӣ анҷомид ба хотире, ки толибони мутаҳаҷҷир ва аз давраи асри ҳаҷар мехоҳанд ТТП-ро, ки монанди худашон ваҳшӣ ҳастанд, таҳрик кунанд, то манотиқи сарҳадиро ба номи Паштунистон ба вуҷуд биоваранд. Агар дар ҷаҳон ҳар қавм бихоҳад кишвари худро дошта бошад, дар Милали Муттаҳид бояд ақаллан панҷ ҳазор курсии ҷадид боз шавад.
Покистон бо Тоҷикистони мувофиқаи низомӣ дорад. Бо Чин равобити низомӣ дораду ахиран вазири дифои Покистон бо вазири хориҷаи Русия дидор кард ва мавзӯъи музокироти ҳукумати фарогирро дар Афғонистони барандохт. Покистон ҳаргиз намехоҳад таҷзия шавад, зеро таҷзияи Покистон ба таҷзияи Эрон ҳам мунҷар мешавад ва инро Эрон иҷоза намедиҳад.
Дар айни замон, Эрону Покистон ҳарду аз нияти Исроил хуб медонанд, ки ба хотири бомбаи атомӣ ва энержии ҳастаӣ мехоҳад Покистонро сарнагун кунад ва ин як хобу хаёл аст, махсусан, ки саудиҳо бо Покистон як паймони низомӣ доранд ва иттиҳоди Эрон, Туркия ва Саудӣ дар муносиботи байналмилалии Покистон бидуни таъсир нест.
То ҳол чанд бор Покистон ҳушдор додааст ва аммо иқдоме накарда, зеро медонад, ки ин ҷанги минтақавӣ мешавад ва аммо агар маҷбур шавад, иқдом хоҳад кард, зеро Покистони худкушӣ намекунад.