Набард бар сари назми ояндаи ҷаҳон чӣ гуна ҷараён дорад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Вазъият дар Афғонистон, Украина ва Эрон ба унвони се конуни буҳрон, се хатти тақобул ва се ҷабҳаи рақобат миёни Шарқу Ғарб ҳамчунон муташанниҷ ва таъйинкунанда боқӣ мондааст. Дар Украина ҷанг ба сӯи як набарди фарсоишӣ дар ҳаракат аст; тавозуни нисбӣ дар майдон барқарор монда ва чашмандози поёни он ҳамчунон мубҳаму норӯшан аст. Дар Эрон ҳамзамон эҳтимоли ҷанг, сулҳ ё идомаи вазъи мавҷуд, ки маҳсули чоназанӣ миёни қудратҳои бузург ва мувозинаҳои минтақавӣ аст, қобили мушоҳида мебошад. Дар Афғонистон низ, дар канори нигарониҳои рӯзафзун нисбат ба шиканандагии вазъи мавҷуд, ҳузури тадриҷӣ ва хазандаи бозигарони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ин ҷуғрофиёро ҳамчунон ба нуқтае мустаъид барои тасодуми манофеи Шарқу Ғарб наздик месозад.
Дар натиҷаи ин раванд, конунҳои буҳрон, ки ба сурати билқувва ва ҳамзамон дар ташдиди рақобатҳо, тасодумҳо ва чоназаниҳои роҳбурдии қудратҳои бузург нақши меҳварӣ ифо мекунанд, фаъол нигаҳ дошта шудаанд. Ба баёни дигар, он чӣ имрӯз дар Афғонистон, Эрон ва Украина ҷараён дорад, бахше аз як пазли бузургтар дар саҳифаи бозии қудратҳои ҷаҳонӣ аст; пазле, ки бар сари шаклдиҳии назми ояндаи ҷаҳон ва таъйини мухтасоти низоми байналмилалии нав дар ҳоли такмил шудан аст.
Дар ин назми навзуҳур, на танҳо абъоди сахтафзории қудрат ва тақобулҳои низомӣ нақш хоҳанд дошт, балки таркибе аз муаллифаҳои иқтисодӣ, расонаӣ, фанновариҳои пешрафта, амнияти киберӣ, ҷанги шинохтӣ ва рақобат бар сари контролу идораи идроки умумӣ ҷаҳонро аз сохтори кунунӣ ба сӯи як назми нави мураккаби пасоқутбӣ савқ хоҳад дод. Дар чунин фазо, бозигароне муваффақтар хоҳанд буд, ки илова бар бархӯрдорӣ аз қудрати сахт, тавоноии эътилофсозии минтақавӣ, мудирияти афкори умумӣ, ҳифзи тобоварии иқтисодӣ ва эҷоди зарфиятҳои чандқабатаи амниятиро низ дар ихтиёр дошта бошанд. Ин бозигарон қодир хоҳанд буд муодилоти ояндаро шакл диҳанд ва саҳифаҳои таърихи ҷаҳони ояндаро ба суди худ бинависанд.
Нуктаи қобили тааммул дар бораи ин се конуни буҳрон он аст, ки ҳар се дар имтидоди камарбанди геополитикии Авруосиё қарор гирифтаанд; мавзӯе, ки бори дигар назарияҳои классикии рақобати геополитикии мубтанӣ бар Ҳартленд ва Римлендро, албатта, на дар қолаби суннатии он, балки мутаносиб бо илзомоти навини амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ эҳё мекунад.
Назарияи “конунҳои буҳрон” нишон медиҳад, ки бесуботӣ дар ин манотиқ зарфияти болое барои сирояти ноамнӣ ба муҳити атроф ва ҳатто кулли низоми байналмилалӣ дорад ва метавонад нақши инкорнопазире дар таъйини моҳияти назми ояндаи ҷаҳонӣ ифо намояд. Дар амал, ин конунҳои буҳрон бозтобдиҳандаи мантиқи як рақобати сард, хомӯш ва камҳазина миёни қудратҳои бузург ҳастанд; рақобате, ки агарчи фоқиди рӯёрӯии мустақими густарда аст, аммо дар моҳияти худ шабоҳатҳои зиёде бо нусхаи ҷадиде аз Ҷанги Сард дорад ва дар имтидоди масири таъмини манофеи роҳбурдии қудратҳои бузург шакл гирифтааст.
Фаротар аз ин се конуни фаъоли буҳрон, минтақаҳои буҳронхези нимфаъол ва дорои зарфияти таъсиргузорӣ низ дар оянда аҳаммияти бештар хоҳанд ёфт. Тайван, Амрикои Лотинӣ, Африқо ва ҳатто Шарқи Дур ба унвони майдонҳои нави рақобат миёни қудратҳои ҷаҳонӣ батадриҷ фаъол хоҳанд шуд. Дар канори ин манотиқ, Қутби Шимол, масъалаи Гренландия, Канали Панама ва тангаи Ҳурмуз низ дар имтидоди геополитикаи гузаргоҳҳо аз пеш вориди мизи чоназании қудратҳои бузург шудаанд ва мутаносиб бо таҳаввулоти муҳитӣ ба сурати худкор фаъол ё ғайрифаъол мегарданд.
Дар даруни ин конунҳои буҳрон, минтақаҳои хосе вуҷуд доранд, ки бар асоси назарияи маҷмуаҳои амниятии минтақавӣ дар як бистари рақобатии мураккаб нақшофарӣ мекунанд. Бар мабнои ин мантиқ, амнияти Аврупо, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Дур дигар падидаҳое ҷудо аз якдигар нестанд, балки дар чорчӯби як қоидаи куллии бозӣ миёни қудратҳои бузург ба шиддат ба ҳам вобаста буда, дорои хусусияти сироятпазирӣ мебошанд.
