Хабари рӯз

Толибон чӣ гуна муҳтотона “ҷарроҳии дарунӣ” мешавад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Таҳаввулоти перомуни Толибон дар марҳилаи пас аз бозгашт ба қудрат ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Афғонистон ҳамчунон дар маркази як бозии печида ва чандқабатаи геополитикӣ қарор дорад; бозие, ки дар он, мафоҳиме чун бесуботсозӣ, контрол аз роҳи дур, бозмувозана ва мудирияти ошӯб на ба унвони як тарҳи якдаст ва комилан муҳандисишуда, балки ба унвони чорчӯбаҳое инъитофпазир барои фаҳми рафтори қудратҳои бузург қобили баррасианд.

Дар ин миён, чархиши тадриҷии Толибон ба самти меҳвари Шарқ, бавижа дар таомул бо Чин, Русия ва Эрон, яке аз муҳимтарин мутағайирҳое аст, ки нигоҳи Ғарбро нисбат ба ин гурӯҳ дастхуши бознигарӣ карда ва мӯҷиби ташдиди рӯйкардҳои назоратӣ ва иттилоотӣ шудааст.

Дар бистари пас аз тавофуқоти Давҳа тасаввури ғолиб ин буд, ки Толибон, ба унвони бахше аз як созукори мудириятшуда, дар чорчӯби қобили пешбинӣ амал хоҳад кард. Аммо воқеиятҳои майдонӣ, бавижа дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, нишон додаанд, ки ин гурӯҳ на танҳо ба таври комил дар масири интизоротии Ғарб ҳаракат накарда, балки дар баъзе ҳавзаҳо, рӯйкардҳое иттихоз карда, ки бо муҳосиботи ибтидоӣ фосилаи қобили таваҷҷуҳе дорад.

Ин фосила, бавижа дар таомулоти Толибон бо бозигарони шарқӣ ва низ дар наҳваи мувоҷеҳ бо тааҳҳудоти пешин, боис шуда то сатҳи беэътимодӣ ва норизоятӣ дар миёни қудратҳои ғарбӣ афзоиш ёбад.

Дар чунин шароит роҳандозии платформаҳои додамеҳвар барои шиносоӣ ва нақшабардории сохтори қудрати Толибон аз сӯи ниҳодҳое, монанди Институти Ховари Миёнаро бояд дар чорчӯби талош барои бозсозии ишрофи иттилоотӣ таҳлил кард.

Ин платформаҳо, ки иттилооти густардае аз ҳудуди 1200 мақоми аршад ва миёнаи Толибон, шомили нақшҳо, савобиқ, вобастагиҳои қавмӣ, иртибототи шабакавӣ ва фаъолиятҳои молиро мустанадсозӣ кардаанд, ба Ғарб ин имконро медиҳанд, ки тасвири дақиқтаре аз сохтори дарунии ин гурӯҳ ба даст оварад.

Чунин абзоре фақат як иқдоми пажӯҳишӣ нест, балки бахше аз як зерсохти иттилоотӣ аст, ки метавонад дар тарроҳии сиёсати оянда, аз ҷумла мудирияти буҳрон, эъмоли фишор ё ҳатто бозтанзими равобит нақшафарин бошад.

Афзоиши ин сатҳ аз назорат, беш аз он ки ношӣ аз вазъияти мавҷуди Афғонистон бошад, бозтоби нигаронӣ нисбат ба рафторҳои пешбининопазири Толибон аст.

Ғарб акнун бо бозигаре мувоҷеҳ аст, ки на дар чорчӯбҳои классики давлат-миллат қобили таъриф аст ва на дар қолаби як муттаҳиди қобили иттико.

Ҳузури тадриҷии Толибон дар канори бозигароне чун Чин, Русия ва Эрон, агарчи дар бисёр маворид моҳияти тактикӣ ва мабнӣ бар зарурат дорад, аммо дар сатҳи идроки роҳбурдии Ғарб, ба унвони нишонае аз фосила гирифтани ин гурӯҳ аз тааҳҳудоти пешин талаққӣ мешавад.

Ҳамин амр муҷиби он шуда то сиёсати Ғарб аз фазаи интизор ва таомули маҳдуд ба самти назорати фаъол ва омодагӣ барои сенарияҳои печидатар ҳаракат кунад.

Дар ин миён, нақши назорати иттилоотӣ ба унвони абзори аслии Ғарб барои мудирияти ин вазъият барҷастатар шудааст. Тамаркуз бар шиносоии ҳалқаҳои раҳбарӣ, шабакаҳои иртиботӣ ва улгуҳои тасмимгирӣ дар даруни Толибон ба Ғарб ин имконро медиҳад, ки на танҳо таҳаввулоти ҷориро беҳтар дарк кунад, балки битавонад рафторҳои ояндаи ин гурӯҳро низ то ҳадде пешбинӣ намояд. Ин “чашми иттилоотӣ”, дарвоқеъ ҷойгузини мудохилаи мустақим шуда ва ба унвони абзоре барои коҳиши адами қатъият дар як муҳити печида амал мекунад.

