Оё Ҳаққониҳо дар остонаи иншиоб аз Толибонанд?
Манбаъ: Хабаргузории Садои Афғонистон - Исломобод
Ихтилофоти дарунии Толибон, эҳтимоли истеъфои Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва чолишҳои ҷиддӣ дар пешорӯи Иморати исломӣ дар ҳоле, ки Толибон талош дорад тасвири якпорчае аз қудрати худ ба намоиш бигузорад, нишондиҳандаи ташдиди ихтилофоти дохилӣ аст. Бо афзоиши танишҳо дар миёни раҳбарони Толибон ва гумоназанӣ дар бораи ояндаи ин гурӯҳ, таҳлилгарон мӯътақиданд ин гурӯҳ бо буҳронҳои дохилии ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Майкл Семпл, муовини собиқи фиристодаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон, низ дар гуфтугӯи ҷадид, аз таҳаррукоти Шабакаи Ҳаққонӣ ва талоши ин ҷиноҳ барои муқобила бо раҳбарии Ҳайбатулло Охунзода парда бардоштааст.
Толибон, ки пас аз ду даҳаи ҷанги мусаллаҳона тавонист қудратро дар Афғонистон ба даст гирад, ҳамвора саъй дошта чеҳраи муттаҳид ва мунсаҷим аз худ ба намоиш бигузорад. Аммо таҳаввулоти ахир нишон медиҳад дар даруни ин гурӯҳ, танишҳои амиқе дар ҳоли шаклгирӣ аст. Хабари таъйиднашудаи истеъфои ногаҳонии Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва аз раҳбарони бонуфузи Шабакаи Ҳаққонӣ, занги хатари як буҳрони дохилиро ба садо даровардааст. Ин иттифоқ танҳо як тағйири мудириятӣ нест, балки бозтобе аз ихтилофоти густурда бар сари ояндаи Иморати исломӣ ва наҳваи ҳукмронии Толибон аст.
Истеъфои Ҳаққонӣ: Зилзилае дар сохтори Толибон
Ба изъони бисёре аз хабаргузориҳо ва манобеи мувассақ, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки солҳо яке аз чеҳраҳои калидии Толибон ва аз раҳбарони ҷангҳои чирикӣ алайҳи неруҳои амрикоӣ ва давлати пешини Афғонистон буд, ҳоло аз симмати худ канорагирӣ кардааст. Ӯ на танҳо як вазири маъмулӣ, балки раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, яке аз қудратмандтарин шохаҳои низомӣ ва амниятии Толибон, маҳсуб мешавад. Истеъфои ӯ нишон медиҳад, ки ихтилофоти дохили Толибон аз як ҳадди муайян фаротар рафта ва акнун ба нуқтае расида, ки ҳатто чеҳраҳои раддаи болои ин гурӯҳ дигар ҳозир ба идомаи ҳамкорӣ нестанд. Ҳарчанд Толибон то ҳанӯз ин хабарро такзиб мекунад, аммо дар бурузи ихтилофоти шадид миёни Шабакаи Ҳаққонӣ ва раҳбари Толибон тардиде нест.
Ҳаққонӣ дар миёни нерӯҳои Толибон, хусусан дар шарқи Афғонистон ва миёни қабоили ғилзоӣ, нуфузи зиёде дошт. Бисёре аз ҷангҷӯёни вафодор ба ӯ, беш аз он ки аз Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари Толибон, фармон бигиранд, худро тобеъи Ҳаққонӣ медонистанд. Аз ҳамин рӯ, канорагири ӯ метавонад боиси эҷоди шикоф миёни нерӯҳои Толибон шавад ва ҳатто заминасози нофармониҳои бештар гардад.
Решаҳои ихтилоф: чаро Ҳаққониҳо ба ҳошия рафтанд?
