Нишасти Маскав дар бораи Афғонистон то куҷо рӯйгардонии минтақа аз режими Толибонро нишон дод?
Нависанда: Ҷамшед Ямо Амирӣ,
Баргардон: Фирдавси Низом
Як солу панҷ моҳ пас аз ҳокимияти Толибон бар Афғонистон, кишварҳои минтақа, ки дар пирӯзии Толибон нақши асаргузоре доштанд, яке пайи дигаре сиёсати худро дар қиболи масоили Афғонистон тағйир медиҳанд.
Нокомии Толибон дар маҳори ДОИШ, майдон додан ба гурӯҳҳои Ҳаракати Туркистони Шарқӣ, Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ансоруллоҳи Тоҷикистон, нигаронии амиқи кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро барангехтааст.
Сатҳи нигаронии кишварҳои минтақа дар чаҳорумини нишасти мавсум ба “Формати Маскав” ошкор шуд. Тамоми кишварҳо ба шумули Покистон аз амалкарди якуним соли гузаштаи Толибон интиқод карданд. Норизоиятии Русия вақте ошкор гардид, ки намояндаи Толибонро дар чаҳорумини нишасти “Формати Москва” даъват накард, дар ҳоле, ки Толибон ҷузъи меҳварии се нишасти солҳои гузашта буданд.
Кишварҳои минтақа дар чаҳорумин нишасти “Формати Москва” нигарониҳояшонро дар ду меҳвар матраҳ карданд: афзоиши рӯзафзуни таҳдидҳои ношӣ аз пойгоҳсозӣ ва нуфузи гурӯҳҳои террористӣ бар ҷуғрофияи Афғонистон ва сиёсати сахтгиронаи Толибон дар бораи занон, ақаллиятҳои қавмӣ - мазҳабӣ ва ташкили давлати фарогир дар Афғонистон. Кишварҳои минтақа бепарда эълом карданд, ки Толибон дар ҳар ду замина ноком ҳастанд.
Кишварҳои минтақа ба вежа Эрон, Покистон, Чин ва Русия дар сарнагунии режими Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва баргашти Толибон ба қудрат нақш доштанд. Ин кишварҳо бо баргузории нишастҳои минтақаӣ зери номи “сулҳ” ва даъвати сарони Толибон ва ҳамчунон бо ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз таҳрики Толибон, дар боло бурдани рӯҳияи Толибон ва шикасти низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон нақши таъйинкунанда доштанд.
Ҳангоме, ки Толибон ба Кобул баргаштанд, аксарияти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк карданд. Аммо кишварҳои номбурда ба ҳузури дипломатӣ дар Кобул ва таомули наздик бо Толибон идома доданд. Покистон, Эрон, Чин ва Русия, намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро ба Толибон таслим карданд. Сафорати Афғонистон дар Маскав, Пекин, Теҳрон ва Исломобод амалан дар ихтиёри Толибон қарор гирифтааст. Бархе кишварҳои минтақа дар ҳоли ройзанӣ барои барасмиятшиносии Толибон буданд.
Аммо як солу панҷ моҳ фурсати кофӣ барои минтақа буд, то мутаваҷҷеҳ шаванд Толибон на танҳо омодаи ҳукуматдорӣ ва гирифтани раҳбарӣ ва заомати Афғонистон нестанд, бал зарфияти таомул ва ҳамкорӣ бо минтақаро надоранд ва тадовуми сиёсаткунунии онҳо “занги хатар” барои ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аст. Толибон мутааҳҳид гардида буданд, ки хоки Афғонистон таҳдиде дар баробари ҳеҷ кишвар нест. Аммо амалан Афғонистон ба бузургтарин таҳдид ва хатари минтақаӣ мубаддал шудааст.
Кишварҳои минтақа умедвор буданд, ки Толибон аз нуфуз ва фаъолияти ДОИШ-и Хуросон ҷилавгирӣ кунад, ҷунбишҳои исломии Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқиро аз марзҳои Осиёи Марказӣ ва вилоёти шимоли Афғонистон биронад ва Таҳрики Толибони Покистонро водор ба муомила ва созиш бо артиши Покистон намояд. Аммо ин таваққӯъот натиҷаи маъкус додааст. Толибон ба равобит ва иттиҳоди стратегӣ бо ҷараёнҳои родиколи минтақаӣ идома медиҳанд ва на танҳо монеи фаъолият ва ҳузури онҳо дар қаламрави таҳти ҳокимияташон нашудаанд, бал онҳоро майдон дода ва омодаи нуфуз ва амалиёт дар кишварҳои минтақа сохтаанд.
Бар бунёди гузориши ниҳодҳои иттилоотии ғарбӣ, шохаи Хуросони гурӯҳи ДОИШ тавоноии амалиётии фаромарзӣ ёфтааст. Ҷунбишҳои ифротии Осиёи Марказӣ мунтазири фурсат барои ҳамла ба кишварҳои мабдаӣ ҳастанд. Аз ҳангоми рӯйи кор омадани Толибон дар Афғонистон, амалиёти Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) ва талафоти нерӯҳои амниятии Покистон чанд баробар афзоиш ёфтааст. Артиши Покистон бо ТТП вориди як ҷанги тамомиёр шудааст. Дар моҳҳои ахир шуморе аз фармондаҳони раддаи аввали Толибон дар қаламрави Афғонистон кушта шудаанд. ТТП дар вокуниш ба онҳо ҳамалот дар имтидоди хатти Дюранд ва аёлати Хайбар Пахтунхоҳро чанд баробар афзоиш бахшидааст. Дар тозатарини ин ҳамалот, чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта шаш нерӯи амниятии Покистон ва ду нерӯи марзиро ба қатл расонданд.
