Ӯ қасре сохт, ки масолеҳаш на сангу хишт, балки забон, ҳофиза, хирад ва муқовимат буд
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Қисмати аввал
— ДУВВУМ —
“ШОҲНОМА”; МАНИФЕСТИ ХИРАДИИ ҲАМОСӢ ВА ҲОФИЗАИ ТАМАДДУНИИ ПОРСӢ
1 - Фирдавсӣ; фаротар аз як шоир
Бузургтарин хатои хонишҳои идеологӣ аз Абулқосим Фирдавсӣ, тақлили ӯ ба як “шоир” аст, ки танҳо забони порсиро ҳифз кард ё маҷмӯае аз афсонаҳоро ба назм кашид. Ин ҳамон хатоест, ки дар ёддошти Ҳафиз Мансур низ дида мешавад; ҷое, ки нақши Фирдавсӣ дар канори фатвои Абӯҳанифа, иқдомоти низомии Абӯмуслими Хуросонӣ ё сиёсатҳои Сомониён қарор дода мешавад; гӯё “Шоҳнома” танҳо яке аз авомили фаръии бақои забон будааст. Ба бовари ман, бовари Ҳафиз Мансур дар ҳадди ҷаълҳое аст, ки нахуст ба Муҳаммад Ҳасанайн Ҳайкал дар бораи забони мисриён ва эрониён мансуб мешавад ва баъд тафсирҳои ғалати БиБиСи, ки Ҳафиз Мансур гом ба гом онро такрор кардааст.
Аммо воқеият таври дигар аст. Фирдавсӣ дар ҳақиқат на танҳо як шоир, балки меъмори ҳофизаи тамаддунии ҳавзаи порсӣ буд. Ӯ дар лаҳзае таърихӣ зуҳур кард, ки ҷаҳони эронӣ — хуросонӣ пас аз чанд қарн султаи хилофати арабӣ, дар остонаи истиҳолаи комили фарҳангӣ қарор дошт. Забони порсӣ ҳанӯз зинда буд, аммо фоқиди як “ривояти калони тамаддунӣ” буд, ки битавонад гузашта, устура, таърих, ахлоқ, сиёсат ва маънои буданро дубора ба якдигар пайванд диҳад.
Шоҳнома ин халоъро пур кард.
Фирдавсӣ забонро аз сатҳи абзори иртиботӣ ба сатҳи “ҳастии таърихӣ” иртиқо дод ва забонро “ҳастии инсон” сохт. Ӯ бо пайванд додани устура ва таърих, ҳофизае муштарак барои тамоми ҳавзаи тамаддунии порсӣ халқ кард, ки аз Балху Бухоро то Ҳирот ва аз Самарқанд, Тӯс, Исфаҳон то Кобулу Бадахшон имтидод ёфт. Ба ҳамин далел, “Шоҳнома” танҳо як асари адабӣ нест; балки навъе қонуни асосии нонавишта барои ҳувияти порсӣ аст.
2 - Хирад; сутуни аслии ҷаҳонбинии Фирдавсӣ
Нахустин вожаи бунёдини “Шоҳнома” “хирад” аст:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Ин оғоз тасодуфӣ нест. Абулқосим Фирдавсӣ ҷаҳонро на бар меҳвари таъаббуд, балки бар меҳвари хирад сомон медиҳад. Дар Шоҳнома, хирад меъёри санҷиши инсон, ҳукумат, ҷанг, ахлоқ ва машрӯъият аст. Шоҳи хуб касе нест, ки танҳо қудрат дорад ё муддаии диндорӣ аст; балки касе аст, ки бар мадори доду хирад ҳаракат мекунад.
Ин ҷаҳонбинӣ тафовуте бунёдин бо сохтори фиқҳӣ — каломии роиҷ дар ҷаҳони исломии қуруни миёна дорад; ба вижа бо суннати ашъарӣ ва баъдтар бо исломгароии сиёсии муосир. Дар тафаккури таъаббудӣ, ҳақиқати ниҳоӣ дар “насс” ва “итоат” нуҳуфтааст; аммо дар “Шоҳнома”, инсони хирадманд масъули сарнавишти хеш аст.
Ҳамин нукта аст, ки “Шоҳнома”-ро ба хатари маърифатӣ барои ҷараёнҳои ихвонӣ табдил мекунад. Зеро инсони ихвонӣ, пеш аз ҳар чиз “узви уммат” аст; аммо инсони Фирдавсӣ як субъекти таърихии мустақил аст, ки бояд миёни доду бедод якеро интихоб кунад.
