Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?
Манбаъ: Intel Nexus
ШИКАСТИ АЛҚОИДА ДАР ТУРА БУРА ВА ОҒОЗИ ДАРБАДАРИҲО
Дар декабри 2001, бо шикасти Алқоида дар набард Тура Бура, Усома бин Лодан ҳамроҳ бо писараш аз тариқи гузаргоҳҳои саъбулубур ба манотиқи Шигали вилояти Кунар гурехт. Ҳудуди ду ҳафта баъд, дар 29 декабри 2001, дар паёме видеоӣ, ки барои ҷаҳон мунташир шуд, бо лаҳне сангин гуфт: “Мубориза идома хоҳад ёфт; бо ӯ ё бидуни ӯ.”
Ин паём дар шароите содир шуд, ки режим Толибон дар Кобул суқут карда, раҳбарони Алқоида пароканда шуда ва таъқиби ҷаҳонӣ барои дастгирии бин Лодан оғоз гашта буд. Аз ҳамин лаҳза, яке аз тӯлонитарин ва печидатарин фаслҳои фарор дар таърихи муосир оғоз шуд — сафаре, ки наздик ба даҳ сол ба тӯл анҷомид ва пойи раҳбари Алқоидаро ба шаҳрҳо ва рустоҳои мутааддиди Покистон кашонд.
Нахустин мақсади бин Лодан пас аз фарор аз Кунар, минтақаи Шикай дар Вазиристони Ҷанубӣ буд. Ин интиқол бо ҳамкории Абузубайда — аз чеҳраҳои калидии шабакаи паноҳдиҳии Алқоида — ва мизбонии Некмуҳаммад Вазир сурат гирифт.
Некмуҳаммад, ҷангҷӯи ҷавони вазирӣ, ки пештар дар ҷабҳаҳои Багром алайҳи нерӯҳои Иттиҳоди Шимол ҷангида буд, пас аз суқути Толибон ба яке аз муҳимтарин ҳалқаҳои восит миёни ҷангҷӯёни араб ва қабоили паштун табдил шуд. Ӯ ҷангҷӯёни араб, чечнӣ ва ӯзбекро дар Вазиристони Ҷанубӣ созмондеҳӣ кард ва амалан минтақаро ба паноҳгоҳи амни раҳбарони Алқоида табдил кард.
Некмуҳаммад дар марти 2004 тавонист бо ташкили як иморати кӯчаки маҳаллӣ ва таҳмили “Тавофуқномаи Шикай” бар артиши Покистон, ки дар он артиш амалан иқтидори ӯро бар минтақа ба расмият шинохт, нахустин ҳастаи созмонёфтаи Толибони покистониро поягузорӣ кунад. Ҳарчанд ӯ дар июни ҳамон сол дар нахустин ҳамла и паҳподии Си-Ай-Эй дар хоки Покистон кушта шуд, аммо ҳамон ҷараёне, ки ӯ бунён ниҳод, дар декабри 2007 ба гунаи расмӣ таҳти номи “Таҳрики Толибони Покистон” (TTP) ба раҳбарии Байтуллоҳ Маҳсуд созмон ёфт.
Ба ин маъно, ҳузури бин-Лодан дар Шикай ва пайванди ӯ бо Ник- Муҳаммад, на танҳо фасли пинҳонӣ аз зиндагии раҳбари ал-қоида, балки нуқтаи оғози шаклгирии бузургтарин ҷунбиши мусаллаҳонаи зиддидолатӣ дар таърихи муосири #Покистон низ ба шумор меравад.
АЗ ПЕШОВАР ВА КАРОЧӢ ТО ДАРАҲОИ СВОТ
Дар баҳори соли 2002, бин Лодан ба ҳамроҳи ду ҳамроҳи кувайтӣ — Иброҳим (Абӯаҳмад ал-Кувайтӣ) ва Аброр - ва ҳамсари яманиаш Амал, аз Вазиристон ба Пешовар мунтақил шуд. Муддате баъд, бо афзоиши боздошти аъзои Алқоида дар шаҳрҳои бузург, барои давраи кӯтоҳ ба Карочӣ паноҳ бурд, аммо хатари фишурдатар шудани муҳосираи амниятӣ, онҳоро ба сӯи шимол ронд.
