Чаро мардум дар баробари Толибон хомӯшанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Ҳар сарзамине баъд аз таҷрибаи талхи истеъмор, низомҳои пӯшолӣ ва ҳокимиятҳои истибдодӣ, ду роҳ беш пеши рӯ надорад: ё бояд таслими зӯр шавад ва беиззативу маҳви фарҳангӣ ва таърихии худашро бипазирад ва ё ин ки дар баробари он биистад ва аз ҳувияти худ дифоъ кунад.
Бо гузашти ду сол аз ҳокимияти толибонӣ режими мубтанӣ бар ҷабри ақидатӣ ва бонии фашизми қавмӣ, мардуми Афғонистон ҳанӯз ҳам хомӯшанд. Ин сукути маргбор боис шуда то режими худкомаи Толибон, ҳар рӯз ба саркӯби густурдаи мардум, даст бизанад ва ба қивоми пояҳояш бипардозад. Саволи асосӣ ин аст, ки чаро мардум дар баробари Толибон хомӯшанд?
Дар посух бояд гуфта шавад, ки ҷои тааҷҷуб надорад, ки мардум ҳанӯз ҳам дар баробари Толибон ва террористони ҳоким бар Афғонистон хомӯшӣ ихтиёр кардаанд ва таҳарруке нишон намедиҳанд. Чун бар хилофи он чи, ки интизор мерафт, ҳеҷ гуна таҳарруке аз ҷониби мардум барои муқобила бо вазъияти мавҷуд ва тағйири он ба сӯи матлуб дида намешавад ва Афғонистон таҳти ҳокимияти террористии толибони ҷинояткор, камокон дар мунҷалоби зулм, истибдод ва беадолатӣ ғарқ аст.
Нигоранда бо тафаккур дар ин маврид, ибтидо ба осебшиносӣ ва иллатҳои мазид мабнӣ бар бетафовутии мардум дар баробари Толибон пардохта ва нукотеро дар ин хусус ироа мекунам. Зеро ибтидо лозим аст то чанд иллати асосии ин адами шаклгирии муқовимати мардумиро баршуморем ва ба осебшиносии дақиқи мавзӯъ пай бибарем:
- Фақри шадид: дар ду соли гузашта, ки Толибон ба қудрат расидаанд, фақри фоиқ бар кишвар ҳоким аст. Сармояҳо фирор кардаанд, касбу кор фалаҷ аст ва умеде барои равнақи он вуҷуд надорад. Мардум ашадди зарурат ба фароҳамоварии се вақт нон доранд, ки ҳатто бисёриҳо қодир ба таъмини он нестанд. Ин мавзӯъ боис шуда то мардум бештар аз тағйири вазъият, ба фикри як луқма нон бошанд. Дар зимн, ин фақр заминаи сарбозгирии Толибонро аз ақшори мухталифи ҷомеа, фароҳам сохта ва боис шуда то ҳар хел ҳаракати Толибон, дар нутфа хунсо шавад;
- Сиёсатҳои саркӯбгаронаи Толибон ба шакли сохторӣ: Толибон аз замони ба қудрат расиданашон, ба шакли ҳадафманд, бераҳмона дар қолаби як низоми ҳоким ба саркӯби сохтории мардум пардохтаанд. Раёсати истихбороти Толибон, махсусан воҳидҳои 90 ва 40 маҳалли ваҳшиёнатарин шиканҷа барои мухолифони Толибон будаанд. Дар зимн, нопадид шудан, боҷгирӣ, баҳонаҷӯӣ ва ахзи пул аз мардум дар заминаҳои мухталиф аз ҷониби ҷиноҳҳои мухталифи Толибон, махсусан, Шабакаи Ҳаққонӣ, тарси фавқулодаро бар зеҳнияти мардум ҳоким сохта ва боис шуда то касе ҷуръат накунад дар баробари режими худкома, пӯшолӣ ва қавммеҳвари Толибон, сар баланд кунад;