Ихтилоф миёни Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари ин шабака ва Охунзода, раҳбари кулли Толибон якшаба шакл нагирифт. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин ду чеҳраи аслии Толибон, аз муддатҳо пеш бар сари чандин мавзӯъи калидӣ бо якдигар дучори чолиш шуда буданд:
Сиёсатҳои дохили Толибон: Яке аз муҳимтарин мавориди ихтилоф, сиёсатҳои сахтгиронаи Охунзода дар мавриди ҳуқуқи занон ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ буд. Ҷиноҳи Ҳаққонӣ, ҳарчанд комилан мухолифи ин қавонин набуд, аммо мӯътақид буд, ки ин сахтгириҳо боиси ташдиди фишорҳои байналмилалӣ мешавад ва Толибонро дар инзивои шадид қарор медиҳад.
Рӯйкард дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ: Ҳаққонӣ аз ҷумлаи чеҳраҳое буд, ки ба таомули бештар бо кишварҳои хориҷӣ ва касби машрӯъияти байналмилалӣ бовар дошт. Дар муқобил, Охунзода ва ҳалқаи наздик ба ӯ, ҳар гуна таомул бо Ғарбро ба унвони таҳдиде барои идеологияи Толибон медонистанд.
Тамаркузи қудрат дар Қандаҳор: Раҳбари Толибон аз замони бозгашт ба қудрат, ба таври физояндае қудратро дар Қандаҳор мутамаркиз карда ва тасмимоти муҳимро бидуни машварат бо дигар ҷиноҳҳои Толибон иттихоз кардааст. Ин вазъият норизоиятии бисёре аз фармондеҳони маҳаллиро ба ҳамроҳ доштааст, бавежа ҷиноҳи Ҳаққонӣ, ки пойгоҳи аслии он дар Шарқи Афғонистон аст.
Паёмадҳои ихтилофот: Иморати исломӣ дар остонаи буҳрон?
Истеъфои Ҳаққонӣ, танҳо як тағйири мудириятӣ нест, балки метавонад нуқтаи оғози буҳрони амиқтаре дар дохили Толибон бошад. Аз ҷумла;
1 - Тазъифи ҳамбастагии дохилии Толибон: Толибон ҳамвора бар “ваҳдат ва итоат” ба унвони яке аз усули асосии худ таъкид кардааст. Аммо хурӯҷи Ҳаққонӣ нишон медиҳад, ки ин ваҳдат дар ҳоли аз байн рафтан аст. Агар ин ихтилофот идома ёбад, эҳтимолан шоҳиди иншиобҳои бештар дар миёни суфуфи Толибон хоҳем буд.
2 - Афзоиш шикофҳои қавмӣ ва минтақаӣ: Бисёре аз фармондеҳони Толибон аз қавми паштун ҳастанд, аммо даруни ин гурӯҳ, рақобат миёни шохаҳои мухталифи паштунтаборҳо низ вуҷуд дорад. Ҷиноҳи Ҳаққонӣ бештар ба қабоили шарқии Афғонистон наздик аст, дар ҳоле, ки Ҳайбатулло Охунзода ва ҳалқаи қандаҳории Толибон, ба паштунҳои ҷанубии кишвар вобастаанд. Ин ихтилофот метавонад ба даргириҳои дарунгурӯҳӣ мунҷар шавад.
3 - Чолишҳои амниятӣ: Шабакаи Ҳаққонӣ яке аз бозуҳои низомии қудратманди Толибон буд ва то ҳанӯз ҳаст. Агар ихтилофот бештар шавад, мумкин аст бахше аз фармондеҳон ва ҷангҷӯёни ин шабака аз итоати амирулмуъминин сар боз зада ва ҳатто ба ҷиноҳҳои рақиб бипайванданд!
Гуфтугӯи Майкл Семпл, таҳлилгари ғарбӣ аз таҳаррукот шабакат Ҳаққонӣ ва ояндаи Толибон
Дар канори гузоришҳои марбут ба истеъфои Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва шикофҳои дохилии Толибон, Майкл Семпл, муовини собиқи фиристодаи Иттиҳодия Аврупо барои Афғонистон ва яке аз таҳлилгарони барҷаста дар умури ин кишвар, таъйид кардааст, ки Шабакаи Ҳаққонӣ дар ҳоли ройзаниҳои густурда бо фармондеҳони худ дар саросари Афғонистон аст.
