Ҷанг на танҳо мухолифи Қонуни Асосист, балки амнияти ҷаҳонӣ, иқтисоди Амрико ва эътибори демократияи онро ба хатар меандозад.
Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Матлаби аслӣ: چرا آمریکا وارد جنگ با ایران نخواهد شد؟
Дар шароите ки даргириҳои низомӣ миёни Эрон ва Исроил шиддат гирифтааст ва суханҳои таҳдидомези президент Доналд Трамп дар бораи эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон афзоиш ёфтааст, ин нигаронӣ ба дурустӣ матраҳ мешавад, ки оё Иёлоти Муттаҳида дар остонаи ворид шудан ба як ҷанги нави Ховари Миёна қарор дорад ё не? Дар ин таҳлил, бо истинод ба шоҳидони таҷрибавӣ, додаҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои стратегии амалкунанда нишон дода мешавад, ки чунин эҳтимол бисёр заъиф аст ва Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди фишорҳо вориди ҷанги мустақим бо Эрон нахоҳад шуд.
1 - Таҷрибаи гаронбаҳои гузашта ва шаклгирии фарҳанги зиддиҷанг дар Амрико
Мудохилаҳои низомии Амрико дар Афғонистон (2001) ва Ироқ (2003), ки ба қимати ҷони ҳазорҳо нафар ва сарфи триллионҳо доллар анҷомиданд, дастовардҳои муҳими стратегӣ барои Вашингтон ба бор наоварданд. Ин шикастҳои гаронбаҳо афкори умумии амрикоиҳоро нисбати моҷароҷӯии нави низомӣ, бахусус дар Ховари Миёна, шадидан бадбин кардааст.
Бар асоси назарсанҷиҳои маркази Pew Research ва CNN дар нимаи аввали соли 2025, беш аз 60% шаҳрвандони амрикоӣ мухолифи оғози як ҷанги нав дар Ховари Миёна мебошанд. Ҳатто миёни интихобкунандагони ҷумҳурихоҳ, ки одатан аз сиёсати хориҷии мудохилагарона пуштибонӣ мекунанд, аксарият зидди даргирии низомӣ ҳастанд. Ин гароиш яке аз омилҳои калидӣ дар маҳдуд кардани интихоби низомии ҳукумати Трамп маҳсуб мешавад.
2 - Тааҳҳудоти интихоботии Трамп ва авлавият додан ба иқтисоди дохилӣ
Доналд Трамп дар ҳар ду маъракаи интихоботии худ борҳо аз "ҷангҳои бетаъриф" интиқод карда, зарурати тамаркуз ба бозсозии иқтисоди дохилиро таъкид намудааст. Ворид шудан ба як ҷанги нав, бахусус алайҳи кишваре чун Эрон бо паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ, на танҳо бо шиорҳои интихоботии ӯ дар тазод аст, балки хавфи аз даст рафтани пуштибонии табақаҳои миёна ва муҳофизакори мунзавишавандаро низ зиёд мекунад.
Изҳороти ахири Трамп дар моҳи июни 2025, ки гуфт, "ҳеҷ кас намедонад ман чӣ хоҳам кард” ва ё “ҳафтаи оянда бисёр муҳим хоҳад буд”, беш аз он ки нишондиҳандаи омодагӣ барои ҷанг бошад, бахше аз як стратегия барои эҷоди норавшанӣ дар ҳадафи фишор болои Теҳрон аст — равише, ки дар адабиёти равобити байналмилалӣ бо номи “дипломатияи маҷбурсоз” шинохта мешавад (Belfer Center, Harvard).
3 - Монеаҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ дар муқобили ҷанг
Бар асоси моддаи 1, бахши 8-уми Қонуни Асосии Иёлоти Муттаҳида, танҳо Конгресс салоҳияти расмии эълони ҷанг алайҳи кишварҳои дигарро дорад. Президент ҳамчун фармондеҳи умумӣ фақат дар сурате метавонад амалиёти низомиро оғоз кунад, ки Конгресс иҷозаи расмӣ дода бошад, ё салоҳиятҳои муваққатии маҳдуд ба ӯ вогузор шуда бошанд.
Ҳамчунин бар асоси Қатъномаи ваколатҳои ҷангии соли 1973, президент муваззаф аст дар тӯли 48 соат пас аз оғози амалиёти низомӣ Конгрессро дар ҷараён гузорад ва агар то 60 рӯз иҷозати расмӣ содир нашавад, нерӯҳо бояд пас кашида шаванд.
Дар канори ин мулоҳизаҳои ҳуқуқӣ, далелҳои иттилоотӣ низ алайҳи шарҳи ҷанг амал мекунанд. Ниҳодҳои иттилоотии Амрико, аз ҷумла CIA, DIA, NSA ва Идораи миллии иттилоотӣ (ODNI) дар гузоришҳои расмии худ таъкид кардаанд, ки ҳеҷ далеле бар талоши кунунии Эрон барои сохтани силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад. Ин арзёбиҳо барои аксарияти аъзои Конгресс аз ҳарду ҳизб қонеъкунанда буда, сабаби рад шудани ҳар навъ иҷозати амалиёти низомӣ шудаанд.
