Муқовимати зиддитолибонӣ аз кадом масир меравад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Баъд аз суқути созмондеҳишудаи ҷумҳурияти амрикоӣ ва НАТО-ӣ, режими Толибон бар Афғонистон дубора мусаллат шуданд. Дар аввалин рӯзҳои суқути ҳокимият ба дасти Толибон, чандин меҳвари, ба истилоҳ, муқовимат шакл гирифтанд. Асосан, ончуноне, ки интизор мерафт, то вазъият ба мурури замон тағйир кунад ва ҷабаҳоти ҷадиде барои ворид сохтани фишори бештар бар Толибон ва тасхири баъзе аз ҷуғрофияи муайян (шояд муҳим) ба дасти муқовиматгарон эҷод шавад ва амалан вориди марҳалаи ҷанги мустақим бо Толибон шаванд, мутаассифона, дида намешавад.
Пурсиши меҳварӣ ин аст, ки чаро муқовимат алайҳи Толибон шакл намегирад? Чаро муқовимат бештар ба талаби тараҳҳум, шикоят ва афтодан ба домани СММ хатм мешавад? Ва билохира, чаро муқовимат бадиле барои Толибон дар майдони ҷанг ва сиёсат намешавад?
Асосан ин пурсишҳо умдатарин нукоте аст, ки перомуни муқовимати феълӣ матраҳ мешавад. Мехоҳам бо тааммуқи мавзӯӣ ва мӯҳтавоӣ бар мазмуни муқовимат ва ояндаи он, нукоти зайлро барои ироаи дидгоҳи ҷадид дар ин хусус ба шакли зер матраҳ созам:
- Дар назди муқовиматгароне, ки иддаои муқовимат дар баробари Толибонро доранд, фаҳми решаӣ ва дуруст аз мафҳуми қудрати сиёсӣ, фароянди касби он ва басирати лозим барои ҳифзу густариши он, ки мубтанӣ бар таҷрибиёти таърихӣ бошад ва осебпазириҳои моро дарбар бигирад, вуҷуд надорад. Яъне моҳиятан муқовимати феълӣ ҳеҷ гуна иддаое бар сари қудрати сиёсӣ надорад ва танҳо шиори муқовиматро як фарзи айн тасаввур карда ва дар берун назорагари авзоъ аст. Агар чунин буд, ин раванд бояд бисёр бо маънӣ ва тавъам бо басирати сиёсӣ мебуд ва барномае барои марҳалаи эҳтимолӣ баъд аз касби қудрат ва шикасти Толибон тадвин мешуд ва ба асоси ин манифест, нафсу моҳияти ҷангу мубориза дар меҳвари як ҷараёни муқовиматӣ, вазоҳат дода мешуд. Аммо, мутаассифона, чунин халои бузурге дар ин меҳвар вуҷуд дорад ва аз куҷо маълум, ки фардои пирӯзӣ дар баробари Толибон, чархаи ботили нишасти Бонн такрор нашавад ва боз мардуми мо дар масири гумроҳии амалкардӣ ва рӯзмаррагӣ, қарор нагиранд ва шикори сиёсатҳои қавмӣ нашаванд;
- Ривояти сиёсӣ дар меҳвари муқовимати феълӣ вуҷуд надорад ва агар дорад ҳам, бисёр маҷҳул аст ва дар миёни миллигароии бемаънӣ ва бародарии тавъам бо тарфанд аз тарафи душманони мо, дар гумроҳӣ қарор гирифтааст. Ин рангбохтагӣ ва адами пухтагии як тарҳи сиёсӣ, ки бояд мубтанӣ бар як ривоят бошад ва таклифи муқовимату ояндаи мубориза бар зидди Толибонро равшан бисозад, боис шуда, то мо тасвири равшан ва посухи қонеъкунанда барои чолишҳои амалкардӣ ва зеҳнӣ дар перомуни раванди муқовимат надошта бошем. Ба иборате ё чизе нест, ки нест ва ё ҳам агар андаке аст, чизе ҷадиде дар чонта надорад, то харидор пайдо кунад ва моро аз ин сардаргумии мафҳуме дар корзори муқовимат берун бикашад;
- Барои ҳар мубориза ва ҷанге харизма, раҳбарии маъқул ва бо қобилияти баланди амалиётӣ, ҳадафи равшани ҷанг ва эҷоди ангеза дар муборизон як асл ҳисоб мешавад ва бидуни он ҳеҷ муборизае натиҷа намедиҳад. Ба ин асос, дар муқовимати феълӣ, асли фармондеҳӣ гум аст ва маълум нест, кӣ дастур медиҳаду кӣ бояд итоат кунад ва чаро бояд итоат кунад?