Мақсади баъдӣ, минтақаи кӯҳистонии Шангла дар дили дараи Свот буд — паноҳгоҳе дурафтода дар доманаҳои Ҳиндукуш, ки миёни 2002 то 2003 ба муддати ҳашт то нӯҳ моҳ мизбони бин Лодан ва хонаводааш шуд. Онҳо дар ду хонаи амни мутааллиқ ба бастагон наздики Иброҳим ва Аброр иқомат доштанд.
Муҳимтарин рӯйдоди ин давра, дидори авоили 2003 миёни бин Лодан ва Холид Шайх Муҳаммад, тарроҳи аслии ҳамалоти ёздаҳуми сентябр буд. Холид Шайх Муҳаммад бо ҳувияти ҷаълии «Ҳафиз» ва ҳамроҳ бо ҳамсар ва ҳафт фарзандаш, ду ҳафта дар Свот назди бин Лодан монд. Аммо дар марти ҳамон сол, хабари дастгирии ӯ дар Ровалпиндӣ — дар амалиёти муштараки Си-Ай-Эй ва Ай-Эс-Ай, ҳамчун соъиқе бар сари бин Лодан фуруд омад. Се рӯз баъд, ӯ шитобзада Свотро тарк кард.
ҲАРИПУР ВА ТАРҲИ МАХФИГОҲИ АЙБАТОБОД
Пас аз фирор аз Сват, хонаводаи бин Лодан муддате пароканда шуд: Амал дар Пешовар монд, се моҳ баъд, ҳамагӣ дар рустои Чак Шоҳмуҳаммад дар ҳумаи шаҳри кучаки Ҳарипур — танҳо 35 километр дуртар аз Айбатобод - гирд ҳам омаданд.
Онҳо дар як хонаи кироӣ дар ин русто, наздик ба ду сол (майи 2003 то августи 2005) зиндагӣ карданд. Дар ҳамин хона буд, ки Амал ду фарзанд ба дунё овард.
Ба асоси гузоришҳои истихборотӣ, ҳатто як бор мошини онҳо дар Сват ба сабаби суръати ғайримуҷоз таваққуф дода шуд, аммо Иброҳим бо чанд калима ва ришвае кӯчак, моҷароро бо полис ҳал кард ва корвон ба роҳ афтод — нишонае аз ин ки чӣ гуна пинҳонкории бин Лодан гоҳ бо шанс ва гоҳ бо тардастӣ пеш мерафт.
Дар ҳамин даврон, бин Лодан дар ҳоли тарҳи махфигоҳи ниҳоии худ буд. Дар июли 2004, Аброр бо ҳувияти ҷаълии “Муҳаммад Аршад” ва бародараш бо номи “Ториқхон”, қитъаи заминеро дар минтақаи Билол Тауни Айбатобод харидорӣ карданд. Кори эъмори хона дар августи ҳамон сол оғоз шуд ва дар 2005 ба поён расид: сохтмони семанзила бо деворҳои 5.5 метра ва сими хордор, дар замине ҳашт баробар бузургтар аз хонаҳои муҷовир.
Дар августи 2005, бин Лодан, се ҳамсар, ҳашт фарзанд ва панҷ наводааш ба ин махфигоҳ нақли макон карданд — хонае, ки баъдҳо дар миёни ҳамсоягон ба “Ҳавлии Вазиристон” шуҳрат ёфт, чун лаҳҷаи Иброҳим ва Аброр, онҳоро ба муҳоҷироне аз Вазиристон шабеҳ месохт.
ЗИНДАГӢ ДАР АЙБАТОБОД ВА РАДЁБИИ ПАЁМРАСОН
Нуктаи шигифтангез дар бораи ин хона он буд, ки танҳо 1.3 километр дуртар аз “Академияи низомии Кокул” — муодили Вест-Пойнти Покистон — қарор дошт; дар маҳаллае пур аз афсарони бознишастаи артиш. Аммо он чӣ дар даруни деворҳо мегузашт, шабоҳате ба муҳити атроф надошт.
Дар ин хона ҳеч тамоси телефонӣ, иттисоли интернет ё василаи электронии қобили радёбӣ ба кор намерафт. Зуболаҳо ҳаргиз берун андохта намешуданд ва дар муҳаввата сӯзонда мешуданд.