Толибон натанҳо аз фаъолият ва ҳузури ТТП ҷилавгирӣ накардаанд, бал пойгоҳҳои онро дар вилоёти сарҳадӣ тамвил карда ва раҳбарии таҳрикро дар Кобул паноҳ додааст. Вазъияти пешомада хашми Исломободро барангехтааст. Вазири хориҷаи Покистон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти минтақа ва афзоиши ҳамалоти ситезаҷӯён хоҳони бознигарӣ дар сиёсати кишвараш дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ гардид. Биловал Зардорӣ, вазири хориҷаи Покистон эълом кард, ки сабри ҷаҳон дар баробари Толибон ба сар расидааст. Ӯ гуфт, ки ба танҳоӣ дар бораи ба расмиятшиносии Толибон тасмим нахоҳанд гирифт.
Толибон на танҳо ҷилави Таҳрики Толибони Покистонро нагирифтаанд, бал худ ба як дарди сари зиёдатӣ мубаддал шудаанд. Дар ҷараёни беш аз як сол борҳо нерӯҳои марзии Толибон бар нерӯҳои Покистон шиллик кардаанд. Дар охирин маврид, рӯзи ҷумъа марзбонон толиб дар вилояти Пактико бо нерӯҳои покистонӣ даргир шуданд. Пештар як сарбози Толибон чанд тан аз нерӯҳои покистониро дар Спин Булдаки Ќандаҳор кушт, рӯй дод, ки мӯҷиби баста шудани гузаргоҳи марзии Чаман гардид.
Вазъияти пешомада сабаб шуда, ки бархе нозирон хоҳони бознигарӣ дар сиёсати “умқи стратегӣ”-и Покистон дар қиболи Афғонистон шаванд. Рӯзномаи пурхонандаи “Даун” навишт, ки сиёсати чанд даҳаи “умқи стратегӣ” дар қиболи Афғонистон бисёр пурҳазина тамом шудааст. Аз ҳангоми хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва баргашти Толибон ба қудрат равобити тиҷорӣ ва транзитии Афғонистон - Покистон коҳиш ёфтааст. Ҳамчунон, Покистон буҳрони бесобиқаи иқтисодиро таҷриба мекунад. Пули Покистон дар баробари арзи хориҷӣ ба таври бесобиқае арзиши худро аз даст додааст. Бисёре аз нозирон, вазъияти пешомадаро муртабит бо таҳаввулоти минтақа ва Афғонистон медонанд.
Тағйири лаҳни кишварҳои минтақа дар қиболи Толибон, нигаронии бархе сиёсатмадорони ҳаводори Толибонро барангехтааст. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ ва аз ҳомиёни режими Толибон дар Кобул ибрози нигаронӣ кард, ки Русия, Эрон ва Ҳинд бори дигар ба ҳимоят аз гурӯҳҳои рақиби Толибон бипардозанд. Тавре, ки дар даҳаи 90 аз Ҷабҳаи муқовимат ҳимоят мекарданд ва 20 сол пеш дар ҳамлаи Амрико ба Афғонистон низ нерӯҳои амрикоиро ёрӣ карданд.
Бархе кишварҳои минтақа аз тақаллои Толибон барои наздикӣ бо Амрико хашмгин ҳастанд. Шуморе аз сиёсатҳои Толибон дар қиболи занон, мазоҳиб ва ақаллиятҳои қавмӣ - мазҳабӣ маъюс шудаанд ва ҷамъе ҳам нигарони рушди сареъи ифротият дар Афғонистон мебошанд.
Ба назар мерасад Толибон натавонистаанд ба ҳеҷ як аз нигарониҳо посух диҳанд. Тағйири мавзеи кишварҳои минтақа охирин умедҳои Толибон барои ба расмиятшиносиро ба ноумедӣ мубаддал сохтааст.
Толибон рӯйи равобит бо Эрон, Покистон, Чин ва Русия ҳисоб боз карда буданд. Аммо ин кишварҳо дар нишасти ахири Москва амалан дасти рад ба синаи Толибон заданд.
Сиёсати кишварҳои ғарбӣ низ дар баробари Толибон ошкор аст. Бидуни давлати фарогир, ки дар он занон, ақвом, мазоҳиб ва гурӯҳҳои сиёсӣ мушорикати маънодор дошта бошанд, ҳеҷ гуна баҳсе дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар кор нахоҳад буд. Толибон амалан дар сатҳи ҷаҳонӣ ба инзиво рафтаанд. Бо ин вуҷуд, ба назар намерасад сарони Толибон омодагӣ дошта бошанд,ки ҳеҷ гуна бознигарӣ ва таҷдиди назаре дар сиёсати ҳазфгароёна ва сахтгиронаашон кунанд.