Акнун замонест, ки ҷаҳон бояд шурути Толибонро бипазирад, на Толибон шурути ҷаҳонро.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Ман баъзе навишта ва таҳлилҳоро дар мавриди севумин нишасти Доҳа, ки баъзе пешфарзҳоеро дар риштаи таҳрир дар меоваранд, мехонам, аммо бо аксари ин таҳлилҳо тавофуқи назар надорам.
Ман медонам, ки Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад дар ин нишаст аз худ инъитоф нишон бидиҳад ва шеваи таомул бо Толибонро бо ҷаҳон як бори дигар нишонагирӣ кунад, аммо аз Толибон мехоҳад намояндаи фавқулодаеро, ки Милали Муттаҳид таъйин мекунад, ба шумули боз шудани макотиби духтарона, ҳукумати ҳамашумул ва як теъдод арзишҳои озодии баёнро бипазиранд.
Шинохте, ки ман аз Толибон дорам ва онҳоро ба дурустӣ мешиносам, Толибон ҳаргиз таъйини намояндаи хосро нахоҳанд пазируфт.
Аз сӯи дигар, гарчи аз Толибон даъват шудааст, вале Толибон то ҳанӯз возеҳ нагуфтаанд, ки дар севумин нишасти Доҳа иштирок мекунанд ё хайр.
Толибон ҳам шароити хоси худро доранд, монанди... курсии Милал Муттаҳидро ба мо бидиҳед ва моро минҳайси як намояндаи хос ва тарафи даъво бишуморед!
Аз тарафи дигар ба зудӣ Федератифи Русия, Эрон, Покистон ва Чин нишастеро зери номи Формати Маскав дар Теҳрон баргузор менамоянд, аммо ҳадафи асосӣ ин аст, ки дар ин нишаст кишварҳо машвара мекунанд, ки Толибон дар севумин нишасти Доҳа иштирок кунанд ё на, агар иштирок кунанд, чӣ паёмеро ироа кунанд, агар иштирок накунанд, мавқифгирии мо - кишварҳо, ки ҳомии Толибон ҳастем, чӣ бошад.
Баъд аз нишасти Теҳрон ба Толибон ҳидоят дода мешавад, ки дар нишасти Доҳа иштирок кунед ё накунед, агар иштирок кардед, бо ин минвол бошад, агар иштирок накардед, бо ин шева бошад.
Аммо оё ин нишаст воқеан корсоз аст, оё ин нишаст метавонад мушкили Афғонистонро ҳал кунад?
Ба ақидаи ман, на хайр, на хайр, ба ҳеҷ сурат ҳал карда наметавонад!
Мардуми Афғонистон медонанд, ки дар ҷараёни наздик ба се соли гузашта, Толибон борҳо ба гунаи аланӣ ва ошкор ба ҳама хотирнишон кардаанд, ки қарор нест он чиро, ки дунё мехоҳад, ба он тамкин кунанд, монанди ҳуқуқи занон, боз кардани макотиб ва донишгоҳҳои духтарона ин ҳарфҳоест, ки борҳо ҷаҳон рӯи он таъкид карда, вале дар назди Толибон харидор надошта ва то ҳанӯз қабул нашудааст.
Ҳоло дар остонаи баргузории севумин нишасти Доҳа, Толибон дубора бо тарҳи ин иддаоҳо, сарсахтона худашонро ҳифз карда ва исрор доранд, ки танҳо намояндаи воқеии мардуми Афғонистон онон ҳастанд ва ҷаҳон набояд Толибонро бахше аз воқеияти ин кишвар бидонад, на ҳамаи он. Ин иддао низ мисли бақия иддаоҳои Толибон мавриди пазириши ҳеҷ як аз бозигарони буҳрони Афғонистон нест ва шояд ҳам аз баъзе бошад ва ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ низ онро қабул надоранд.
Аммо он чи аз замони ба қудрат расидани Толибон то кунун дидаем, тааҷҷубовар набудааст. Ҳар кас агар кӯчактарин шинохте аз ҷараёнҳои тундрав ва идеологияи Толибон дошта бошад, медонад, ки онҳо ба ҳадде дар тақаддуси идеологӣ ва таваҳҳуми комилшудагӣ ғарқанд, ки ҳеҷ нерӯе наметавонад онҳоро водор ба дарки хатоҳои стратегиашон кунад.
Шумо сӯҳбатҳои раҳбари Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳро дар пушти парда ва дур аз анзори мардум шунидаед, ки мегӯяд, ҷиҳод то қиёмат идома дорад, мо Ғарбро шикаст додаем ва ғайр аз он чӣ, ки мо мегӯем ва хутутеро, ки мо таъйин кардаем, дигар ҳама чиз мардуд аст.
