Чаро “Шоҳнома” барои ихвониҳо хатарнок аст?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Қисмати аввал:
Қисмати дуввум:
— СЕВУМ —
ИХВОНИЗМИ АФҒОНИСТОНӢ ВА ШИКАСТИ ТАЪРИХИИ ҲАВЗАИ ПОРСӢ
1 - Буҳрони аслӣ; нухбагоне бидуни ҳофизаи тамаддунӣ
Яке аз фоҷиабортарин воқеиятҳои таърихи муосир, ҳадди ақал чаҳор даҳаи ахир дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон ин аст, ки бахши бузурге аз нухбагони сиёсии порсизабон, дар ҳассостарин марҳалаи таърихи худ, фоқиди як огоҳии тамаддунии мустақил буда ва ҳастанд. Онон ба забони порсӣ сухан гуфтаанд, дар ҷуғрофиёи Хуросони таърихӣ зиста ва аз бистари иҷтимоии тоҷикҳо ва дигар ақвоми порсизабон бархостаанд, аммо дастгоҳи фикриашон на бар бунёди таърих ва фалсафаи порсӣ, балки бар меҳвари исломгароии сиёсӣ ва идеологияи “Ихвонулмуслимин” ва дигар идеологияҳо шакл гирифтааст.
Дар натиҷа, миёни “ҳувияти забонӣ” ва “огоҳии тамаддунӣ” шикофе амиқ падид омадааст.
Ин ҷараёнҳо ҳаргиз натавонистанд порсӣ буданро ба як пружаи сиёсӣ ва таърихӣ табдил кунанд. Тоҷик будан барои бисёре аз раҳбарони онон бештар як мавқеияти иҷтимоӣ буд то як огоҳии таърихӣ. Онон ба ҷойи он ки масъалаи султаи қавмӣ, тамаркузгароии афғонистонӣ ва буҳрони ҳувиятро таҳлил кунанд, ҳама чизро дар чорчӯби “уммати исломӣ” ва “ваҳдати динӣ” ҳал карданд.
Ин ҳамон нуқтаест, ки ихвонизми афғонистонӣ, дар амал ба бозӯи нохостаи тадовуми сохтори султаи пуштунӣ табдил шудааст.
2 - Ҷамъияти Исломии Афғонистон; аз муқовимат то инҳилоли ҳувиятӣ
Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар оғоз, барои бисёре аз тоҷикҳо ва порсизабонон, рамзи муқовимат дар баробари иқтидоргароии қавмии пуштунӣ ва баъдтар ишғоли шӯравӣ буд. Аммо мушкили бунёдии ин ҷараён аз ҳамон ибтидо дар бунёни назарии он нуҳуфта буд. Идеологияи аслии Ҷамъияти Исломӣ на бар меҳвари адолати қавмӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишт, балки бар бунёди қироати ихвонӣ аз исломи сиёсӣ шакл гирифта буд.
Дар чунин сохтор:
- ҳувияти қавмӣ амре фаръӣ талаққӣ мешуд;
- масъалаи забон ба ҳошия мерафт;
- ва таърихи пешоисломӣ дар кулл беаҳамият шумурда мешуд.
Раҳбарони ин ҷараён, ҳатто замоне, ки аз баданаи тоҷик ва порсизабон бархоста буданд, худро пеш аз ҳар чиз “исломгаро” медонистанд, на ҳомилони як пружаи тамаддунии порсӣ.
Ҳамин масъала боис шуд, ки Ҷамъияти Исломии Афғонистон, алаорағми бархӯрдорӣ аз бузургтарин сармояи инсонии ҳавзаи порсӣ, ҳаргиз натавонад ба як ҷунбиши раҳоибахши таърихӣ табдил шавад. Ин ҷараён на танҳо муваффақ ба бозтаърифи ҷуғрофиёи ҷаълии Афғонистон нашуд, балки дар бисёре маворид, нохоста ба бозтавлиди ҳамон сохтори “Афғонистони воҳид ва исломӣ” кӯмак кард; сохторе, ки бар меҳвари султаи таърихии пуштунизм бино ёфтааст.