Ӯ дар гуфтугӯи ахир изҳор дошт, ки намояндагони Ҳаққонӣ талош доранд фармондеҳони ин шабакаро ба “истодагӣ” дар баробари раҳбарии Ҳайбатулло Охунзода тарғиб кунанд. Ин бад-он маъност, ки ҷиноҳи Ҳаққонӣ на танҳо аз таҳаввулоти ахир норозӣ аст, балки дар ҳоли созмондеҳии нерӯҳои худ барои муқобила бо сиёсатҳои раҳбарии марказии Толибон аст. Бо ин ҳол, Семпл таъкид мекунад, ки бо таваҷҷуҳ ба печидагии шароити сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, пешбинии вуқӯи даргирии мустақим миёни ҷиноҳи Ҳаққонӣ ва Ҳайбатулло душвор аст. Ӯ бо ишора ба таҷрибаи 30-солааш дар таҳлили масоили Толибон, хотирнишон кард, ки ин гурӯҳ ҳаргиз то ин ҳад дучори ихтилофоти дохилӣ набудааст.
Паёмади гуфтаҳои Симпл ва эҳтимоли афзоиши шикоф дар Толибон
Таҳлили суханони Семпл нишон медиҳад, ки Толибон акнун дар яке аз ҳассостарин ва буҳронитарин давраҳои худ қарор дорад. Агарчи даргирии мустақим миёни ҷиноҳҳои мухталиф ҳанӯз қатъӣ нест, аммо таҳаррукоти ахири Шабакаи Ҳаққонӣ ва талоши он барои ҷалби ҳимояти фармондеҳони маҳаллӣ, нишон аз эҳтимоли ҷиддии таъмиқи ихтилофот дорад.
Ин раванд метавонад Толибонро дар масири як ҷанги дохилӣ қарор диҳад. Ҷанге, ки на танҳо қудрати ин гурӯҳро тазъиф мекунад, балки мумкин аст заминаро барои вуруиди бозигарони хориҷӣ ва гурӯҳҳои рақиб низ фароҳам созад. Дар чунин шароите, ояндаи Иморати исломӣ беш аз ҳар замони дигаре дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст.
Оё Толибон ба самти иншиоб пеш меравад?
Таърихи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ нишон дода, ки ихтилофоти дарунӣ, ағлаб ба иншиоб ва даргириҳои хунин мунҷар мешавад. Намунаи боризи онро метавон дар иншиоб миёни Алқоида ва ДОИШ дид, ки дар ниҳоят ба рақобатҳои хушунатбор миёни ин ду гурӯҳ анҷомид. Ҳоло ин савол матраҳ мешавад, ки оё Толибон низ дар масири мушобеҳе қарор гирифтааст?
Бархе таҳлилгарон мӯътақиданд Толибон мумкин аст ба чанд ҷиноҳ тақсим шавад. Ҷиноҳҳое, ки ҳар кадом сиёсатҳои хоси худро думбол хоҳанд кард. Як ҷиноҳ мумкин аст ба сиёсатҳои ифротгароёнаи Охунзода вафодор бимонад, дар ҳоле ки ҷиноҳи дигар, ба думболи рӯйкарди инъитофпазиртар хоҳад буд.
Рӯзҳои сарнавиштсоз барои иморати Толибон
Дар шароите, ки Афғонистон бо буҳронҳои иқтисодӣ, таҳримҳои байналмилалӣ ва ноамниҳои дохилӣ рӯбарӯ аст, ихтилофоти дохилии Толибон метавонад ин кишварро дар масири нооромиҳои бештаре қарор диҳад. Агар Толибон натавонад ин буҳронро мудирият кунад, мумкин аст дар оянда шоҳиди даргириҳои дохилӣ ва ҳатто фурӯпошии ногаҳонӣ ё тадриҷии иморати толибонӣ бошем.
Ҳайбатулло Охунзода акнун дар баробари озмуни бузург қарор гирифтааст: оё ӯ хоҳад тавонист ихтилофоти дохилиро контрол карда ва Толибонро ҳамчунон якпорча нигаҳ дорад? Ё ин шикофҳо, ояндаи иморати ӯро мутазалзил хоҳад кард? Посух ин пурсишҳо дар моҳҳои оянда мушаххас хоҳад шуд.