Хабари рӯз

Фосилаи дидгоҳи Созмони Милали Муттаҳид аз шиор то амал то чӣ андоза воқеӣ аст?

Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа

Таҳаввулот дар панҷоҳ соли ахири Афғонистонро ба конуни пурсишҳои бидуни посух мубаддал кардааст. Таърихи табдил шудани подшоҳӣ ба низоми ҷумҳурӣ тавассути Сардор Муҳаммад Довуд ва кудатои 7 савр раҳбарони Ҳизби Коммунист то пирӯзии муҷоҳидин дар 8 саври 1371 на танҳо ин таҳаввулот, фақр, бечорагӣ, оворагӣ, заҷр ва куштори афғонҳоро дар китобҳо ва дастнавиштаҳои мунсаҷиму парокандаи пажӯҳишгарон ва нависандагон бозтоб додаанд, ки ҷароиди дохилӣ ва хориҷӣ низ пур аз гузоришҳоест, ки онро расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз оғоз то кунун пахш кардаанд ва ҳамвора яке аз дағдағаҳои матраҳшудаест, ки зеҳну рӯҳи мардуми Афғонистон ва ҳатто ҷаҳонро пур кардааст.

Шарҳ ва тафсири падидаи ҷаҳонии густариши мубориза бо коммунизм аз сӯи ҷаҳон Ғарб ба сардамдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мубориза бо падидаи ҷадидулзуҳури терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва тавсеаи демократия, ҳуқуқи башар ва ҷаҳони озод асоси онро шакл медиҳад.

Оё ба ростӣ коммунист шикаст хӯрд, терроризм нобуд шуд, ифротгароӣ маҳор гашт, мубориза бо маводи мухаддир натиҷа дод, демократия равнақ гирифт, ҳуқуқи башар таъмин шуд ва ҷаҳони озод ба вуҷуд омад?

Ҷавоби ин саволҳоро намешавад ба осонӣ мусбат арзёбӣ кард ва ё бидуни кадом тааммули манфӣ талаққӣ кард, чаро, ки ба сурати табиӣ ҳеҷ як посухи мусбат надорад. Бале як ҳусн, ки ҳама саволҳо ва посухҳо дорад, ин аст, ки вақте Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномаҳо, эъломияҳо ва суханрониҳои солонаву моҳона ва нишастҳои рӯзмарраи комиссияҳои тобеъа ба баҳонаи шаффофсозии таваққӯъоти ҷаҳонӣ, амалгароии давлатҳо, инъитофпазирӣ, таомули созанда, масири мутадовими рӯ ба ҷилав аз сабри стратегӣ ва забони дипломатӣ сухан мегӯяд, оё барои тасҳили Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва дигар конвонсиюнҳо, ки барои тамоми давлатҳо ва ниҳодҳои расмӣ ва ғайррасмӣ илзомовар аст, таваҷҷуҳ кардааст?

Оё Созмони Милали Муттаҳид садои озодӣ, мушкилоти амнияти фардӣ, рафтори ғайриинсонӣ, назири шиканҷа, дастрасӣ ба маҳкамаи одилона, ҳифзи ҳарими шахсӣ, таъмини равобити заношӯии афрод, эҳтиром ба ҳаққи моликияти шахсӣ, ҳаққи эътирози шахсӣ ва ҷамъӣ, дастрасии ҳамагон ба омӯзишу ҳирфа ва ҳаққи сафарро, ки аз ҳуқуқи аввалияи башарӣ аст, бо кадом рӯйкарди амалгароёна ва масири рӯ ба ҷилав, ки гулӯи занон, мардони Афғонистонро гирифта ва ҳар аз гоҳе аз сӯи ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон боло мешавад, шунидааст?

Ба бовари ман, Созмони Милали Муттаҳид бо пеша кардани сабри стратегӣ, гузаштҳои беш аз ҳад, таомули созанда ва забони дипломатӣ дар раванди сиёсӣ ва муомила бо гурӯҳи Толибон корро ба ҷое расонд, ки гурӯҳи Толибон, ки занони шоғил дар ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалиро қаблан аз кор боздошта буд, ҳатто кормандони зани Милали Муттаҳидро низ аз кор боздошт ва ба хушбовариҳои ҷаҳон бархоста аз мувофиқномаи Доҳаро низ нуқтаи поён гузошт ва муқоисаи дидгоҳи Толибони имрӯзро бо салафашон як тасаввури ботил ба намоиш гузошт. Бидуни баҳс, иқдомоти СММ Толибонро хароб кард ва ба нозпарварда табдил дод.

Оё Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам дар нишасти моҳи май, ки қарор аст бо ҳузури болотарин мақоми ин созмон дар Доҳаи Қатар баргузор шавад, бидуни ҳузури занон дар иҷрои баёнияҳову эъломияҳо ва мусавваботи фавқулода хуш хоҳад дурахшид? Ё ин ки дар заминаи коҳиши хушунатҳо, ҳуқуқи занон, мардон, ақаллиятҳо ва омӯзиши бонувон мутобиқи шиори таомули созанда, сабри стратегиашон ба поён мерасад ва ба кӯчактарин таваққӯъи занону мардони Афғонистон ба шаффофиятсозии ҷаҳон ва масири рӯ ба ҷилав ноил меояд ва аз сатҳи берун додани як эъломияи расмӣ бо адабиёти фохир ба ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Афғонистон қадамҳои амалӣ бар медорад?

Воқеият ин буд, ки ин бор Созмони Милали Муттаҳид ва шахси Антонио Гутереш, дабири кулли СММ, бо таваҷҷуҳ ба шиори таомули созандаи ин ниҳоди байналмилалӣ, бояд ривояти мазлумияти занони Афғонистонро мустанад мекард ва аз кишварҳои узви конвенсионҳо ва ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки илзомовар аст, мехост, ки ҳар кадом ба ҷои фиристодани намояндагони мард, намояндагони занро барои ин нишаст фаро бихонад ва ба пурсишҳои бидуни посухи ақаллан 35 миллион инсони сокини Афғонистон посух бигӯяд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!