3 - Ихвонизм ва афғонистонгароӣ
Дар зоҳир, исломгароии ихвонӣ бо қавмгароӣ тафовут дорад; аммо дар Афғонистон, ин ду дар амал ба шакле печида дар ҳам танидаанд. Ихвонизми афғонистонӣ дар ҳавзаи порсиён, ба далели нотавонӣ дар фаҳми масъалаи миллатҳо ва тамаддунҳо, дар амал ба навъе “афғонистонгароии исломӣ” гароиш доштааст.
Афғонистонгароӣ дар миёни онҳо фақат як мафҳуми ҷуғрофиёӣ набуд; балки пружае сиёсӣ барои ҳифзи давлати мутамаркиз, инкори такассури тамаддунӣ ва ҳал кардани ҳамаи ҳувиятҳо дар қолиби “миллати афғон”буд.
Ихвониҳои тоҷик ба ҷойи нақди ин сохтор, онро муқаддас карданд; зеро бақои “уммати исломии Афғонистон” барои онҳо муҳимтар аз масъалаи адолати таърихӣ буд. Ба ҳамин далел:
- ҳар гуна сухан аз федерализм ё ҳаққи таъйини сарнавишт, таҷзияталабӣ пиндошта мешуд ва мешавад;
- нақди пуштунизм, тазъифи ваҳдати исломӣ талаққӣ гардид;
- ва масъалаи забони порсӣ ба сатҳи як мутолибаи фарҳангии фаръӣ тақлил ёфтааст.
Дар натиҷа, ихвонизм на танҳо ба раҳоии ҳавзаи порсӣ кӯмак накардааст, балки онро аз шаклгирии як субъекти сиёсии мустақил боздоштааст.
4 - Фалаҷсозии ҷабҳаи муқовимат
Пас аз суқути ҷумҳурият ва бозгашти Толибон буҳрони назарии ин ҷараён ошкортар шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз сармояи азими таърихӣ, инсонӣ ва отифӣ, фоқиди як пружаи рӯшани тамаддунӣ ва сиёсӣ буд. Ин халоъ иттифоқӣ набуд; балки натиҷаи даҳаҳо салтаи тафаккури ихвонӣ бар зеҳнияти бахши бузурге аз нухбагони порсизабони он буд.
Мушкили аслӣ ин буд, ки раҳбарони ин ҷараён:
- ҳанӯз Афғонистонро муқаддас дониста ва медонанд;
- ҳанӯз аз нақди решаии сохтори қавмии давлат метарсанд;
- ва ҳанӯз миёни исломгароӣ ва раҳоии тамаддунӣ саргардонанд.
Дар натиҷа, муқовимат ба ҷойи он ки ба ҷунбише барои бозтаърифи назми сиёсӣ ва эҳёи ҳаққи таъйини сарнавишт табдил шавад, дар сатҳи вокуниши низомӣ боқӣ монд.
Ихвонизм, ҳавзаи порсиро аз тавлиди “фалсафаи муқовимат” нотавон сохт; зеро ин идеология бар умматгароӣ бино шуда ва наметавонад масъалаи тамаддуни мустақили порсиро бипазирад.
5 – Чаро ”Шоҳнома” барои ихвониҳо хатарнок аст?
Дар ин ҷо бори дигар бояд ба Абулқосим Фирдавсӣ бозгашт. Ҳамон тавр ки пештар ёдовар шудам, далели ҳассосияти пинҳони бахше аз исломгароён нисбат ба “Шоҳнома”, танҳо адабӣ ё таърихӣ нест; балки сиёсӣ ва маърифатӣ аст.
“Шоҳнома” ба порсизабон меомӯзад, ки:
- машрӯъият аз дод меояд, на танҳо аз дин;
- инсон масъули сарнавишти хеш аст;
- ва муқовимат дар баробари бедод, вазифае ахлоқӣ аст.
Бинобар ин, “Шоҳнома” ҳофизае мустақил халқ мекунад, ки чизе ҷуз ҳофизаи порсӣ ва ҳувиятӣ нест.
6 - Ихвонизм ва буҳрони хирад
Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои салтаи ихвонизм дар Афғонистон тазъифи суннати хирадварзӣ дар миёни нухбагони порсизабон будааст. Ин ҷараён, ба ҷойи он ки мероси фалсафии Хуросон — аз Абунаср Форобӣ ва Ибни Сино то Шаҳобиддин Суҳравардӣ ва Носири Хусрав — ро эҳё кунад, бештар ба самти адабиёти таъаббудӣ, идеологӣ ва шиорӣ рафт.