3 – “Шоҳнома”; бозсозии ҳофизаи Эроншаҳрӣ
Пас аз фурӯпошии Сосониён, хилофати арабӣ танҳо ба султаи сиёсӣ басанда накард; балки кӯшид ҳофизаи таърихии ҷаҳони эрониро низ нобуд созад. Бисёре аз мутун, устураҳо ва суннатҳои фикрии Эрони бостон ё аз миён рафтанд ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар чунин шароит, хатари аслӣ фақат нобудии давлат набуд; балки фаромӯшии таърихӣ буд.
Фирдавсӣ дар баробари ҳамин фаромӯшӣ истод.
Ӯ таърих ва устураро дарҳам омехт то “тадовуми таърихӣ” халқ кунад. Дар “Шоҳнома”, Фаридун, Ҷамшед, Кова, Рустам ва Сиёвуш танҳо шахсиятҳои афсонавӣ нестанд; онон рамзҳои ҳофизаи тамаддунӣ ҳастанд. Ҳар як ҳомили мафҳуме сиёсӣ ва фалсафӣ ҳастанд:
- Кова, рамзи шӯриш алайҳи истибдод;
- Сиёвуш, рамзи покӣ ва адолат;
- Рустам, рамзи масъулият ва муқовимат;
- ва Заҳҳок, тасвири ҷовидони истибдод ва аҳримани сиёсӣ.
Ба ин тартиб, “Шоҳнома” ба мардуми ҳавзаи порсӣ ёдоварӣ кард, ки таърихи онон аз хилофат оғоз намешавад. Онон пеш аз Аббосиён ва Умавиён низ дорои фалсафаи сиёсӣ, низоми ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии мустақил будаанд.
Ба дурустӣ, ҳамин истиқлоли ҳофиза аст, ки ҷараёнҳои умматгароро озор медиҳад. Зеро идеологияи ихвонӣ мекӯшад ҳамаи ҳувиятҳоро дар “уммати исломӣ” ҳал кунад; дар ҳоле ки Шоҳнома аз як “тамаддуни мустақил” сухан мегӯяд.
4 - Фирдавсӣ ва фалсафаи сиёсии дод
Яке аз бунёдитарин мафҳумҳои “Шоҳнома”, «дод» аст. Дар ҷаҳони Абулқосим Фирдавсӣ, машрӯъияти сиёсӣ на аз насаб, қавмият ё ҳатто дин, балки аз адолат ва хирад сарчашма мегирад.
Шоҳ то замоне машрӯъ аст, ки додгар бошад. Ба маҳзи он ки ба худкомагӣ, ғурур ва бедод рӯй оварад, “фарраи эзадӣ”-ро аз даст медиҳад ва суқут мекунад. Ин мафҳум решае амиқ дар суннати Эроншаҳрӣ дорад ва баъдтар дар фалсафаи ишроқии Шаҳобиддин Суҳравардӣ низ бозтоб ёфт.
Дар “Шоҳнома”:
- Ҷамшед ба далели ғурур суқут мекунад;
- Заҳҳок ба далели ситам нобуд мешавад;
- ва Кайхусрав ба далели додгарӣ ба авҷи машрӯъият мерасад.
Ин нигоҳ, тафовуте бунёдин бо фиқҳи суннатӣ дорад, ки дар бисёрии маворид, итоат аз ҳокими мусулмонро — ҳатто агар золим бошад — барои ҷилавгирӣ аз фитна зарурӣ медонад. Фирдавсӣ аммо машрӯъиятро ахлоқӣ ва ақлонӣ мефаҳмад, на дар қолиби фиқҳӣ.
Аз ҳамин ҷост, ки “Шоҳнома” ба як матни билқувваи раҳоибахш табдил мешавад; зеро инсонро ба муқовимат дар баробари бедод фаро мехонад, на ба таслим дар баробари қудрат.
5 - Пайванди Фирдавсӣ бо Ибни Сино, Абунасри Форобӣ ва Шаҳобиддин Суҳравардӣ
Яке аз бузургтарин суитафоҳумҳо дар бораи “Шоҳнома” ин аст, ки онро танҳо асаре адабӣ пиндоштаанд; дар ҳоле ки ин асар ҳомили як суннати амиқи фалсафӣ аст; суннате, ки ҳам дар осори Форобӣ ё Ибни Сино ва баъдтар Суҳравардӣ ба шакли назарӣ ҷараён дошт.
Форобӣ аз “мадинаи фозила” сухан гуфт; ҷомеае, ки бар ақлу фазилат устувор бошад. Ибни Сино ақлро ҷавҳари таолии инсон донист ва Суҳравардӣ бо эҳёи ҳикмати хусравонӣ, кӯшид пайванд миёни хиради эронӣ ва фалсафаи исломиро бозсозӣ кунад.
Фирдавсӣ ҳамин суннатро дар қолиби ҳамоса баён мекунад.