- Фаҳми мутаорифи имрӯзи мо аз муқовимат, созиш бо гузашта, сохтан бо даврони феълии истибдод, тавофуқ бо ихтиноқи мавҷуд, таҳаммули мазолими таҳмилшуда болои мардум ва итоат аз ваъдаҳои миёнхолии таърихӣ аст, ки душмани мо дар ҳар бурҳаи замонӣ, онро тавқи гардани мо сохтааст. Ин тактикаи сиёсии душман моро дар банди як муомилаи нохоста қарор дода ва дар хатми рӯз дар ҳошияи муомилаҳои бузурги сиёсӣ, хоҳад кашонд;
- Муқовимати феълӣ дар миёни дуду ғубори рақобат дар миёни Шарқу Ғарб гум аст ва рӯҳи он саргардон аст. Ба иборате, муқовимати феълӣ на шарқӣ аст ва на ҳам ғарбӣ. На бо минтақа аст ва на ҳам бо фароминтақа. Дафтар дар Душанбеи Тоҷикистон, сафар ва иштирок дар конфронсҳои аврупоӣ. Мулоқот бо русҳо ва дархости кӯмак аз Амрикову муттаҳидони ғарбиаш, ки омили бадбахтии феълӣ ва ғалтидани Афғонистон ба домани терроризми қавмӣ ва гегемонияи таборӣ аст. Асосан ин ҳаракати каҷукилеб моро дар ду тала гир андохта ва ҳар рӯз дар муҳосиботи қудратҳои бузурги Шарқу Ғарб, ба ҳошия меронад;
- Раванди муқовимати феълӣ, ки бояд бештар мусаллаҳона, моҷароҷӯёна, ба ҳадафи касби қудрати сиёсӣ аз тариқи лӯлаҳои туфанг, мамлув аз паёму фарохони мубориза, пархошгарона ва тавъам бо рӯҳияи ғайриоштипазирӣ бошад, баръакс, мо аз роҳҳои сиёсӣ, талтифшуда ва мунъатифи маъмул дар даврони сулҳ истифода мебарем. Бештар аз мавқифу мавзеи ҷангӣ, сиёсӣ амал мекунем ва тазаррӯъ ва таомулро ҷойгузини сахтсарӣ ва муборизаталабӣ сохтаем. Гоҳе даст ба домани СММ мешавем, гоҳе ба умеди Амрико паёми кумакрасонӣ медиҳем, то моро ба тоҷу тахти сиёсӣ дубора мустақар созад. Шиорҳои миёнхолӣ, монанди демокрасӣ, таъйини сарнавишти мардум ба дасти худашон, миллигароии бемаънӣ, ҳуқуқи занон, ҳаққи кор ва таҳсил барои онҳо ва ғайраро вирди забон сохтаем. Магар мо интизор дорем, то баъд аз хатми ҷангу мубориза бар зидди Толибон, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шавем?! Аслан кадом паёми ҷадид ва сарнавиштсоз дорем, ки дар интизори пирӯзӣ нишастаем?
- Душман бо ривояти қавмӣ ба саркӯби як табори хос мепардозад. Зиндонҳои Толибон аз бист ҳазор зиндонии тоҷик пур аст ва саркӯби қавмӣ ба як сиёсати ҳадафманди режими террористии Толибон мубаддал шудааст. Мо ҳамагиро ҳатто душманони моро бародар мехонем ва хостори мудоро ва созиш бо он ҳастем. Душман моро кӯлобӣ, фирорӣ ... хитоб мекунад. Мо бояд ҳанӯз ҳам худро афғон, биномем?! Бо ин тарзу дид наметавонем, мутаассифона, зиёд умедвор ба пирӯзӣ ва фардои равшан бошем. Ин айби бузург дар кори мо аст. Натавонистаем амалиёти муҳосира ва саркӯби душманро, ки моҳияти қавмӣ дорад, бо зиддиҳамла муҳосира ва саркӯб, ки асосан бояд мутаносиб ба ниёзҳои қавмӣ бошад, созмондеҳӣ ва иҷро кунем. Аз қавмӣ шудани муборизаи феълӣ ҳароси бемаънӣ дорем;
- Сутуни панҷум ба шакли мӯриёна ва хеле фаъол ба фошсозии асрори амалиётиву ҷангӣ мепардозад. Мураттаб мавқеияти муборизону чирикҳоро барои душман координат медиҳад ва душман ба сурати ҳадафманду систематик ба қалъу қами онҳо мепардозад. Бо чунин халои бузурги иттилоотӣ метавонем умед ба пирӯзӣ дар ин ҷанги номутақорин дошта бошем? Дар баробари терроризм биҷангем ва қавму табори хешро мояи умеде бошем?
Чӣ бояд кард?
Муқовиматро аз буҳрони маънӣ, фуқдони ривояти сиёсӣ, бемайлӣ ва таҷаммулу зинатгароӣ, берун созем. Барои раҳбарии фаъол талош кунем. Харизмаи лозимро барои эҷоди як занҷираи мунзабити ҷангӣ, ки мубтанӣ бар асли фармондеҳии муассир бошад, ба вуҷуд биоварем. Аз худхоҳӣ, хешхӯрӣ, худбузургбинӣ, хонаводагароӣ, ҳубби молу сарват, тарди дигарон ва мунзавӣ сохтани як аксарияти фаъол ва боангеза, ки метавонанд барои ҷараён ва меҳвари муқовимату пирӯзӣ дар ҷанги феълӣ, муассир воқеъ шаванд, дурӣ кунем.
Маънои муқовимат, истодагӣ дар баробари ҳавоҳои нафсонӣ ва истиғнои нафс аст, ки як воҷибаи бузургу айнӣ маҳсуб мешавад. На он чизе, ки имрӯз ҷараён дорад ва танҳо қурбонӣ саҳм мо асту бас. Ҳадафи умдаи муқовимат саодати халқе аст, ки зери сотури истибдоди қавмӣ ва фошизми таборӣ, хурду хамир хоб мешаванд. Ибтидо бояд ба маънӣ таваҷҷуҳ кунем ва баъдан мӯҳтаворо дарк карда ва оғоз ба кор кунем.






