Рақобатҳо минтақаӣ ва ҷаҳонӣ сарзамини Афғонистонро ором нахоҳанд гузошт.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Ин навишта як таҳлил аст, қазоватро ба шумо мегузорам. Агар касе мехоҳад вазъияти мавҷуд ва ояндаи Афғонистонро таҳлили ҳамаҷониба намояд, бояд нақши бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаиро фаромӯш накунад, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Миёна бо ин арзёбӣ метавонад таҳлили дурусте ироа кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҷараёни маъракаи интихоботии худ изҳор карда буд, ки майдони ҳавоии Багроми Афғонистон бояд дар ихтиёри мо мебуд, акнун Чин, рақиби мо, аз ин майдон истифода мекунад. Трамп пас аз расидан ба қудрат низ ҳушдор дод, ки силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии мо, ки акнун дар ихтиёри Толибон аст, бояд дубора мустарад гардад ва майдони ҳавоии Багром дубора дар ихтиёри мо қарор гирад.
Ҳоло ин савол матраҳ аст, ки оё ин дархости Трамп ҷанбаи амалӣ хоҳад дошт ё на. Зимнан, рӯзи гузашта Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, эълом кард, ки вогузории майдони ҳавоии Багром ва таҷҳизоти низомӣ ба Амрико як хаёли ғайримумкин ва ғайриамалӣ аст.
Амрикову рақобат бо Чин дар сарзамини Афғонистон
Сиёсатҳои Трамп умдатан бар асоси манофеъи миллии Амрико ва тамаркуз бар рақобат бо Чин танзим шудааст. Трамп ҳамвора талош карда, то нуфузи Чин дар манотиқи стратегӣ, аз ҷумла Афғонистон, маҳдуд шавад. Ишораи ӯ ба майдони ҳавоии Багром ва истифодаи Чин аз он, баёнгари нигаронии Вашингтон аз афзоиши қудрати Чин дар ин минтақа аст. Агар Амрико бихоҳад контроли фурудгоҳро бозпас гирад, бояд сиёсати таҳоҷумитар дар баробари Толибон иттихоз кунад, ки метавонад ба афзоиши танишҳо дар минтақа мунҷар шавад.
Толибон ва таслиҳоти амрикоӣ
Таслиҳоти боқимонда дар Афғонистон акнун дар ихтиёри Толибон аст. Ин таҷҳизот метавонанд ҳам ба таҳдиде барои манофеи Амрико табдил шаванд ва ҳам ба абзоре барои контроли дохилии Толибон. Саволи аслӣ ин аст, ки оё Толибон аз ин таслиҳот барои густариши қудрати худ дар минтақа истифода хоҳанд кард ё хайр. Сиёсати Амрико то кунун бар эҷоди фишори иқтисодӣ ва таҳримӣ мутамаркиз буда, аммо ин иқдомот ба танҳоӣ мумкин аст коромад набошад.
Нақши Чин ва рақобат минтақаӣ
Чин ба унвони як қудрат иқтисодиву низомӣ, талош дорад, то нуфузи худро дар Афғонистон афзоиш диҳад, ба вежа аз тариқи проектҳое назири “Камарбанду ҷода”. Фурудгоҳи Афғонистон ва манобеъи табиии ин кишвар барои Чин аҳамияти стратегӣ доранд. Ҳар гуна талоши Амрико барои бозпасгирии фурудгоҳ ё маҳдуд кардани Чин, рақобати геополотикии ин ду қудратро афзоиш хоҳад дод.
Рӯйкарди ояндаи Амрико дар Афғонистон
Қатъи кӯмакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон нишондиҳандаи стратегияи фишори ҳаддиаксарӣ аст, аммо ин сиёсат бидуни ҷойгузинии роҳиҳалҳои сиёсии пойдор, метавонад Афғонистонро бештар ба сӯи Чин ва Русия савқ диҳад. Агар Амрико бихоҳад нуфузи худро дар Афғонистон ҳифз кунад, бояд миёни фишори низомӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ таодул эҷод кунад.
Дар кулл сиёсати Амрико дар қиболи Афғонистон дар шароити феълӣ мубҳам ва пароканда ба назар мерасад. Агар ин раванд идома ёбад, Толибон мумкин аст батадриҷ қудрати худро тасбит карда ва бо ҳимоятҳои хориҷӣ (монанди Чин), сиёсатҳои Амрикоро ба чолиш бикашанд. Барои дастёбӣ ба як натиҷаи матлуб, Амрико бояд ё мустақиман вориди таомул бо Толибон шавад ё роҳе барои коҳиши нуфузи Чин дар Афғонистон пайдо кунад, ки ҳар ду гузина ниёзманди тасмимоти печида ва ҳазинабар ҳастанд.
