Ҳикматёр ҳама пулҳои ақибии дохилӣ ва хориҷии худро инфиҷор намуда, эҳтимолан ба зудӣ фирорро бар қарор тарҷеҳ хоҳад дод
Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, махсус барои Сангар
Оқои Ҳикматёр яке аз ҷумлаи раҳбарони сиёсии Афғонистон будааст, ки баъд аз таҳаввулот (суцути Афғонистон ба дасти Толибон), иҷборан ва ё ирзоан фирор накард ва зоҳиран билоқайду шарт ҳимояти худро аз Иморати исломӣ эълом намуд ва аз тариқи хутбаҳои рӯзи ҷумъаи худ, ки шабоҳат ба конфронси матбуотии ҳафтавор дошт, паёмҳои сиёсии худро эрод ва ба суроғаи толиб ва мухолифин ирсол менамуд. Гоҳе аз толиб ҳимоят мекард ва гоҳе ҳам шикоят, дар ҳоле ки аз ҷониби толиб ҳимоятҳои бедареғаш ҳаргиз таҳвил гирифта нашуд. Аз сӯи дигар, интиқодҳо ва шикоятҳояш ба суръат мавриди таваҷҷуҳ ва ҳассосияти толиб қарор гирифтааст. Ба унвони мисол, хона ва дафтари оқои Ҳикматёр мавриди муҳосираи мақомоти иморат қарор гирифт, Толибон манозил ва амокини марбут ба ақориб ва муқаррабини Ҳикматёрро мукарраран мавриди талошӣ қарор доданд. Қарори шунидагӣ, бархе авқот монеъи сафари Ҳикматёр ба хориҷ шуданд, донишгоҳи марбут ба Ҳикматёрро масдуд намуданд, барқи дафтари Ҳикматёрро дар муддати ҳашт моҳ ва бештар аз он қатъ карданд, имконоти давлатиро куллан болои Ҳикматёр банд карданд, иддае аз аъзои Ҳизби исломиро дар баъзе аз вилоёт зиндонӣ намуданд, баргузории маҳофили фарҳангӣ ва сиёсиашро мамнуъ қарор доданд, ва охиран Ҳикматёрро аз имомат ва хитобати намози ҷумъа дар масҷиди дафтараш, ба унвони охирин мех бар тобути фаъолиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва даъватиаш, монеъ шуданд.
Табъан чанд эътиқод ва тасаввури ғалат ба оқои Ҳикматёр итминон бахшида буд то болои толиб эътимоди бедиранги худро эълом ва ба шеваи хеле ифротӣ ва ошиқона аз ҳукумати толиб ҳимоят намояд:
А) Ин ки дар муқобили ишғоли Амрико бо ҳам ҳадафи муштарак доштанд, агарчи дар охири вақт бо Амрико ва ҳукумати дастнишондаи он таҳти пӯшиши истихборотӣ вориди сулҳи нофарҷом гардид.
Б) Ҷамъияти исломӣ (ҳизби асосан тоҷикӣ, ки асосгузораш Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ узви он буд) ва дигар аҳзоби сиёсии ба заъми Ҳикматёр душмани муштараки толиб ва Ҳизби исломӣ буданд, ки акнун аз саҳнаи низомии сиёсӣ мунзавӣ шудаанд ва Ҳикматёр онро барои худ як муваффақияти бузург маҳсуб мекард.
В) Ҳикматёр ва толиб ҳар ду дар тӯли муборизоти сиёсиашон шиори татбиқи адолати умариро дар чаҳорчӯби низоми холиси исломӣ сар додаанд.
Г) Ҳикматёр ва толиб ҳар ду ҳаддиақаллӣ ба доштани равобити наздик ва танготанг бо покистониҳо муттаҳаманд.
Ихтилофоти Ҳикматёр ва толиб:
1 - Аз нуқтаи назари фикрӣ ва эътиқодӣ толиб ва Ҳикматёр шогирди ду мактаб ва мадрасаи фикрии мутафовитанд. Биноан, қироат ва таърифи ин ду аз низоми исломӣ бо ҳам дар тазод қарор дорад.
2 - Толиб бештар робитаи наздик ба Ҷамъият ул-уламои Покистон ба раҳбарии Мавлавӣ Фазлурраҳмон дошта, ки муассиси он Муфтӣ Маҳмуд буд ва Ҳикматёр бо Ҷамоати исломии Покистон хеле наздик, ки муассиси он Мавлоно Мавдудӣ буд, ва ин ду дар тӯли таърихи Покистон бо ҳам дар мухолифати шадид ба сар бурдаанд.
3 - Аввалин ҷангҳои толиб дар баробари нерӯҳои Ҳизби исломӣ дар Кандаҳор оғоз шудааст, ки боиси ҳадди ақаллии кушта шудани садҳо тан аз нерӯҳои ду тараф гардид.
4 - Ҳикматёр баъд аз панҷ соли ҷанг бо Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар охирин рӯзҳо, бо ҳамдигар, алайҳи ҳаракати Толибон эътилоф намуданд.
5 - Иловатан, бо вуҷуди ҳадафи муштарак, дар аснои вуҷуди қувватҳои НАТО даргириҳои хунин ва шадид дар миёни ҷабаҳоти толиб ва Ҳикматёр сурат гирифтааст, ки аксаран мунҷар ба халъи силоҳи гурӯҳҳои Ҳизби Исломӣ гардид.
6 - Ахиран оқои Ҳикматёр ҳини вурудаш дар Нангарҳор, Лағмон ва Кобул ҳамалоти матбуотии шадидро алайҳи толиб оғоз намуд, ки ҳеҷ вақт фаромӯши раҳбарони толиб нахоҳад шуд.
7 - Толиб феълан дар Афғонистон қудрат ва ибтикори амалро дар даст дорад ва Ғарб моил ба барқарории равобит ба муҷарради андак тағйир дар полисиҳои Толибон аст, дар ҳоле ки Ҳикматёр феълан ба ҳайси як муҳраи сӯхта ба шумор меравад.
Бино бар ин тафовутҳо ва ифтироқоти фикрӣ, сиёсӣ, амалӣ ва потенсиалии Ҳикматёр бо толиб бештар аз муштаракоти онон аст, бо васфи он ки ба эътиқоди бархе аз бехабарон душмани аслии Ҷамъият ва Шӯрои наззор аст, чун рақиби таърихӣ ва деринаи Ҳикматёр маҳсуб мешаванд, ғофил аз он ки дарди шаллоқи толиб камтар аз дарди заработи ворида аз сӯи Ҷамъият нест.
Дар натиҷа бояд гуфт, ки Ҳикматёр дар тангнои шадиди сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ қарор гирифтааст ва ҳама пулҳои ақибии дохилӣ ва хориҷии худро манфаҷир намуда, на ҳавои ҷануб мутобиқи ҳолаш аст ва на шимол. Ба назари банда, агар шарми замона, ҳирсу оз ба ҷойдодаш дар Доруламон ва маҳдудиятҳои вазъшуда аз сӯи Иморат монеъи сафар нагардад, ба зудӣ фирорро бар қарор тарҷеҳ хоҳад дод.