Дар чунин фазо:
- фалсафа ба ҳошия ронда шуд;
- нақди таърихӣ саркӯб гардид;
- ва ҳувияти тамаддунӣ ҷойи худро ба шиорҳои умматгароёна дод.
Натиҷаи ин раванд, шаклгирии насле буд, ки забони порсӣ дошт аммо ҳофизаи таърихии порсӣ надошт; насле, ки метавонист “Шоҳнома” бихонад аммо ҷаҳонбинии Фирдавсиро дарк накунад.
Ин ҳамон буҳрони амиқе аст, ки имрӯз ҳавзаи порсии Афғонистон бо он рӯбарӯст.
7 - Шикасти таърихии пружаи ихвонӣ
Имрӯз, пас аз даҳаҳо ҷанг, муҳоҷират, фурӯпошӣ ва бозгашти Толибон метавон бо сароҳат гуфт, ки пружаи ихвонӣ дар Афғонистон шикаст хӯрдааст. Ин шикаст танҳо низомӣ ё сиёсӣ нест; балки шикасти як ҷаҳонбинӣ аст.
Ихвонизм натавонист:
- адолати қавмӣ эҷод кунад;
- давлати модерн бисозад;
- толибонизмро маҳор кунад;
- ё ҳатто ҳувияти мустақили пайравони худро ҳифз намояд.
Дар ниҳоят, ин ҷараён миёни ду нерӯи бузург хурд шуд:
- аз як сӯ, бунёдгароии қабилаии пуштунии Толибон;
- ва аз сӯи дигар, сохтори таърихии пуштунизми давлатӣ.
Далели ин шикаст рӯшан аст: ҷараёне, ки ҳофизаи тамаддунии худро инкор кунад, дар лаҳзаи буҳрон фоқиди сутунҳои муқовимат хоҳад буд.
8 - Зарурати бозгашт ба хиради тамаддунии порсӣ
Ҳавзаи порсизабон дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон барои хуруҷ аз буҳрони таърихии худ, ниёзманд ба бозгашт ба сарчашмаҳои хиради тамаддунии хеш аст; на бозгашт ба гузашта ба маънои носталжик, балки бозхонии интиқодии суннате, ки:
- хирадро бар таъаббуд муқаддам бидонад;
- адолатро меъёри машрӯъият бишморад;
- ва инсонро масъули сарнавишти хеш созад.
Ин суннатро метавон дар пайванд миёни:
- Абулқосим Фирдавсӣ;
- Носири Хусрав;
- Ибни Сино;
- Шаҳобиддин Суҳравардӣ;
- ва ҳатто ҷунбишҳои муосири ҳақталабона, аз ҷумла “Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон” мушоҳида кард.
Бидуни эҳёи ин ҳофиза, ҳавзаи порсӣ ҳамчунон дар чархаи шикаст ва инфиъол боқӣ хоҳад монд.
Он чи имрӯз зарурат дорад, на бозтавлиди ихвонизм ва на такрори афғонистонгароӣ, балки таваллуди дубораи як огоҳии тамаддунии мустақил аст, ки дар он ин огоҳӣ битавонад:
- аз ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми мо дифоъ кунад;
- сохтори султаи ҳокими афғониро ба чолиш бикашад;
- ва инсони порсизабонро дубора ба субъекти таърих ва фалсафаи хеш мубаддал созад!
ФАРҶОМ
Буҳрони ҳавзаи порсиён дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон танҳо буҳрони қудрати сиёсӣ нест; балки пеш аз он, буҳрони огоҳии таърихӣ ва тамаддунӣ аст. Ҷомеае, ки ҳофизаи худро аз даст дода бошад, ҳатто агар забон, ҷамъият ва ҷуғрофиё дошта бошад, дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз нотавон аз тавлиди иродаи таърихӣ хоҳад буд. Он чи дар даҳаҳои ахир бар тоҷикҳо ва дигар порсизабонон дар ҷуғрофиёи ба номи Афғонистон гузашт, беш аз ҳар чиз маҳсули ҳамин гусасти ҳофиза буд, ки бахши муҳимме аз он ба султаи идеологияҳои коммунистӣ, ихвонӣ ва афғонистонгароӣ бозмегардад.
