Хабари рӯз

“Манқурту манқуртизм” падидаҳоеанд, ки сарнавишти Осиёи Марказии Бузургро рақам заданд.

Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Соли гузашта дар тайи як барномаи таҷрибаомӯзӣ бо раҳбарони ҷавони кишварҳои пасошуравӣ, бо падидаи шигифтангезе рӯбарӯ шудам. Бархе аз ширкаткунандагон алоқае ба тааммул дар таърихи муштараки минтақа надоштанд ва ҳатто теъдоди каме ба идеяи иттиҳоди миллатҳои минтақа вокуниши манфӣ нишон медоданд. Он чӣ бештар маро шигифтзада кард, тааҷҷуби онҳо аз ғояи эҷоди равобит бо миллатҳои ин сӯи Ому, яъне Афғонистон, Эрон ва Покистон буд.

Ин эҳсоси ҷудоӣ миёни миллатҳои минтақаро метавон ба беҳтарин шакл бо мафҳуми "манқуртизм", ки Чингиз Айтматов дар романи “Рӯзе дарозтар аз қарн” (“Дуроҳаи буронӣ”) ба тасвир кашидааст, тавзеҳ дод. Ин достон истиорае аст аз ин ки чӣ гуна нерӯҳои хориҷӣ, монанди истеъмор ва идеологияҳои таҳмилӣ, метавонанд ҳувияти як миллатро тазъиф ё ҳатто нобуд кунанд. Манқурт намодест аз мардумоне, ки аз таърих ва ҳувияти худ ҷудо шудаанд.

Ин эҳсоси бегонагӣ танҳо ба кишварҳои шимоли минтақа маҳдуд намешавад. Достони манқуртизм, ҳамчунин, ривоятгари зиддият ва беэътимодии шуморе аз мардуми Афғонистон нисбат ба ҳамсоягон ва миллатҳои минтақа аст. Ин достон ба хубӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна Афғонистон ва кишварҳои минтақа аз як баданаи тамаддунӣ ва минтақаии муштарак ҷудо шуда ва сипас дар муқобили якдигар қарор гирифтанд. Дахолати истеъмор ва таҳмили идеологияҳои мутафовит дар ду сӯи Ому, моро аз онҳо ва онҳоро аз мо чунон ҷудо кардааст, ки имрӯз ба сахтӣ якдигарро мешиносем.

Чингиз Айтматов (1928–2008), нависандаи барҷастаи қирғизистонӣ, осори мондагоре ҳамчун “Ҷамила”, “Алвидоъ Гулсарӣ” ва “Рӯзе дарозтар аз қарн” халқ кард. Айтматов бо нубуғи адабии худ, адабиёти Шӯравиро мутаҳаввил кард ва ҷавоизи бисёре дарёфт кард. Ӯ дар соли 2008 даргузашт, аммо номаш дар таърихи адабиёти Шӯравӣ ҷовидона шуд.

Романи “Рӯзе дарозтар аз қарн”, таркибе аз воқеияту афсона, Айтматовро ба шӯҳрати ҷаҳонӣ расонд. Ин роман бо пардохтан ба мафҳуми манқурт, ба нақди султа ва аз байн бурдани ҳувияти қавмӣ тавассути ҳукуматҳо мепардозад. Дар ин достон, қабилае ба номи жуанжуан, ҷавонон ва усарои ҷангиро мегирад ва барои аз байн бурдани ҳувият ва гузаштаашон, сари онҳоро аз мӯ метарошад ва пӯсти шутур тоза кандашудаеро бар сарашон мебандад. Дар асари тобиши офтоб ва фишори ношь аз хушк шудани пӯсти шутур, усаро дучори аз даст додани ҳофиза ва ихтилоли зеҳнӣ мешаванд.

Ин афрод, ки "манқурт" номида мешаванд, дигар қодири ба ёд овардани ном, хонавода ё гузаштаашон нестанд ва ба бардагони беирода табдил мешаванд, ки танҳо ба арбоби худ вафодоранд. Дар достон Жоламан яке аз ин ҷавонон, ҳатто модарашро, ки барои наҷоти ӯ омада буд, намешиносад ва ба дастури арбобаш ӯро мекушад. Ин достон ба шакли тамсилӣ ба беҳувиятӣ ва аз даст додани ҳофизаи таърихӣ дар ҷавомеи таҳти султа ишора дорад.

Достони манқуртизм ба таври намодин ба талоши ҳукуматҳо барои нобудии ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатҳо ишора дорад.

Ҳифзи ҳувияти миллӣ реша дар як таърихи муштарак дорад. Аммо чӣ мешавад агар ин решаҳо ба амд қатъ шаванд? Мафҳуми манқурт ба тавсифи вазъияте мепардозад, ки дар он афрод ҳувият, ҳофиза ва ҳатто забони худро аз даст медиҳанд ва ба мавҷудоти беҳувият табдил мешаванд. Ин мафҳум, ки тавассути Чингиз Айтматов халқ шуда, ба хубӣ намоёнгари воқеиятҳои талхи таърихӣ аст.

Манқуртизм танҳо як достон нест, балки бозтобе аз таърихи воқеии бисёре аз миллатҳост. Имрӯз низ дар бархе нуқоти ҷаҳон, шоҳиди талошҳое барои тағйири ҳувияти фарҳангӣ ва забонии мардум ҳастем. Ин талошҳо натанҳо ба ҳувияти афрод, балки ба таърих ва тамаддуни як миллат осеб мерасонад.

Айтматов бо халқи шахсияти Жоламан, ки ҳатто модаршаро намешиносад ва ба дастури арбобаш ӯро мекушад, умқи фоҷиавиро, ки манқуртизм ба бор меовард, ба тасвир мекашад. Ин достон моро ба тафаккур дар бораи аҳамияти ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва зарурати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва минтақаӣ вомедорад.

Бо тааммул дар ин мафоҳим, ниёз ба бозгашт ба як ҳувияти минтақаии муштарак аҳамияти бештаре меёбад. Гузаштаи мо пур аз пайвандҳои фарҳангии ғанӣ аст, ки тавассути сиёсатҳои истеъморӣ ва натсионалистӣ шикаста шудааст. Бозпасгирии ин мероси муштарак, роҳе аст барои бозсозии ҳамкорӣ ва иттиҳод миёни миллатҳое, ки барои муддати тӯлонӣ аз якдигар ҷудо шудаанд. Ин бозгашт ба решаҳои минтақаӣ, на танҳо як ҳаракати насталжикӣ аст, балки барои ояндаҳо мубтанӣ бар дарки мутақобил, эҳтиром ва ҳамбастагии зарурӣ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!