Хабари рӯз

“Чизеро, ки ба худ намеписандӣ, бар дигарон ҳам раво мадор!

Нависанда: Соҳибназар Муродӣ, пажӯҳишгари адабиёту таърих (Афғонистон), махсус барои “Сангар”

Тағйири номи ҳувиятии кишвар аз «Хуросон» ба «Афғонистон» бо тавофуқи ду абарқудрати истеъмории ҷаҳон, яъне Англис ва Русияи Шоҳӣ, бо мувофиқати амири буздил Абдурраҳмонхон сурат гирифт, ки имрӯз ҳамаи ақвоми кишвар ин ҳувиятро таҳмилӣ ва ҳамчунон ҷафои бузург дар ҳаққи худ медонанд ва яксара хоҳони бозгашт ба ҳамон ҳувияти асил ва таърихии Хуросон ҳастанд.

Қазияи дигар, ки беш аз ним қарн пуштунистонхоҳӣ тавассути Довудхон ва дарбориёнаш буд, бо илғои хатти сарҳадии Дюранд бидуни рӯйкард ба хостаҳои мардум, кишварро ба баҳонаи интиқом аз пуштунистонхоҳӣ ба доми Покистон андохт. Пуштунистонхоҳӣ аз оғоз то фарҷом як амри миёнтиҳӣ ва ғайриамалӣ буд, ки бо мантиқи ҳеҷ фарде аз сиёсатмадор то атбои бесавод созгор набуд ва ҳеҷ кас ҷуз «ларубар»-хоҳон аз он ҳимоят накарданд ва ин шиор, фоқиди дарунмояи амалӣ, алоқаеро барнаангехт.

“Туркистони Ҷанубӣ” дар шимоли Афғонистон, ки дар ин рӯзҳо расонаӣ шудааст, такрори ҳамон таҷориби ноком ва абаси гузашта мабнӣ бар таъмил ва таҳмили хештан ба дигарон аст, ки об дар осиёи кафанкашони қадим ва қавммадорони султаҷӯ ҷорӣ месозад ва ин гуна бозӣ бо шамшерҳои чӯбин сирф дар масири тунди эҳсосот роҳ меравад.

“Ҳазористон”-хоҳӣ бар сарзамине, ки дар он ақвоми ғайр аз ҳазора низ зиндагӣ мекунанд ва ҷойдодҳои манқулу ғайриманқул бо ирсияҳои таърихӣ дар ҷуғрофиёи Ҳазористон доранд, гӯфтумони ҳамзистиро ба партгоҳи нобоварӣ менишонад ва дар ниҳоят ба истилоҳи ӯзбекӣ ("ҳар каллаю бир хаёл”) масъаларо ба сӯи таҷзияталабӣ ва қавммадории беҳосил мекашонад.

Масъалаи “ҳаққи таъйини сарнавишт”-и ақвом дар фазое, ки аз адолати ҳувиятӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар хабаре нест, амри мусаллам мебошад, аммо машрут ба як силсила муқаррароти ҳуқуқӣ низ мебошад. Қавме, ки иддаои таъсиси ҳукумати қавмии худро бар ҷуғрофиёи муштарак менамояд, бояд аз лиҳози таърихӣ-фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ҷуғрофиёи машрӯъ ва холиси таърихии худро дошта бошад, то аз амри сарнавиштии эшон дигарон мутазаррир нашаванд.

Ҳоло дар вазъияти ихтилоти қавмӣ дар ҷуғрофиёи Афғонистон ҳеҷ қавме ҷуғрофиёи холиси худро надорад, то ормони таъйини сарнавиштро тавре шояду бояд таҳаққуқ намояд. Куҷост он сарзамине, ки дар он фақат туркон зиндагӣ мекунанд? Оё дар шимоли Афғонистон ғайр аз бародарони турк ақвоми адида ва музоиф аз каммияти вуҷудии туркон зиндагӣ намекунанд? Пас дар сурате, ки воқеъбинӣ ба зӯроварӣ табдил шавад, ин катлаҳои қавмӣ ба номи тоҷик, аймоқ, паштун, ҳазора, суҷонӣ, лархобӣ, некпай, балуч, тотор, помириҳо чӣ бояд бикунанд ва ба куҷо бираванд, то рӯёи шахсии туркистoнхоҳон таҳаққуқ ёбад? Ҳамин қисм дар мавриди бародарони ҳазора ва ҳар гурӯҳи қавмии дигар.

Оё шумоҳое, ки Афғонистонро номи қавмӣ медонед ва намехоҳед ин ҳувияти таҳмилиро бипазиред, пас чӣ гуна бо пуррӯии тамом барфи боми худро болои боми ҳамсоя меандозед?

Таҳмили ҳувият ва такравӣ танҳо барои паштун айб нест, балки шиори ҳежемунистӣ аз ҳар забоне, ки фарёд шавад, носавоб ва қобили накӯҳиш мебошад.

Чаро ба “гуфтумони Хуросон”, ки ҳамаи ақвоми кишвар каму беш дар он зистаанд ва корномае доранд, ки на чашм ба ҷуғрофиёи дигарон дорад ва на дар садади таҷзияи кишвар ба масобаи чатри ҳамзистии ҳамаи мост, тааммуқ сурат намегирад?

Гуфтумони Хуросон, гуфтумони фарҳангӣ-таърихӣ аст, ки худро бистари муносиб барои сохтори давлат-миллат бо таърифи муҷаддад аз мавқеияти ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ақвом ва сабти он дар мисоқҳои ҳуқуқии имрӯз ва фардо бояд муайян ва мушаххас гардад. Аз ин рӯ, ин муҳимтарин ва мумкинтарин алтернативаи қобили таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва масъулона дар рафъи мушкилоти ҳувиятии ақвом мебошад, ки метавонад ба мунозиоти ҳувиятӣ поён бахшад.

Дар гуфтумони Хуросон, аз манзари фарҳангӣ ва таҷориби таърихӣ ҳамаи ақвоми кишвар шарик ҳастанд. Бар иловаи он, ин гуфтумон ба далели барҷастагии фарҳангӣ ва пуштвонаи таърихӣ, худ намоди махраҷи муштараки ақвоми Афғонистон дар дохил ва муаррифи таърих ва фарҳанги пурбор барои ҳамаи мо дар ҷаҳони илму фарҳанг мебошад.

Барои убур аз ин марҳалаи гусастагӣ ва фурӯпошӣ бо рӯҳияи эҷоди фазои адолат ва бародарии ҳамзистона, тамассук ба усули ҳампазирӣ ва муштараки миллӣ муттаҳид ва ҳампазир шавем ва доияи муштараки сарнавиштро фақат дар гуфтумони Хуросон ҷустуҷӯ намоем.


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!