“Пир шудӣ, вале мир нашудӣ”
Нависанда: Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон
Раҳматуллоҳ Набил раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон дар мусоҳибае бо Дойче Велле — “Мавҷи Олмон” алайҳи ман мавзеъ гирифта ва баъзе пропагандаро доман задааст, ки лозим аст дар посух ба он ишоратҳое дошта бошам ва ёдоварӣ кунам, ки “пир шудӣ, вале мир нашудӣ”.
Аввал ин ки;
Ҷаноби оқои Набил ахбор ва шоеъаҳои дунёи маҷозиро мустанад қарор дода ва маро муттаҳам ба муомила бо кишвари ҳамсояи ҷанубӣ (Покистон – “Сангар”) кардааст, ки бояд бигӯям, муомилаи пушти парда маъмулан кори аносири амниятӣ ва истихборотӣ монанди худашон аст, ки ман дар ин ришта кор накардаам. Эшон маро дар ойинаи худ дидааст, чунонки ҳамин ҳоло худ дар муомила бо истихбороти як кишвари бузурги минтақа ҳастанд.
Бале, ин ҳам як воқеият аст, ки то замоне ки мушкили мо ва мардуми Афғонистон бо Толибон ҳал нашуда, мо дар чавкоти Шӯрои олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ва аз адреси як ҳизби асаргузор дар 4 даҳаи гузашта бо тамоми кишварҳои зидахли ҷаҳон ва ҳамсояҳоямон дар райзанӣ давомдор ҳастем ва ҳар роҳи мумкинро таъқиб мекунем — аз музокироти сиёсӣ то таҳаррукоти майдонӣ — ва ин ҳаққи мусаллами мо аст, на ба маънои муомилаи пинҳонӣ.
Дувум;
Эшон аз паёми ман ба маршал Осим Мунир, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, дар бораи миёнҷигарии сулҳ байни Эрон ва Амрико интиқод кардааст, ки чаро эшонро тақдир кардаам. Дар ин робита бояд ёдовар шавам, ки ҳама марказҳои тасмимгирии минтақа ва ҷаҳон медонанд, ки ман як муҷоҳиди мусалмон, ҳазораи шиамазҳаб ҳастам ва мавозеъи ман дар қиболи аъмоли ҷиноятбор ва ғайри қобили тасаввури давлатҳои Ҷо Байден, Трамп ва Нетаняҳу дар мавриди наслкушии мусалмонони Фаластину Ғазза ва Лубнон равшан аст, ки шадидан бо он мухолифам ва ин танҳо мавзеъи ман нест, ки мавзеъи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама миллатҳои озодандеши ҷаҳон аст.
Севум;
Ахиран таҷовузи беравия ва ғайриқонунии Амрико ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ва тамаддуни чандинҳазорсолаи Эрон ва нақзи ҳокимияти як кишвари исломӣ ва муҳими минтақаи Осиё танҳо Эронро мутаассир насохт, балки ҷаҳони башариятро дучори мушкилоти амниятӣ ва иқтисодии бесобиқа кардааст. Дар чунин шароит иқдоми садри аъзами Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва фелдмаршал Осим Мунир барои барқарории оташбас ва тавофуқи сулҳ байни ду тараф, барои ҳар мусалмон қобили қадр аст.
Агар оқои Набил аз куштори беш аз 70 ҳазор зану мард ва кӯдак аз мусалмонони Фаластин, Ғазза, Лубнон ва Эрон лаззат мебарад, бастагӣ ба виҷдони худаш дорад, чун эшон ҳамеша дар ҳалқаи истихбороти Амрико фаъол буда ва теъдоди зиёде аз ҳамватанони худашро низ дар даврони ҷумҳурият дар ҳамдастӣ бо қувои ишғолгарон дар дохили кишвар қальу қамъ карда ё ба зиндони Гуонтанамо фиристодааст ва ба хидмат ба душманон одат кардааст. Лиҳозо дар баробари ҳар ҷиноят аз сӯи онон дар ҳар ҷое аз ҷаҳон ҳассосият надорад ва барояш бетафовут аст, ки як сол Фаластин, соли дигар Лубнон ва Яман ва соли дигар Эрону дигарон зери пои саҳюнизм ва Амрико лагадмол шавад. Вале ман ин чунин нестам, виҷдонам барои наслкушии атфоли Ғазза ва мактаби Миноб дар Эрон ва ҷануби Лубнон такон мехӯрад.
Чаҳорум;
Набил дар ҷои дигар аз фармоишоти доҳиёнааш гуфта, ки онҳоро Эрон аз рафтан ба Покистон манъ кардааст. Дар ин робита бояд бигӯям, ки мо мулоҳизоти Эрон ё Туркияро дорем ва намехоҳем аз иқдомоти мо онон мутазаррир шаванд ва то ҳанӯз мо тарҷеҳ додаем, ки қазияи Афғонистон аз тариқи музокироти сиёсӣ ҳал шавад ва Эрону Туркия дар ин росто талош доранд.
Вале агар Толибон сарсахтӣ ва лаҷоҷат ба харҷ диҳад ва роҳҳои мусолиматомез ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавоб надиҳад, саранҷом барои мардум ва кишвари худамон ҳаққи тасмимгирӣ дорем ва аз ҳар роҳи мумкин талош хоҳем кард. Эшон мутаваҷҷеҳ бошанд, ки замоне ки суҳбат кардан дар бораи масоили сиёсии кишвар фақат ҳаққи як ҷиҳат буд, сипарӣ шудааст. Имрӯз Афғонистон ё барои ҳама аст ё барои ҳеҷ кас. Мутмаин бошед.






