Хабари рӯз

Мирвайси Поранда, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар набард бо Толибон ба шаҳодат расид.

КОБУЛ, Фарзам Козимӣ — “Сангар”. Манобеъ иттилооти мутафовите дар бораи маҳалли даргирӣ ва кушта шудани фармондеҳи муқовимат ироа мекунанд.

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон ба нақл аз намояндагони Толибон, Мирвайс, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар набард бо Толибон дар дараи Андароб кушта шудааст.

Манобеъи “Сангар” мегӯянд, ки фармондеҳ Мирвайс бомдоди 18 октябри 2026 дар ҷараёни даргирӣ бо Толибон, дар натиҷаи камине, ки Толибон дар вулусволии Парёни вилояти Панҷшер тартиб дода буданд, ба шаҳодат расидааст.

“Ин як минтақаи аҷибу ғариб дар баландкӯҳҳои Ҳиндукуш аст, ки маълум нест ба кадом вулусволӣ ё вилоят марбут мешавад”, — гуфт манбаъи “Сангар”.

Дараи Андароби вилояти Бағлон бо дараи Поранда ва вулусволии Парёни вилояти Панҷшер ҳаммарз аст.

Манбаъи “Сангар” дар шарҳи ин рӯйдод мегӯяд, ки ду нафар, ки бо Мирвайс дар тамос буданд ва аз ҷумлаи нуфузиҳои душман ба шумор мерафтанд, бо ӯ тамос мегиранд ва мегӯянд, ки мехоҳанд ба ӯ бипайванданд.

“Вай ба онҳо эътимод карда, маҳалли ҳузури худро мушаххас мекунад ва Толибон нерӯҳои зиёдеро барои боздошти ӯ эъзом мекунанд. Ҳангоме ки муқовиматгарон аз асли моҷаро огоҳ шуданд, шуморе аз онҳо худро аз минтақа берун кашиданд, аммо Мирвайс ва ҳамроҳонаш дар камин афтоданд”, — гуфт манбаъи «Сангар».

Ҳамчунин бино бар иттилооти манобеъ, фармондеҳ Мирвайс хоҳарзодаи Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи умумии ситоди низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, будааст. Зоҳиран Толибон амалиёти ҳадафмандеро барои аз миён бардоштани яке аз бастагони фармондеҳи ҷадиди низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон созмондеҳӣ карда буданд.

Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз кушта шудани фармондеҳ Ҳасиб Панҷшерӣ дар набард бо Толибон, аз бозгашти худ ба Афғонистон барои идомаи мубориза бо режими Толибон хабар дод. Вай чандин навори видеоӣ аз як минтақаи кӯҳистонӣ мунташир кард ва таъкид намуд, ки дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ҳузур дорад.

Фармондеҳ Мирвайс, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, низ пештар видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карда буд, ки дар он аз ҳузури худ дар кӯҳҳои Ҳиндукуш барои муқобила бо Толибон хабар медод.

Дар ин авохир, ҷабҳаҳои мухталифи зиддитолибонӣ фаъолиятҳои худро дар бисёре аз вилоятҳои Афғонистон ташдид кардаанд. Аз ҷумла, гузоришҳои зиёде аз набардҳои нерӯҳои Ҷабҳаи Озодӣ бо Толибон мунташир шудаанд.

Бар асоси наворҳои видеоии сершуморе, ки Ҷабҳаи Озодӣ ба раҳбарии генерал Ёсин Зиё, раиси пешини Ситоди кулли артиши Афғонистон, мунташир кардааст, ҳузури нерӯҳои ин ҷабҳа дар вилоятҳои Нуристон ва Бадахшон таъйид мешавад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон то кунун дар мавриди шаҳодати фармондеҳи худ эъломияе мунташир накардааст.

Раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро Аҳмад Масъуд бар уҳда дорад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!