4 - Тағйири стратегияи Иёлоти Муттаҳида: аз ҷанг бо терроризм ба рақобати геополитикӣ бо Чин
Яке аз сабабҳои асосии он ки чаро Иёлоти Муттаҳида вориди ҷанг бо Эрон намешавад, тағйири амиқи афзалиятҳои стратегии он кишвар дар даҳсолаи охир аст. Сиёсати хориҷии Вашингтон, хусусан дар давраи раёсати Доналд Трамп, аз тамаркузи анъанавӣ ба “ҷанг бо терроризм” ба самти рақобати геополитикӣ бо Чин дар заминаҳои иқтисодӣ, фанноварӣ ва низомӣ тағйир ёфтааст.
Дар Стратегияи амнияти миллии ИМА, минтақаи Ҳинду Уқёнусия ва Осиё ҳамчун “меҳвари асосии рақобати стратегии асри XXI” шинохта шудааст — ҷое ки афзоиши нуфузи Чин таҳдиди ҷиддитар нисбат ба нооромии Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Дар ин чаҳорчӯб, захираҳо, таваҷҷуҳ ва сармоягузориҳои дипломатӣ ва низомии Амрико тадриҷан аз Ховари Миёна канор рафтаанд.
Намунаҳои равшани ин тағйири стратегӣ иборатанд аз:
- Созишномаи Давҳа бо Толибон (2020), ки ба хуруҷи асосии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон анҷомид ва хотимаи расмии ҳузури низомии ИМА дар он кишварро дар пай дошт.
- Коҳиши ҳузури низомӣ дар Сурия ва гузариш аз амалиёти заминӣ ба сиёсатҳои боздоранда ва идораи ғайримустақими буҳрон, инчунин мулоқоти Трамп бо Абумуҳаммад Ҷавлонӣ, раҳбари гурӯҳи Ҳайати Таҳрир-уш-шом (HTS) ва раиси ҳукумати муваққати шимоли Сурия, ки қаблан дар феҳрасти гурӯҳҳои террористии Амрико қарор дошт. Ин иқдом, ҳарчанд бо интиқод рӯбарӯ шуд, нишондиҳандаи возеҳи гузариш аз сиёсати маҳви душманон ба ҳамкории тактикӣ барои нигаҳдории суботи нисбии минтақавӣ буд.
Ин таҳаввулот нишон медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳида дигар майле ба ҷангҳои гаронбаҳои низомӣ дар Ховари Миёна надорад. Баръакс, авлавияти он ҳифзи бартарӣ дар рақобатҳои бузурги геополитикӣ, бахусус бо Чин аст. Дар чунин шароит ворид шудан ба як ҷанги ҳамаҷониба бо Эрон, он ҳам бе таҳдиди мустақим ва қатъӣ ба манфиатҳои ҳаётии Амрико, на танҳо зарурат надорад, балки мухолифи сиёсати умумии амнияти миллии Вашингтон мебошад.
Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки сиёсатгузории Амрико аз мудохилагароии арзишасос (мисли таблиғи демократия) ба самти амалгароии стратегӣ (монанди идора кардани хатарҳо бе ҷанги мустақим) ҳаракат кардааст.
Хулоса: ҷанг — як имкони номумкин ва гаронбаҳо
Бо таваҷҷуҳ ба мухолифати густурдаи афкори умумӣ, маҳдудиятҳои ҳуқуқии Конгресс, тааҳҳудоти интихоботии Трамп ва тағйири стратегияи умумии Амрико ба сӯйи рақобат бо Чин ва диққат ба манфиатҳои иқтисодӣ, метавон гуфт, ки эҳтимоли ворид шудани Амрико ба ҷанги мустақим бо Эрон хеле кам аст.
Таҳдидҳо ва манёврҳои сиёсӣ дар феълан бештар барои афзоиши фишор ба Теҳрон дар чаҳорчӯби стратегияи "дипломатияи маҷбурсоз" анҷом мешаванд, на барои омодагӣ ба ҷанги воқеӣ.
Агар таҳдиди рӯшан ва мустанад алайҳи амнияти миллии Амрико вуҷуд надошта бошад, ҳеҷ пуштибонии ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ё ахлоқӣ барои оғози ҷанг дар Конгресс шакл нахоҳад гирифт. Дар воқеъ, чунин ҷанг на танҳо мухолифи Қонуни Асосист, балки метавонад амнияти ҷаҳонӣ, иқтисоди Амрико ва эътибори демократияи онро ба хатар андозад.