Як бахши бузурги ҷараёнҳои ихвонӣ, бо вуҷуди он ки аз батни ҷомеаи порсизабон бархоста буданд, ҳеҷ гоҳ натавонистанд масъалаи ҳувият ва тамаддунро ба гунаи мустақил дарк кунанд. Онон ҳамвора кӯшиданд порсӣ буданро дар чорчӯби уммати исломӣ таъриф кунанд ва таърихи ҳавзаи Хуросонро на ба унвони як тадовуми тамаддунии мустақил, балки ба масобаи бахше аз таърихи хилофати исломӣ бозхонӣ намоянд. Ҳамакнун ҳам аксарияти мутлақи хуросонхоҳон дар ҷуғрофиёи ба номи Афғонистон диде фаротар аз “Хуросони исломӣ” надоранд!
Дар чунин дастгоҳи фикрӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ногузир ба як шоир тақлил меёбад, “Шоҳнома” аз мақоми манифести тамаддунӣ поин меафтад ва нақши фақеҳон ва сардорони хилофат болотар аз ҳофизаи таърихии як миллат муаррифӣ мешавад.
Аммо ҳақиқати таърихӣ чизи дигарест.
Агар забони порсӣ танҳо бо фатвои фақеҳон зинда монда буд, имрӯз асаре аз он вуҷуд намедошт. Он чи ин забонро аз миёни вайрониҳои сиёсӣ, ҳамалоти низомӣ, султаи хилофат, юриши муғул ва истибдодҳои мутаволӣ убур дод, фақат сохтори қудрат набуд; балки ҳофизаи тамаддунӣ ва фалсафаи зиндагии нуҳуфта дар он буд, ки деҳқонон онро нигоҳдорӣ мекарданд — ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ:
“Зи гуфтори деҳқон яке достон —
Бипайвандам аз гуфтаи бостон”.
Онон табақаи миёна, нигоҳдорандагон ва ровиёни устураҳо, ҳофизаи таърихӣ ва достонҳои бостон буданд. Фирдавсӣ он ҳофизаҳоро ба забони ҳамоса суратбандӣ кард ва “Шоҳнома”-ро ба бузургтарин сангари муқовимати фарҳангӣ дар таърихи Машриқзамин табдил сохт.
Ба пиндори ман, “Шоҳнома” китоби гузашта нест, балки барнома барои оянда аст. Зеро дар бунёди он, чанд асли ҷовидон вуҷуд дорад:
- асолати хирад дар баробари таъаббуд;
- машрӯъияти дод дар баробари истибдод;
- масъулияти инсон дар баробари таърих;
- ва муқовимат дар баробари аҳримани сиёсӣ.
“Шоҳнома” санадест дар баробари тамоми афкори ирфонӣ ва суфигарӣ, бавижа аз даврони муғулҳо ба баъд, ки рӯҳи муқовиматро дар ҳавзаи мо аз ҳам пошонд.
“Шоҳнома” инсонро ба субъекте озод, хирадманд ва масъул мубаддал месозад. Ҳамин вижагӣ аст, ки ҷараёнҳои бунёдгаро барнаметобанд.
Шикасти пружаи ихвонӣ дар Афғонистон низ дуруст аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. Ин ҷараён, чун фоқиди ҳофизаи тамаддунии мустақил будааст, натавонист дар баробари толибонизм ва сохтори таърихии султаи ҳокими афғонӣ, муқовимати фикрӣ тавлид кунад. Чеҳраҳои шохиси бозмондаи ҷараён метавонистанд муқовимати низомӣ кунанд, аммо фоқиди фалсафаи раҳоӣ буданд. Дар ниҳоят низ, миёни афғонистонгароӣ, умматгароӣ ва воқеияти салтаи қавмӣ саргардон боқӣ монданд.
Ҳавзаи порсӣ имрӯз дар баробари як интихоби таърихӣ қарор дорад:
- ё ҳамчунон дар чорчӯби идеологияҳои фарсуда ва давлатмеҳвари афғонистонӣ боқӣ бимонад;
- ё ба бозсозии огоҳии тамаддунии мустақили хеш рӯй оварад.