Дар “Шоҳнома”, хирад танҳо абзори муҳосиба нест; ҷавҳари рӯшноӣ ва инсоният аст. Набард миёни Эрон ва Турон, дар сатҳе амиқтар, набард миёни доду бедод, нур ва зулмат, хираду ҷаҳл аст. Ҳамин сохтори дугона, баъдтар дар фалсафаи ишроқии Суҳравардӣ ба забони фалсафӣ баён шуд.
Аз ин манзар, Фирдавсӣ ва Суҳравардӣ ду баёни мутафовит аз як рӯҳи тамаддунӣ ҳастанд:
- яке дар қолиби шеър ва устура;
- ва дигаре дар қолиби фалсафа ва ҳикмат.
6 - Ихвонизм ва ҳарос аз ҳофизаи мустақил
Барои ҷараёнҳои ихвонӣ, мушкили аслии Абулқосим Фирдавсӣ танҳо “миллигароии фарҳангӣ” нест; балки истиқлоли маърифатии “Шоҳнома” аст. “Шоҳнома” ҷаҳонеро тасвир мекунад, ки дар он:
- хирад бар тақлид муқаддам аст;
- адолат бар қудрат бартарӣ дорад;
- ва инсон масъули сарнавишти хеш аст.
Ин нигоҳ бо сохтори идеологии ихвонӣ носозгор аст; зеро исломгароии сиёсӣ, машрӯъиятро на аз ҳофизаи таърихӣ ва хиради инсонӣ, балки аз идеологияи динӣ истихроҷ мекунад. Дар чунин сохтор, таърихи пешоисломӣ ё бояд исломисозӣ шавад ё беаҳамият ҷилва дода шавад.
Ба ҳамин далел аст, ки Ҳафиз Мансур мекӯшад нақши Фирдавсиро дар канори фатвои Абӯҳанифа ё иқдомоти коргузорони хилофат қарор диҳад. Ин танҳо як иштибоҳи таърихӣ нест; балки талоше огоҳона ё ноогоҳона барои халъи силоҳи ҳувиятии ҳавзаи порсӣ мебошад.
“Шоҳнома” хатарнок аст, зеро ба порсизабон ёдоварӣ мекунад, ки:
- ӯ танҳо узви як уммати мазҳабӣ нест;
- балки вориси тамаддуне куҳан, хирадварз ва мустақил аст.
7 – “Шоҳнома”; китоби зиндагӣ ва муқовимат
Бар хилофи бисёре аз мутуни зоҳидонаи қуруни миёна, “Шоҳнома” китоби маргу инзиво нест; китоби зиндагӣ аст. Инсони “Шоҳнома”, инсони мубориза, шодӣ, ишқ, масъулият ва истодагӣ аст.
- Рустам дар баробари зулм меистад;
- Кова алайҳи Заҳҳок қиём мекунад;
- Сиёвуш қурбонии фасоди қудрат мешавад, аммо таслими дурӯғ намегардад.
Дар ин ҷаҳон, инсон мавҷуде мунфаъил нест, ки фақат ба охират биандешад. Ӯ муваззаф аст дар баробари Аҳриман биистад; ҳатто агар шикаст бихӯрад. Ҳамин рӯҳия аст, ки “Шоҳнома”-ро ба матни муқовимати таърихӣ табдил кардааст.
Ва дуруст ба ҳамин далел, ҷараёнҳои таъаббудӣ ва ихвонӣ нисбат ба он эҳсоси бегонагӣ мекунанд. Зеро “Шоҳнома” иродаи инсониро бедор месозад; дар ҳоле ки идеологияҳои бунёдгаро ҳамвора бар итоат, инқиёд ва ҳувияти тӯдаӣ такя доранд.
8 - Абулқосим Фирдавсӣ ва бақои ҳавзаи тамаддунии порсӣ
Агар Фирдавсӣ намебуд, шояд забони порсӣ ҳамчунон боқӣ мемонд; аммо ба эҳтимоли зиёд, ба як забони маҳаллӣ ё дарборӣ фурӯкаста мешуд. Азамати Фирдавсӣ дар ин аст, ки ӯ порсиро ба забони “худогоҳии тамаддунӣ” табдил кард.
Шоҳнома сабаб шуд, ки:
- таърихи Эроншаҳрӣ фаромӯш нашавад;
- устураҳо нобуд нагарданд;
- ва порсизабонон худро танҳо бахше аз хилофати исломӣ напиндоранд.
Аз ҳамин рӯ, Фирдавсӣ на танҳо шоир, балки яке аз бузургтарин меъморони бақои тамаддунӣ дар таърихи Машриқзамин аст. Ӯ қасре сохт, ки масолеҳаш на сангу хишт, балки забон, ҳофиза, хирад ва муқовимат буд, ки ҳазор сол баъд, ҳанӯз бузургтарин садд дар баробари истиҳолаи фарҳангӣ ва идеологии ҳавзаи порсӣ аст.