Ҳамзамон бо густариши таҳдидҳои навини амниятӣ дар ин манотиқ, вобастагии мутақобили амниятӣ, такяи рӯзафзун ба эътилофҳои минтақавӣ ва зарурати муқобилаи ҷамъӣ бо таҳдидҳо аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Дар чунин шароит, мудирияти буҳронҳо ва таҳдидҳо бидуни ҳамкориҳои густардаи минтақавӣ ва фароминтақавӣ бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад буд.
Украина дар масири гузар аз як тақобули сирфан низомӣ миёни Шарқ ва Ғарб ба як рақобати геополитикӣ, тамаддунӣ ва ҳувиятӣ ҳаракат мекунад. Аз ҳамин рӯ, бунбасти кунунӣ дар майдонҳои набард беш аз он ки сирфан маҳсули фишорҳои низомӣ бошад, ношӣ аз эҳтиёти бозигарони аслӣ дар як бозии бузургтари геополитикӣ ва тамаддунӣ аст; бозие, ки кӯчактарин иштибоҳ дар он метавонад масири таҳаввулоти ояндаи ҷаҳонро ба сӯи вазъиятҳои ғайриқобили пешбинӣ савқ диҳад.
Эрон низ бо вуҷуди таҷрибаи ҷанги шашҳафтаина ва паёмадҳои ношӣ аз он, ба яке аз фаъолтарин конунҳои буҳрон дар саҳифаи рақобатҳои ҷаҳонӣ табдил шудааст. Рақобат дар Ховари Миёна беш аз он ки сирфан як тақобули тамаддунӣ бошад, арсае барои рақобат бар сари амнияти энержӣ, эҷоди боздорандагии минтақавӣ, контролу идораи масирҳои роҳбурдӣ ва тарсими хатҳои ояндаи тавозун миёни Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Афғонистон пас аз хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ба фазои рақобати хомӯши иттилоотӣ, амниятӣ ва геополитикӣ миёни меҳварҳои мухталифи қудрат табдил шудааст. Ин кишвар, бо вуҷуди суботи шикананда, набуди машруияти сиёсии фарогир ва адами шаклгирии як назми қобили такя барои ҳар ду сӯи рақобати ҷаҳонӣ, ҳамчунон мустаъиди бозиҳои иттилоотӣ, рақобатҳои пинҳони амниятӣ, ҳидояти нерӯҳо дар қолаби гурӯҳҳои ниёбатӣ, интиқоли буҳрон ба манотиқи атроф ва ифои нақш ба унвони ҳалқаи васл миёни камарбандҳои амниятӣ, ҳувиятҳои геополитикии мутафовит ва хатҳои тамаддунии мутаориз дар имтидоди гусалҳои роҳбурдӣ мебошад.
Аз ин манзар, тадовуми буҳрон дар Украина, пӯёии вазъият дар Афғонистон ва талоши ҳамзамон барои мудирияти сулҳ ва ҷанг дар Эрон баёнгари мантиқи эҷоди умқи амниятии Авруосиёӣ дар баробари фишорҳои геополитикии Ғарб аст. Дар муқобил, Ғарб низ бо такя бар роҳбурди бесуботсозии контролшуда, ҷазби муттаҳидони нави минтақавӣ ва баҳрагирӣ аз зарфияти бозигарони фурсатталаб ё осебпазир, талош дорад мудирияти рақобатро аз роҳи дур ҳифз кунад.
Шарқи дупора, дар қолаби навъе ҳамгароии нонавишта миёни Эрон, Русия ва Чин ва Ғарби чандқабата, дар чорчӯби тафоҳумҳои суннатӣ миёни Амрико, Британия, Аврупо, кишварҳои арабӣ ва Туркия, ҳар яке дар талошанд муодилоти қудратро ба суди худ тағйир диҳанд. Дар ин миён, маҳори зарфиятҳои геополитикӣ ва роҳбурдии блоки Шарқ аз тариқи эҷод ва тадовуми буҳронҳои амниятӣ дар нуқоти ҳассос ба яке аз аҳдофи аслии бозигарони ғарбӣ табдил шудааст.
Дар ниҳоят, он чӣ имрӯз дар Украина, Эрон ва Афғонистон ҷараён дорад, сирфан маҷмуае аз буҳронҳои мустақил ва ҷудогона нест, балки бахше аз як рақобати густардатар барои шаклдиҳии назми ояндаи ҷаҳон ба шумор меравад. Ҷаҳон дар ҳоли убур аз сохтори такқутбӣ ба самти як низоми чандқутбии пуртаниш ва мураккаб аст; назме, ки дар он ҷангҳо дигар сирфан дар майдонҳои низомӣ таъриф намешаванд, балки иқтисод, расона, фанноварӣ, амнияти киберӣ, амалиётҳои шинохтӣ ва рақобат бар сари контролу идораи ривоятҳо низ ба андозаи қудрати низомӣ аҳаммият ёфтаанд.
Дар чунин шароит, бозигароне қодир хоҳанд буд дар ин рақобати бузург муваффақ шаванд, ки афзун бар бархӯрдорӣ аз қудрати сахт, тавоноии мудирияти идрок, эътилофсозии муассир, афзоиши тобоварии иқтисодӣ ва амниятӣ ва созгорӣ бо таҳаввулоти шитобони муҳити байналмилалиро низ дар ихтиёр дошта бошанд.