Толибон ба ин боваранд, ки дар ҳоли ҳозир мо гурӯҳи биломунозиа ҳокими Афғонистон ҳастем ва ҳеҷ нерӯи сиёсии дигаре наметавонад моро ба чолиш бикашад ё сиёли мо бошад.
Аз сӯи дигар, Толибон нуқоти заъфи Созмони Милали Муттаҳидро медонад ва хеле моҳирона ҳам аз он баҳрабардорӣ карда ва мекунанд. Яке аз ин нуқоти заъф, фазои дуқутбии ҳоким бар сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки осебпазирии Созмони Милалро ба унвони танҳо ниҳоди байналмилалии машрӯъ ва тасмимгиранда дар масоили сиёсии ҷаҳонӣ, бештар мекунад. Ин вазъияти дуқутбӣ табиатан дар бархӯрд бо буҳрони Афғонистон ҳам худашро нишон медиҳад, ки Толибон метавонанд аз он ба суди худашон баҳрабардорӣ кунанд, ки як ҳақиқати талх аст.
Он чӣ, ки гуфта омадам ва чизе ки ман бовар дорам, оё метавон ба севумин нишасти Доҳа умедвор буд, оё ин нишаст таваққӯъоти мардуми Афғонистонро баровардан хоҳад кард?
Бардошти ман бо таваҷҷуҳ ба он чӣ, ки ишоратан гуфта омадем, ин аст, ки чӣ Толибон дар нишасти Доҳа ширкат кунанд ва чӣ накунанд, таҳаввули хосе, ки мардум интизори онро доранд, ҳаргиз рух нахоҳад дод. Бо таваҷҷуҳ ба шартҳои сахте, ки Толибон дар пайванд ба иштирок дар нишасти Доҳа гузоштаанд, баид ба назар мерасад, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро бипазирад ва Толибон роҳии нишаст шаванд. Зеро агар Созмони Милал даст ба чунин коре бизанад, ба ҳайсият ва престижи худаш, ки ҳамин ҳоло низ ба ҳадди кофӣ хадшадор шудааст, беш аз пеш латма хоҳад зад. Пас, эҳтимоли нарафтани Толибон ба нишасти Доҳа ин бор низ болост, магар ин ки таҳаввули хосе рух диҳад ва Толибон дар мавзеъи феълиашон таҷдиди назар кунанд.
Ҳоло фарз кунед, ки тамоми мавонеъ рафъ шуда ва Толибон ин бор дар нишасти Доҳа ширкат карданд, оё он чӣ ҳама дар интизораш ҳастанд, рух хоҳад дод? Нафси ширкати Толибон дар ин нишаст ба маънои поёни моҷаро нест, касоне, ки сиёсатро медонанд, бояд ба ёд дошта бошанд ва илзоман тазминкунандаи ҳеҷ таҳаввули мусбате ҳам наметавонад бошад. Толибон бо ғурури козибе, ки доранд ба назар намеояд, ки зери бори фишори Созмони Милал рафта ва ба якборагӣ ба ҳама хостҳои он тан диҳанд.
Ин нишаст сирфан метавонад дар ҳадди як табодули назар миёни Толибон, фиристодагони вежаи кишварҳо ва эҳтимолан афроде ба намояндагӣ аз ҷомеаи маданӣ бошад, ки ҳеҷ дардеро дармон намекунад. Агар Созмони Милал мисли даври қаблӣ шартҳои Толибонро напазирад, нишаст бидуни ҳузури намояндагони ин гурӯҳ баргузор хоҳад шуд, ки боз ҳам агар намояндаи хосро таъйин кунад, аз қуввати хосе бархӯрдор нахоҳад буд ва дар ҳадди як табодули назари содда миёни иштироккунандагон метавонад бошаду бас.
Агар як бори дигар ман натиҷагирӣ кунам, бо дарназардошти мавозеъи тундравона ва инъитофнопазири Толибон, агар қарор бошад гоми асосӣ ва ҷиддитаре дар равобит бо ин гурӯҳ бардошта шавад, ин Созмони Милал ва кишварҳои ҷаҳонанд, ки бояд арзишҳояшонро қурбонӣ карда ва ба Толибон боҷ диҳанд, на ин гурӯҳ.
Оё ҷаҳон ҳозир аст беш аз он чӣ интизор меравад ба хостҳои Толибон тан дода ва аз усулу арзишҳояш даст бардорад? Баъид ба назар мерасад. Агар чунин аст, пас ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш дорем. Ба бовари ман, гуфтугӯ бо гурӯҳҳое мисли Толибон он ҳам аз мавзеъи заиф ва муомилаҷуёна ҳеҷ натиҷаи матлубе надорад, худро фиреб надиҳед.