Оё Амрико сидқан ба манъи таҳсили духтарон аз сӯи Толибон мухолиф аст?
Нависанда: Сурайё Баҳо, нависанда
Оқои Том Вест, мамнуъият ва маҳрумияти духтарон аз илму дониш, паёмади ду даҳа хиёнат ва ҷинояти ду раисҷумҳури баргузидаи шумост ва ҳимояти шумо аз Толибон!
Дар нахуст мепардозем ба ҷинояти Карзай ва Ғанӣ, ки ин ду ҷинояткор пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва саркӯби Толибон ва десанти Ҳомид Карзай ба унвони раисҷумҳури ҳукумати исломии кишвар, ки дар шакли исломӣ ва дар моҳияту андешаи Карзай ва Ғанӣ, ки ҳар ду боварҳои исломӣ надоштанд, аммо исломӣ амал мекарданд.
Карзай дар ҳамон нахустин моҳҳо ва солҳои ҳокимияти худ Толибонро, ки саркӯб шуда буданд, дубора эҳё кард, бо авотифи шадиди қавмӣ ва фашистии худ онҳоро бародарони норозӣ хонду ҳазорон ҳазор толибро аз зиндонҳо раҳо кард ва барои тақвияти молиашон кишту тавлиди маводи мухаддирро озод дар дасти ҳамон бародарони норозии худ гузошт, то бо тавлиди маводи мухаддир решаҳояшон бештар тақвият шавад ва ба як неруи ҳаюлоӣ мубаддал шаванд ва бар мабнои ҳамин ҳадаф ба тазъифи Шимоли кишвар ва террори раҳбарони барҷастаи тоҷик мубодарат варзид.
Қасим Фаҳим, Абдуллоҳ, Амруллоҳ, Бисмиллоҳ ва дигар “уллоҳҳо”, Аҳмад Зиё, Салоҳуддин Раббонӣ (бо васфи террори падараш) ба даври ҳукумати террористи Карзай мечархиданд ва ҳамин раҳбарони хоини тоҷик, ҳазора ва ӯзбек пояҳои ҳукумати фашистии Карзайро нукарманишона бар дӯши худ ҳамл мекарданд, барои тадовуми куштору интиҳори ҳазорон ҳазор инсони бегуноҳи сарзаминамон, ки чашмони шараф ва виҷдонашонро чанд мақоми ҳукуматӣ кӯр ва масх карда буд.
Карзай рисолати толибпарварӣ ва ҷиноятсолориро ба Ғанӣ, ин девонаи равонӣ ба унвони мағзи мутафаккири ҷиноят интиқол дод. Ғанӣ ҳам бародарони норозии Карзайро аз зиндонҳо ба пиндори фашистии вай, ки одилона нест, танҳо як қавм дар зиндонҳо бошанд, берун кашид.
Ғанӣ Аҳмадзаӣ ва тими фашистии вай бо фирори барномарезишуда ва дуздии миллионҳо доллар, қудрат ва сарнавишти кишвар ва мардумро огоҳона ва ҳадафмандона ба дасти ҳамтаборони ҷинояткори худ супурд, ҳамчуноне, ки Наҷиб Аҳмадзай бо фирори нокомаш қудратро ба Гулбиддини ҳамтабори худ супурда буд.
Чизи ҷолиб, ки намояндаи вижа Амрико барои Афғонистон, тасмими Толибон мабнӣ бар бастани донишгоҳҳо ба рӯи духтаронро “ғайри қобили дифоъ” хонд ва гуфт: “Бо ин сиёсатҳо шадидан мухолифат мекунем”. Том Вест афзуд, ки ӯ нигарони духтароне аст, ки ба думболи таҳсил ва ҳимоят аз хонаводаҳояшон ва таҳаққуқи рӯъёҳои худ ҳастанд.
Як касе ҳаст ё нест, ки барои Том Вест бигӯяд, ки агар равиши берҳмонаи Толибон дар қиболи таҳсили духтарон “ғайри қобил дифоъ” аст, чаро барои ин неандерталҳо ҳафтавор 40 миллион доллар медиҳед?