Нақш Эрон дар Афғонистон
Эрон ба далели ҳаммарзӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ, ҳамвора ба думболи ҳифзи нуфузи худ дар Афғонистон будааст. Дар солҳои ахир равобити Эрону Толибон беҳбуд ёфтааст. Эрон ба далели хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва коҳиши нуфузи Ғарб, саъй карда равобити худ бо Толибонро мудирият кунад. Теҳрон Толибонро ба унвони як бозигари воқеӣ дар Афғонистон пазируфта ва ҳатто аз онҳо барои таъмини манофеи худ дар баробари ҳузури Амрико дар минтақа истифода кардааст. Ин ҳамкориҳо бештар дар заминаи иқтисодӣ, амнияти марзӣ ва муқобила бо гурӯҳҳое монанди ДОИШ будааст.
Эрон ҳамчунин яке аз муҳиммтарин шарикони иқтисодии Афғонистон аст ва аз тариқи содироти коло, сӯхт ва хадамот ба рушди иқтисодии ин кишвар кӯмак кардааст. Ҳамчунин, Эрон мизбони миллионҳо паноҳҷӯи афғон буда, аз ин мавзӯъ ба унвони як аҳроми сиёсӣ дар таомул бо давлати Афғонистон ва Толибон истифода кардааст.
Бо ин ҳол, равобити Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳамвора печида будааст. Барои Эрон ҳузури Амрико дар Афғонистон таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти миллӣ ва нуфузи минтақавиаш маҳсуб мешавад. Бо хурӯҷи неруҳои амрикоӣ Эрон тавонистааст нақши муассиртаре дар Афғонистон ифо кунад.
Нақши Покистон дар Афғонистон
Покистон ҳамвора ба думболи ҳифзи нуфузи суннатии худ дар Афғонистон аз тариқи ҳимоят аз Толибон аст. Амнияти марзӣ ва рақобат бо Ҳинд барои Покистон авлавияти аслӣ аст. Ин кишвар ба думболи тақвияти равобити худ бо Толибон аст, то нуфузи худ дар Афғонистонро ҳифз кунад. Ҳамчунин Покистон нигарони бесуботӣ дар Афғонистон ва таъсири он бар вазъияти амниятӣ дар марзҳои худ аст.
Нақши Ҳинд дар Афғонистон
Ҳинд ба таври фаъол дар талош аст, то нуфузи худро дар Афғонистон густариш диҳад. Ин кишвар аз тариқи сармоягузорӣ дар проектҳои мухталифи зерсохтӣ ва равобити дипломатӣ бо давлатҳои Афғонистон мекӯшад аз таҳдидоти Покистон ва Толибон ҷилавгирӣ кунад. Ҳинд бо тақвияти ҳузури худ дар Афғонистон ба думболи муқобила бо нуфузи Покистон ва ҷилавгирӣ аз густариши терроризм дар минтақа аст.
Нақши Русия дар Афғонистон
Русия нақши муҳимме дар ояндаи Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ифо мекунад. Ин кишвар ба далели марзҳои наздик ва нигаронӣ аз густариши ифротгароӣ, талош мекунад суботи минтақаро ҳифз кунад. Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии худро тақвият карда, то аз густариши нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ, монанди ДОИШ ҷилавгирӣ кунад. Ҳамчунин Русия саъй дорад бо таомули маҳдуд бо Толибон, нуфузи худро дар Афғонистон ҳифз кунад ва монеъ аз пешравии Амрико ва НАТО дар минтақа шавад.
Нақши кишварҳои Осиёи Миёна дар Афғонистон
Кишварҳои Осиёи Миёна, монанди Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бештар нигарони суботи минтақаӣ ва муқобила бо ифротгароӣ ҳастанд. Ин кишварҳо дар пайи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятӣ бо Афғонистонанд, то аз густариши терроризм ҷилавгирӣ кунанд ва дар айни ҳол аз манофеи худ дар минтақа дифоъ намоянд.
Чашмандози ояндаи Афғонистон
Дар ниҳоят, Афғонистон ҳамчунон ба саҳнаи рақобати шадид миёни бозигарони мухталифи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ табдил хоҳад шуд. Кишварҳое ҳамчун Амрико, Чин, Эрон, Покистон ва Ҳинд ҳар кадом ба думболи дастёбӣ ба аҳдофи хоси худ дар Афғонистон ҳастанд. Дар ин миён, мардуми Афғонистон ҳамчунон бо чолишҳои амниятӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ хоҳанд буд. Ояндаи ин кишвар ба тасмимоти печидае бастагӣ дорад, ки ниёзманди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва роҳҳалҳои сиёсии пойдор аст.
Дар кулл метавон гуфт, ки рақобатҳои ин кишварҳо сарзамини Афғонистонро ором нахоҳанд гузошт ва ҳанӯз ташвиш вуҷуд дорад, ки Афғонистон як бори дигар қурбонии рақобатҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ хоҳад шуд ва ин чолишҳо ва рақобатҳо метавонад таззод ва рақобатҳоро дар байни раҳбарии Толибон низ издиёд бахшад.