Хабари рӯз

Ҷиргаи мардонаи Толибон Афғонистонро бештар дар ботлоқ ғарқ хоҳад кард

 Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Толибон мутобиқи нақшаи Покистон, бо нобуд кардани тамоми арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва бо поймол кардани ҳуқуқи аввалияи соир ақвоми дохили кишвар, Афғонистонро гом ба гом ба сӯи суқути комил то сарҳади таҷзия савқ хоҳанд дод. Онон саъй меварзанд то зиндагиро ба ашколи мухталиф бар ақвоми ҳазора, тоҷик, ӯзбек ва ҳатто паштунҳои таҳаввулталаб, то он ҳад сахту тоқатфарсо бисозанд, ки дору надорашонро ба ҳароҷ гузошта, заминҳо, хонаҳо ва кошонаҳояшонро ба толибони қудратманд ва ҳомиёну тарафдоронашон аз ҳар ду сӯи марз ба қимати бисёр нозил бифрӯшанд ва аз ватан фирор намоянд.

 Луя Ҷиргаи исломии Толибон, ки ба ҳадафи касби машрӯъият барои бунёдгаротарин ва бадавитарин гурӯҳи террористии исломӣ ба роҳ афтодааст, бо иҷоза надодани ҳатто як зан дар ҷирга, моҳияти нангини Толибонро бештар бармало карда ва суқути Афғонистонро дар ботлоқи динӣ-толибӣ ва азҳампошии комили арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ тундтару сареътар хоҳад кард. Толибон мехоҳанд бо касби машрӯъияти нисбӣ аз ин ҷиргаи фармоишии муллоҳо, макотиб ва донишкадаҳоро бештар бо дарунмояи динии ифротӣ аҷин ва ороста карда, илму огоҳӣ ва озодиро дар Афғонистон то нуқтаи сифр таназзул бидиҳанд. Онон мехоҳанд бо куштани рӯҳи озодӣ дар мардум, вобастагии кишварро ба Покистон мустаҳкамтар ва бодавомтар карда ва бо ҷалби эътимоди кишварҳои қудратманди минтақаӣ чун Ҷумҳурии халқии Чин, Русия, Эрон ва Ҳиндустон, бозии мушу гурбаро бо мухолифон ба роҳ андохта, ҳам ҳимояту сармояҳои беруниро ҷалб намоянд ва ҳам вобастагӣ ба Покистон ва АйЭсАйро истеҳкоми бештар бубахшанд.

 Бозгашти теъдоди зиёде аз дуздони саршиноси ҷумҳурияти сенафараи доктар Ғанӣ ба Афғонистон, ба хубӣ нишон медиҳад, ки ба зудӣ Толибон (шомили толибони Шабакаи Ҳаққонӣ ва Толибони қандаҳорӣ) ба машвараву шарокати форуқвардакҳо, чакариҳо, аминарсалоҳо ва дигарон... бо фурӯши арзону наздик ба муфти манобеъи зерзаминӣ, тасаллут ва назорат бар банодир, бонкҳо, шаҳрволиҳо ва ғайра, домани фасодро дар сатҳи кулли кишвар чунон густурда ва паҳн намоянд, ки шоҳдуздиҳои форуқвардакҳо, ҳумоюнқаюмиҳо ва аҷмалаҳмадиҳоро аз ёд бибарем.

Ба бовари ман, Афғонистон ҳеҷ гоҳе ба андозаи имрӯз залилу бадном нашуда ва то ин ҳад ба партгоҳи нобудиву суқут наздик набудааст. Толибон бо доир кардани ин ҷиргаи муллоии мардона ва ҳазфи комили занон аз ин маҷлиси бузург, мардуми Афғонистонро номутамаддинтарин, занситезтарин ва нодонтарин мардуми рӯйи замин, ки аз зану огоҳиву озодии зан ҳарос доранд, муаррифӣ менамоянд. Толибон мехоҳанд ба дастури АйЭсАйи Покистон ин бор Афғонистонро дар партгоҳи нобудии комил партоб намоянд.

Аммо Афғонистон бояд наҷот дода шавад. Мардум бояд таслими ҷаҳлу терроризм нашаванд. Танҳо роҳи наҷоти Афғонистон аз суқути комил дар партгоҳе, ки Покистон тадорук дидааст, ташкили як ҷабҳаи муттаҳиди миллӣ аст - ҷабҳаи озодибахш бо ширкати тамоми гурӯҳҳои зиддитолиб аз тамоми гурӯҳҳои қавмии Афғонистон, шомили занон, ҷавонон, низомиён ва маъмуроне, ки корҳояшонро аз даст додаанд... Касе ё гурӯҳе бояд по пеш гузошта, шуҷоъона ва бо нияти содиқона дирафши пурифтихори иттиҳод ва озодиро баланд намоянд. Акнун беҳтарин замони басиҷи тамоми мардум ба даври як ҷабҳа ва як раҳбари шуҷоъ, содиқ ва дилсӯз аст...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!