Хабари рӯз

Чӣ касе ҷойгузини Замир Кобулов хоҳад шуд?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Ин мавзӯъ ҳамакнун ҳам дар Кобул ва ҳам дар гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирати сиёсии Афғонистон мавриди алоқаи фаъол қарор дорад.

Аз поёни моҳи июл, манобеъи мухталифи афғонистонӣ пешбиниҳояшонро дар хусуси номзади ҷонишини Замир Кобулов дипломати русӣ барои мақоми намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ба иштирок гузоштаанд.

Биёед, фавран эътироф кунем, ки мо шахсан воқеан ба ин шоеъот бовар надорем - қаблан теъдоди зиёде аз онҳо вуҷуд доштааст, магар Замир Набиевич ҳанӯз ҳам он ҷо аст ва тавре маълум мешавад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ вазифаи худро тарк нахоҳад кард...

Аммо сиёсатмадорони Афғонистон афроди пурэнержӣ ҳастанд ва наметавонанд мунтазири тағйири стратегияи Русия дар қиболи Афғонистон бошанд. Ва онҳо мустақиман ин тағйиротро бо дер ё зуд рафтани Замир Кобулов аз вазифаи намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон пайванд медиҳанд.

Дар зер мо фақат он чиро, ки аз теъдоде аз сиёсатмадорони афғон шунидаем, бозгӯ мекунем, ки ишора мекунанд, онҳо дар ин замина аз манобеъи муайяни русӣ сигналҳое доранд

Инак, бар асоси ин шоеъот, намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умур Афғонистон мумкин аст дар авоили хазони соли 2024 иваз шавад.

Ба асоси иттилоъи ҳамин манобеъ, дар ҳоли ҳозир "дуву ним" муддаӣ барои курсии Кобулов вуҷуд дорад.

Номзади аввал: Алберт Хорев (сафири Русия дар Покистон). Ӯро чунин сифат мекунанд: “Як афғоншиноси ҷавону ояндадор, ки дар самти Покистон ба таври муассир кор мекунад.”

Номзади дуввум: Дмитрий Кабаев. Ӯро ин гуна мушаххас мекунанд: “Як афғоншиноси ботаҷриба, як раҳбари ғайрирасмӣ дар миёни мутахассисини хориҷии ЮНАМО, қаблан ба унвони генерал-консули Федератсияи Русия дар Мазори Шариф кор мекард.”

Манобеъи афғонистонӣ таъкид мекунанд, ки “ҳар ду (Хорев ва Кабаев) марбут ба Кобулов ҳастанд”, яъне гӯё аз сӯи худи Кобулов ба унвони ҷонишинонаш интихоб шудаанд.

Манобеъи афғонистонӣ Дмитрий Жирнов, сафири кунунии Русия дар Кобулро номзади “ним” мехонанд. Ў ба унвони як шахси бо "иртибототи бисёр хуб дар идораи раисҷумҳури Русия" тавсиф шудааст.

Нозирони афғонистонӣ шонси Жирнов барои гирифтани вазифаи феълии Кобуловро "комилан ҷиддӣ, агар ӯ воқеан бихоҳад" арзёбӣ мекунанд.

Ва дар ин замина достони зерро меоранд: “Вақте Мантитский сафири Русия дар Афғонистон таъвиз шуд, Кобулов (гӯё) мехост Кабаевро ба ҷои ӯ бинишонад. Ӯ тамоми таъйидияҳои лозимро тай кард ва ҳатто наздик буд, ки дастур имзо гардад. Магар дар охирин лаҳза онҳо шахси дигареро мансуб карданд – Жирнов. Ва ҳама ба ин далел, ки ӯ дар Майдони Куҳна иртибототи наздик дорад”.

Аз ин рӯ, ҳатто ҳоло, огаҳони ҳоли Афғонистон ин эҳтимолро рад намекунад, ки Жирнов мумкин барандаи майдон дар миёни дигар номзадҳо ва қодир ба шикастани фитнаи намояндаи вежаи мустаъфӣ бошад.

Ба гуфтаи яке аз нозирони афғон, “пас аз рафтани Кобулов, ҷонишинони ӯ дере нахоҳанд монд” ва “пок кардани ботлоқи рокид ва додани ангезаи пӯё ба он душвор хоҳад буд. Илова бар ин, ағлаб авқот ин ба зарари шӯҳрати намояндаи вежа тамом хоҳад шуд”.

Ин шарҳҳоро бидуни шарҳ мегузорем.

Хуб, бубинем, ин интизорот ва пешбиниҳо ба ҳақиқат мепайванданд ё хайр...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!