- Амалкарди ноком ва таҷрибаи талхи сардамдорони ҷумҳурии фасод: мардуми хаста аз бист соли фасоди густурда дар дастгоҳҳои ҳукуматӣ, зулму беадолатӣ, адами ҳокимияти қонун ва набуди як низоми машрӯъи мардумӣ, ки дар дифоъ аз ҳуқуқи машрӯъи мардум бояд мебуд, аз ҳар хел таҳаввули ногаҳонӣ ва тағйир дар баробари Толибон, бимноканд. Тафаккури ҳамагонӣ бар ин аст, ки агар Толибон ҳоким набошанд, золими дигаре, ҷойгузини онҳо хоҳад шуд ва фарқе барои мардум надорад, ки кӣ ва чӣ гуна ҳукумат мекунад;
- Ноумедии мардум аз шаклгирии як раҳбарии тавонманди мубтанӣ бар харизмаи мардумӣ: дар беш аз чиҳил соли гузашта, набуди раҳбарии тавонманд ва мардумӣ, ки тавони истодан дар баробари буҳронҳои умумӣ ва миллиро дошта бошад, ба мудирияти буҳрон бипардозад, шакл нагирифтааст. Мардум бо таваҷҷуҳ ба таъриху гузаштаи ибратноки он, ҳеҷ гуна умеде барои шаклгирии як раҳбарии тавонманд надорад, ки битавонад, паёми наҷот диҳад ва нусхаеро барои ҳалли буҳрони Афғонистон, пешниҳод кунад. Биноан, ноумедии мардум ва яъси умумии ҳоким бар фазо боис шуда то мардум нисбат ба тағйири вазъият ба сӯи беҳбудӣ, беалоқа ва бебовар шаванд;
- Адами тамоюли ҷамъӣ барои як басиҷи сиёсии маънидор: аз ин ки раҳбарии муваффақ дар таърихи гузаштаи Афғонистон шакл нагирифта ва тавони лозим барои басиҷи сиёсии мардум ба шакли маънидори он вуҷуд надошта, биноан, иродаи умумӣ барои тағйири вазъият ба воситаи як басиҷи сиёсӣ вуҷуд надорад. Мардуми беалоқа ба кори ҷамъӣ барои як ҳаракати умумӣ ва адолат хоҳонанд. Пас дар таҳти чунин шароите, имкони қиёми умумӣ ва басиҷи сиёсии мардум дар баробари Толибон вуҷуд надорад;
- Набуди имконот барои шаклдиҳии як мубориза ва муқовимати маънидори умедворкунанда: аз як тараф муқовимат бар зидди Толибон дастоварди чандоне надоштааст ва аз сӯи дигар, фуқдони имконоти лозим барои роҳандозии як муқовимати мардумӣ дар баробари Толибон, ҳар гуна заминаи қиёми умумӣ дар баробари Толибонро мардуд сохтааст. Замоне ки мардум менигаранд, ки имконоте барои муқовимат вуҷуд надорад, ин худ ба худ, рӯҳияи ҳамагониро коҳиш дода ва заминаҳои яъсу ноумедиро падид меоварад;
- Чанддастагии ақвоми сокин ва моҳияти ҷангии масъала бо меҳварияти қавму забон: ин масъала борҳо изъон шудааст, ки моҳияти ҷанг дар Афғонистони таҳти контроли Толибон ва ҳатто аз қабл аз он, як моҳияти қавмӣ аст ва парадигмаи қавмгароӣ бар муҳосибот ва таомулоти сиёсиву ҷангӣ башиддат ҳоким аст. Ба ин ҳисоб ақвоми сокин дар Афғонистон, чанддаста буда ва моҳияти қавмӣ ва табории муъзалаи Афғонистон як буъди барҷастаи ин буҳронро нишон медиҳад.
Пас бо чунин шароите имкони басиҷ, роҳандозии қиёми умумӣ ва умед барои мубориза бо Толибон, комилан мунтафӣ аст. Ило ин ки як раҳбарии ҷадиди ҷавон бо ривояти тоза, садоқати лозим, басирати сиёсии лозим ва маъқул, барнома ва барномаи машрӯъ ва қобили қабул, барои наҷоти мардум аз вазъияти феълӣ, иқдом кунад. Инчунин таҳаввул метавонад аз лиҳози камиву кайфӣ дар маънӣ ва мӯҳтавои муқовимат, тағйири шигарферо эҷод кунад ва мардумро водор ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари Толибон намояд.