Дар канори ин раванд баъзе нишонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки фишорҳои ғайримустақим бар Толибон низ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳарчанд нисбат додани як нақши комилан маъмуриятӣ ба бозигароне монанди Покистон ниёзманди эҳтиёти таҳлилӣ аст, аммо наметавон инкор кард, ки ҳамзамонии баъзе таҳаррукот дар сатҳи минтақа, аз ҷумла фаъолтар шудани гурӯҳҳои мухолифи Толибон, бо афзоиши сатҳи норизоятии Ғарб, қобили таваҷҷуҳ аст. Ин вазъият Толибонро дар маърази маҷмӯае аз фишорҳои ҳамзамон қарор дода, ки аз даруну берун суботи ин гурӯҳро бо чолиш мувоҷеҳ мекунад.

Аз сӯи дигар, яке аз коркардҳои муҳими платформаҳои иттилоотии ҷадид, эҷоди навъе ибҳом ва тардид дар мавриди моҳияти воқеии равобити Толибон бо бозигарони минтақаӣ ва фаромиллӣ аст. Ифшои иртибототи печидаи ин гурӯҳ бо шабакаҳои ҷиҳодӣ, бавижа Алқоида, на танҳо ба тақвияти нигарониҳои амниятии Ғарб кӯмак мекунад, балки метавонад бар наҳваи таомули кишварҳои минтақа бо Толибон низ таъсиргузор бошад. Ин масъала, бавижа дар шароите, ки Толибон талош дорад худро ба унвони як бозигари масъул муаррифӣ кунад, метавонад чолишҳои машруъиятии ҷадиде барои ин гурӯҳ эҷод намояд.

Дар сатҳи дохилӣ низ, тамаркузи иттилоотӣ бар сохтори Толибон, заминаро барои дарки беҳтари шикофҳо ва тафовутҳои дарунии ин гурӯҳ фароҳам мекунад. Толибон, бар хилофи зоҳири якпорчааш, муташаккил аз ҷиноҳҳо ва шабакаҳое бо дидгоҳҳо ва манофеи мутафовит аст. Ифшои ҳувият, мавқеият ва иртибототи ин бозигарон метавонад батадриҷ заминасози тағйир дар тавозуни қудрати дохилӣ шавад, бавижа агар баъзе аз ин аносир, дар вокуниш ба фишорҳои мавҷуд, ба самти таомул бо бозигарони хориҷӣ тамоюл пайдо кунанд. Ин фароянд, агарчи ба содагӣ қобили муҳандисӣ нест, аммо метавонад дар қолаби як “бозтанзими тадриҷӣ” дар сохтори қудрати Толибон зоҳир шавад.

Дар ниҳоят, тамаркузи густарда бар ҳудуди 1200 мақоми калидии Толибон, ки дар сутуҳи мухталифи ҳукуматдорӣ аз кобина ва ниҳодҳои амниятӣ гирифта то сохторҳои маҳаллӣ ифои нақш мекунанд, нишондиҳандаи он аст, ки Ғарб ба хубӣ аз шикандагии вазъияти кунунӣ огоҳ аст. Ин огоҳӣ, лузуман ба маънои талош барои ҳазфи Толибон аз қудрат нест, балки бештар баёнгари тамоюл ба ислоҳ ё таъдили рафтори ин гурӯҳ дар ҷиҳати манофеи роҳбурдии Ғарб аст.

Ба баёни дигар, ончи дар ҳоли шаклгирӣ аст, на як проекти барандозӣ, балки навъе “ҷарроҳии дарунии муҳтотона” аст, ки ҳадафи он коҳиши таҳдидот ва афзоиши қобилияти пешбинии рафтори Толибон дар як муҳити пурриски амниятӣ ва геополитикӣ аст.

Бароянди ин равандҳо, тасвире аз як вазъияти сайёл ва дар ҳоли таҳаввулро тарсим мекунад, ки дар он Толибон дар миёни фишорҳои мутазод, рақобатҳои минтақаӣ ва назоратҳои фазоянда, ногузир ба иттихози тасмимоти печида ва гоҳ мутазод аст.

Ояндаи ин гурӯҳ, беш аз ҳар чиз, ба тавоноии он дар мудирияти ин фишорҳо ва эҷоди тавозун миёни ниёзҳои дохилӣ ва илзомоти хориҷӣ бастагӣ дорад; тавозуне, ки дастёбӣ ба он, дар шароити кунунӣ беш аз ҳар замони дигар душвор ба назар мерасад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!