Чаро бархе афроди маъруфи Ғарб аз Русия ҳимоят мекунанд?
Нависанда: Холид Воҳидӣ, рӯзноманигори муқими Маскав
Рӯзҳои ахир шаҳри Мюнхени Олмон ба конуни ҷаҳонии лаффозиҳое алайҳи Русия табдил шуд. Дар конфронси амниятии Мюнхен, ки 19 феврал анҷом ёфт, раҳбарони кишварҳои пешрави ғарбӣ ба иттифоқи оро амалиёти вежаи Русия дар Украинаро маҳкум карданд.
Бо ин ҳол, иттифоқи назари мансабдорон ба ин маъно нест, ки ҷомиаи кишварҳояшон ҳамназари онҳо бошад. Бисёре аз сокинони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо аз мавқеи Русия низ ҳимоят мекунанд. Онҳо аз Русия на танҳо дар калимот, балки аз назари ҷуғрофиёӣ низ ҳимоят мекунанд. Ин афрод ин воқеиятро пинҳон намекунанд, ки зиндагии русӣ аз назари рӯҳӣ ба онҳо наздик аст ва онҳо онро дарк мекунанду мепазиранд.
Николя Ҷерар Дворетски, полиси бознишастаи фаронсавӣ ва кӯҳнасарбози Легиони хориҷии Фаронса, понздаҳ сол аст, ки дар рустои Новое Алтишевои Чувашия зиндагӣ мекунад. Ӯ чоряк қарн аз зиндагии худро вақфи сохторҳои қудратии Фаронса кард, аммо қасд дорад бақияи онро ба сабки русӣ ба сар барад. Ӯ як ҳамсари рус, ду фарзандхонда, як хона дар русто ва ду буз дорад, ки худаш бо лаззат онҳоро медӯшад. Ӯ ҳамчунин барномаҳои бузурге барои зиндагӣ дорад, ки дар он худро муаллими забони фаронсавӣ мебинад.
Вай мӯътақид аст, ки дар Русия фурсатҳо ва чашмандозҳои зиёде дорад, ки наметавон дар мавриди зодгоҳаш Фаронса гуфт. Ӯ ватани аввали худро бо мафоҳиме монанди ҷиноят, қиматҳо, молиёт, муҳоҷирон ва тарси доимӣ аз фақир шудан тавсиф мекунад. Ҳоло танҳо фарзандони издивоҷи аввалаш ӯро бо Франса рабт медиҳанд, дигар ҳеҷ. Ӯ қасди бозгашт ба онҷоро надорад ва ошкоро аз артиши Русия ҳимоят мекунад, ки ба назари ӯ, " сокинони Донбасро аз натсионалистҳои украинӣ муҳофизат мекунад."
- Бовар кунед, аксар фаронсавиҳо бо ман мувофиқ ҳастанд. Путин мехоҳад ба мардуми бедифоъе, ке чандин сол аст дар як кобус зиндагӣ мекунанд, кӯмак кунад. Давлати Фаронса бо ҳимоят аз мақомоти украинӣ муртакиби иштибоҳ бузурге мешавад, - гуфт ӯ ба хабарнигорони яке аз расонаҳои русӣ.
Бояд гуфт, ки Николя дар диди худ аз мушкилоти ҷаҳон танҳо нест. Мавзеъи мушобеҳеро на танҳо сокинони одии Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, балки афроди машҳури ҷаҳон низ баён доштаанд.
Артиш ва мардуми Русия ошкоро аз сӯи ҳунарпешагони машҳуре, монанди Стивен Сигал, Ҷон Малкович, Рейф Файнс, Мики Рурк ва ҳамчунин нависанда Пауло Коэло, коргардон Оливер Стоун, равоншинос Ҷордан Петерсон, файласуф Френсис Фукуяма ва бисёре аз афроди маъруфи дигари ҷаҳон, ки назарашон мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми мардуми сайёра аст, аланӣ ҳимоят мешаванд. Онҳо аз боби тазоди физоянда бо ибороти мухталиф сӯҳбат мекунанд, аммо моҳият ҳамеша ба як чиз хулоса мешавад - сиёсати Ғарб адолат ва ақли салимро зери по мегузорад ва метавонад сайёраро ба остонаи фоҷиа бирасонад. Ин афрод ба мақомот ва масъулони худ мегӯянд: “Биистед!”. Ин ҳамон иттифоқи назари воқеӣ аст, ки бояд шунида шавад.
- Мо ба Русия мегӯем, ки чӣ коре анҷом диҳад, ба назари ман, бо таваҷҷуҳ ба корҳое, ки мо, Иёлоти Муттаҳида анҷом додаем, ин масхара аст. Ҳама фақат фарёд мезананд: “Русҳо ҳамла мекунанд”. Аммо чӣ касе русҳоро таҳрик кард? - Оливер Стоун як саволи мунсифона матраҳ мекунад.
Паоло Коэло дар ҳавои суханони ӯ мегӯяд:
- Буҳрони Украина баҳонае муносиб барои русситезӣ аст.
- Ин як фоҷиа аст, аммо медонед, ман худам аз кишваре ҳастам, ки тақрибан ҳар сол ҷангеро шурӯъ мекунад, - мегӯяд Ҷон Малкович.
Вақте чунин афроди маъруф дар Ғарб аз мавқеи Русия дар ҷанги Украина ҳимоят мекунанд, мешавад тасаввур кард, ки чунин ҳамраъйӣ дар ҷомиаи онҳо то кадом ҳад аст ва чаро расонаҳои ғарбӣ онҳоро намебинанд. Дасти кам ин афрод дар Ғарб инро ҳам дарк мекунанд, ки мубтакири табоҳии Украина маҳз Ғарб буд, он гуна ки маҳз Ғарб Ироқ, Сурия, Афғонистон, Либия ва ғайраро табоҳ кард.
Боз ба Худо маълум аст, ки дар дафотири созмонҳои истихборотии Ғарб чӣ нақшаҳои палид, мухарриб ва ғайриинсонии дигаре алайҳи кадом кишвари бечораи дигар омода мешавад. Бояд ҷилави ин нақшаҳо гирифта ва башарият аз иқдомоти мухарриб Ғарб раҳо шавад.