Хабари рӯз

Ёддошт аз Сангар: Фоҷиаи Балхоб идомаи фаҷоеъи Панҷшеру Андароб аст. Фоҷиаи ҳазора идомаи фоҷиаи тоҷик аст. Муҳтарам оқои Раҳмонӣ, беҳуда аз Эрону Ироқ кӯмак мехоҳад. Эрон ҷанги Балхобро “фитнаи Амрико” медонад. Наҷоти балхобиву панҷшериву андаробӣ дар дасти худашон аст. Тоҷику ҳазора - Масъуду Маҳдӣ як душман ва як роҳ доранд: иттиҳоду муқовимат! Он гуна ки Ҳазрати Бедил фармуда: "Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад".

Нависанда: Ориф Раҳмонӣ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон

1 - Бо лашкаркашии Толибон ба Балхоб ҷамъи зиёде аз шаҳрвандони мулкӣ ва низомӣ кушта шуданд ва ҷамъе овораи кӯҳу биёбон. Бозору хонаҳо ва манозили бисёрӣ тавассути лашкари Толибон тахриб ва ғорат шудааст.

2 - Толибон ҳадду ҳурмати мадрасаву ҳусайния ва масҷидро шикастааст. Гӯӣ дар бовари ин гурӯҳ масоҷид ва марокизи мазҳабиву динии шиъаён ҳурмате надорад. Ин қиссаро наметавон фаромӯш кард ва наметавон бахшид.

Толибон дар масҷиди ҳазораҳои шиа

3 - Қатъан бархе аз аҳолии Балхоб ва ҷамъе аз муздурони Иморат саҳми қобили таваҷҷуҳ дар эҷоду идомаи фоҷеаи куштору оворагии мардуми Балхоб доранд.

4 - Ҷомеаи байналмилалӣ, кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои имдодрасони милливу байналмилалӣ то кунун кӯмаку имдоде барои инсони ҳазораи шиъаи балхобӣ накардааст. Истисноот қобили таваҷҷуҳ нест.

5 - Мардуми овора ва дар ба дари Балхоб ҳамакнун ба кӯмакҳои башарии оҷилу вофири башарӣ ниёзманд ҳастанд. Ниҳодҳои имдодгар бояд ба суръат ба доди ин мардум бирасанд.

Оворагони Балхоб

6 - Мароҷеъи изоми тақлиди шиъа, сармоядорон ва кишварҳои исломиву ғайриисломии муддаии ҳимоят аз ситамдидагон бояд ба доди оворагони дар ба дар ва фоҷеазадаи Балхоб бирасанд.

7 - Аз сукути ғайриҳазораҳои афғонистонӣ дар қиболи фоҷеаи Балхоб воқеан наметавон гузашт. Аз бародарону хоҳарони ғайриҳазораамон интизор дорем, ки фарёди додхоҳиву тазаллумталабӣ (шикоят) - и ситамдидагони Балхоб шаванд. Чунонки ҳазораҳо ҳамеша дар буҳронҳову фаҷоеъ дар канори онҳо будаанд.

8 - Умуми ҳазораҳои муқими дохилу хориҷ бояд ба суръат ва диққати тамом дар амри имдодрасонӣ талош намоянд. Набояд мунтазири дигарон бимонанд.

9 - Ҳар ҳазора ва афғонистонии озода бояд дар додхоҳии мардумони Балхоб саҳми ҷиддӣ бигирад ва барои инъикоси далоил, абъоду паём ва паёмадҳои фоҷеа барои ҷаҳониён ҳар фард бояд як расона шавад. Ҷаҳониён бояд дар ҷараёни дақиқи ҷиноёти гурӯҳи Толибон ва нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Балхобу сойири манотиқи кишвар қарор гиранд.

10 - Таҳқиқу тазоҳурот ва конфронсҳои хабарӣ дар хориҷ аз кишвару нигориши гузоришҳо ва мақолоти асаргузору ҳирфаӣ дар бораи фоҷеаи Балхоб фаромӯши ҳеҷ инсони тавонову бовиҷдон нашавад.

11 - Ба таври вежа аз ду кишвар - Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ироқ мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои сахт ва фоҷиабор дар канори мардуми Балхоб қарор гиранд. Ба оворагони Балхоб кӯмак кунанд ва нисбат ба масунияту ҳифозат аз онҳо эҳсоси масулияти бештаре намоянд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!