Иртибототи бин Лодан бо раҳбарии Алқоида дар Вазиристон, аз тариқи паёмҳои дастнавис ва пекҳои махсус анҷом мешуд. Ҳатто кӯдакони хонаводаи Иброҳим ва Аброр солҳо намедонистанд, ки он “бобо”-и сокини табақаи сеюм, ҳамон марди таҳти таъқиби ҷаҳон аст.
Си-Ай-Эй аз солҳо пеш, аз тариқи бозҷӯии зиндониёни Гуантанамо — аз ҷумла Холид Шайх Муҳаммад ва Абӯ Зубайда — бо номи мустаори “Абӯаҳмад ал-Кувайтӣ” ошно шуда буд. Дар соли 2007, номи воқеии ӯ (Иброҳим Аҳмад) кашф шуд ва дар 2010, маъмурони Си-Ай-Эй тавонистанд ӯро дар Покистон шиносоӣ ва таъқиб кунанд.
Радипои Иброҳим, саранҷом онҳоро ба хонае аҷиб дар Айбатобод расонд; хонае, ки дар арзёбиҳои моҳвораӣ “ба гунаи вижа барои пинҳон кардани шахси муҳим сохта шуда” ташхис дода шуд. Дар сентябри 2010, Си-Ай-Эй ба ин натиҷа расид, ки бо эҳтимоли бисёр боло, Усома бин Лодан дар дохили он деворҳои баланд зиндагӣ мекунад.
Ҳавлие, ки бин Лодан дар он кушта шуд, Айбатобод, Покистон
АМАЛИЁТИ «НЕПТУН СПИР» ВА ПОЁНИ ЯК ТАЪҚИБИ ТАЪРИХӢ
Шаби 2 майи 2011, дар амалиёте ба номи “Нептун Спир (Найзаи Нептун)”, 25 тан аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ, бо ду ҳеликоптери махфикори “Блэк Ҳок” аз пойгоҳи Ҷалолободи Афғонистон ба парвоз даромаданд.
Дар ҳудуди яки шаб ба вақти маҳаллӣ, онҳо вориди муҳавватаи Айбатобод шуданд. Амалиёт ҳудуди 40 дақиқа тӯл кашид; яке аз ҳеликоптерҳо дар оғози амалиёт суқут кард, аммо тим бо ҳифзи назм пеш рафт.
Усома бин Лодан дар табақаи сеюм бо шиллики гулулае ба сараш кушта шуд ва ҷасадаш ба Афғонистон мунтақил гардид. Соатҳое баъд, пайкараш аз рӯйи нови ҳавопаймобари “Ю-Эс-Эс Карл Винсон” дар дарёи Араб ба об супурда шуд — поёне рамзӣ барои яке аз тӯлонитарин таъқибҳои таърихи муосир.
Ин рӯйдод, мавҷе аз вокунишҳо ва интиқодоти густарда дар сатҳи ҷаҳон ва бавижа дар дохили Покистон ба вуҷуд овард. Пурсиши аслӣ ин буд: чӣ гуна раҳбари таҳти таъқибтарин гурӯҳи терористии ҷаҳон, тавониста буд наздик ба шаш сол дар сояи муҳимтарин Академияи низомии Покистон зиндагӣ кунад?
Давлати Покистон “Комиссияи Айбатобод”-ро ба раёсати қозӣ Ҷовид Иқбол ташкил дод. Ин комиссион пас аз мусоҳиба бо беш аз 200 тан, дар гузориши 366-саҳифаии худ аз “нокомии ҷамъӣ ва фоҷиабор”-и ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии Покистон сухан гуфт, аммо ҳеч санади қатъии дол бар дахолати мустақими раҳбарони аршади Ай-Эс-Ай дар пинҳонсозии бин Лодан ироа накард — ҳарчанд эҳтимоли “ҳимояти ғайримустақим дар сутуҳи ғайрирасмӣ”-ро низ рад нанамуд.
Моҷарои Айбатобод, фаротар аз поёни зиндагии як шахс, ойинае шуд, ки дар он метавон печидагии равобити Алқоида, Толибони покистонӣ ва дастгоҳи амниятии Покистонро беҳтар дид — ривояте, ки ҳанӯз ҳам, пас аз 15 сол, парвандааш ба таври комил баста нашудааст.