Ин бозсозӣ, бидуни бозгашти интиқодӣ ба сарчашмаҳои хиради порсӣ мумкин нест; сарчашмае, ки аз Ибни Сино ва Фирдавсӣ то Шаҳобиддин Суҳравардӣ ва Низомулмулк имтидод ёфтааст. Мақсуд аз бозгашт, такрори носталжики гузашта нест, балки эҳёи рӯҳе аст, ки инсонро масъули таърихи хеш дар шароити ҷадид намояд, ки бархӯрди тамаддунҳо як бахши пружаи он мебошад.
Ҳавзаи порсизабонони мо дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон ниёзманди чанд таҳаввули бунёдин барои бақо ва раҳоии хеш аст:
1 - Бозсозии ҳофизаи таърихӣ
Бояд таърихи Хуросон ва ҷаҳони порсӣ аз зери сояи ривоятҳои расмии афғонистонӣ ва исломгароёна берун кашида шавад. Наслҳои ҷадид бояд бидонанд, ки ҳувияти онон танҳо дар чорчӯби шибҳидавлати модерни Афғонистон таъриф намешавад, балки реша дар як тамаддуни чандҳазорсола дорад.
2 - Убур аз умматгароии сиёсӣ
Уммати исломӣ, дар таҷрибаи Афғонистони номниҳод, натавонист адолати қавмӣ, озодӣ ё баробарӣ эҷод кунад. Баръакс, дар бисёре маворид ба пӯшише барои истимрори султаи истибдодӣ ва нобаробарӣ табдил шуд. Такассури миллӣ ва тамаддунӣ дар ҷуғрофиёи ба номи Афғонистон номумкин аст; зеро қарордоди иҷтимоии байниқавмӣ барои шакл додани ҳокимият аз поён дар он вуҷуд надоштааст.
3 - Эҳёи фалсафаи хирад
Ҳавзаи порсӣ бояд дубора бо суннати фалсафии хеш оштӣ кунад. Ҷомеае, ки фалсафа, нақд ва хирадро канор бигузорад, ногузир асири таъаббуд, шиор ва бунёдгароӣ хоҳад шуд.
4 - Табдили порсизабонон ба субъекти сиёсии мустақил
То замоне, ки порсизабонон танҳо нерӯи инсонии пружаҳои дигарон бошанд, буҳрон идома хоҳад ёфт. Онон бояд битавонанд бар бунёди манофеи таърихӣ ва тамаддунии хеш, пружаи сиёсии мустақил таъриф кунанд; пружае, ки бар адолат, такассур ва ҳаққи таъйини сарнавишт устувор бошад — “Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон" барои бори нахуст чунин иқдомеро дар санади роҳбурдӣ ва даҳҳо санад ва тарҳҳои таҳлилӣ анҷом додааст.
5 - Бозхонии “Шоҳнома” ба унвони матни муқовимат
“Шоҳнома” бояд аз қафасаи адабиётӣ сирф берун оварда шавад ва дубора ба унвони матни зиндаи фалсафаи сиёсӣ, ахлоқи муқовимат ва ҳофизаи тамаддунӣ хонда шавад — он чи ки дар гузашта Эрон намуд ва Али Хоманаӣ китоби зери болини ҳар эронӣ номида буд ва акнун Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Зеро Фирдавсӣ на танҳо гузаштаро ривоят кард, балки улгуе барои бақо дар даврони фурӯпошӣ сохт. Ин улгуи бақоро мардуми Эрон дар ду ҷанг алайҳи Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон дод!
Дар ниҳоят, масъалаи аслӣ танҳо дифоъ аз Абулқосим Фирдавсӣ нест, балки дифоъ аз ҳаққи як тамаддун барои ҳифзи ҳофиза ва таърифи хеш аст. Низои воқеӣ, низоъ миёни ду ҷаҳонбинӣ аст:
- ҷаҳонбинии таъаббуд, уммат ва инқиёд;
- ва ҷаҳонбинии хирад, дод ва озодии таърихӣ.
Ҳавзаи порсӣ агар бихоҳад аз чархаи шикаст берун ояд, ногузир аст бори дигар ҷониби хирадро бигирад; ҳамон хираде, ки Фирдавсӣ ҳазор сол пеш онро бартарин гавҳари ҳастӣ номид:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.