Иёлоти Муттаҳида дар ҳеҷ куҷо ва ҳаргиз стратегияи худро тағйир намедиҳад
Нависанда: Толиб Алиев, махсус барои Сангар
Пайвастагии бисёр возеҳеро метавон дар иқдомоти Иёлоти Муттаҳида думбол кард. Амрикоиҳо ба бурузи буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишваре дигар кӯмак мекунанд, сипас ин кишварро алайҳи давлат ё мардуми дигаре таҳрик медиҳанд ва пас аз он бо тахсиси манобеъи молии ҳангуфт аз оташе, ки шӯълавар шудааст, нигаҳбонӣ мекунанд, то хомӯш нашавад.
Боризтарин намунаи ин стратегияи Амрико, вазъияти Афғонистон аст. Пас аз хурӯҷи Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар августи 2021, ҷое, ки гуфта мешавад бо Толибон ва терроризми байналмилалӣ меҷангиданд, амрикоиҳо таҷҳизоти низомии худро ба ҳамон Толибон вогузар карданд, ки ҳазинаи он 85 миллиард доллар тахмин зада мешавад. Инро рӯзномаи инглисии The Telegraph ба нақл аз Ҷим Бенкс, намояндаи Конгресси Амрико гузориш дод. Дар маҷмӯъ, Толибон 600 ҳазор аслиҳаи хурд, 200 чархболу ҳавопаймо, ҳудуди 75 ҳазор худрав ва ҳамчунин дастгоҳҳои диди шаб, зиреҳи бадан ва бисёре дигар дарёфт кард. Ҳамин Бенкс гуфтааст, ки имрӯз Толибон бештар аз 85 дарсади кишварҳои ҷаҳон чархболи Блек Ҳовк дорад. Аммо ҷолибтарин чиз ин аст, ки ин вазъият комилан ба табъи Иёлоти Муттаҳида аст. Дар айни ҳол, ба далоиле, Кохи Сафед ба бозгардондани амволи артиш ё муҷозоти масъулин барои аз даст додани ин ҳама фикр намекунад. Чӣ гуна ин амр дар як давлате, ба истилоҳ, демократӣ ва қонунмеҳвар мумкин аст?
Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҷои ёфтани омилон ва кашфи далоили иттифоқи афтода, аз тариқи Том Вест, фиристодаи вежаи президент дар умури Афғонистон, шурӯъ ба муошиқа бо Толибон ва ҳатто таъмини молии он аз тариқи созмонҳои байналамилалии худ карда ва дар ҳоли музокира бо онҳо барои рафъи инсидоди ҳисобҳои молии масдудшуда ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар низ ҳаст. Чизе ба мо мегӯяд, ки шарти аслӣ барои озодсозии ин сармояҳо поён додан ба паштунсозӣ ва нафрати қавмӣ нисбат ба тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо нахоҳад буд. Ва ҳеҷ кас ҳам аз Толибон нахоҳад пурсид, ки чаро ин гурӯҳ созмонҳои террористии байналмилалӣ ва минтақаӣ, монанди Алқоида, ДОИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистон, Ҷамоати Ансоруллоҳро дар шимоли Афғонистон, марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ва Чин ҷамъоварӣ мекунад. Ин чӣ метавонад бошад?
Яке дигар аз намунаҳои боризи стратегияи Амрико, буҳрони Украина аст. Зеленский, президенти таҳти контроли Иёлоти Муттаҳида, раҳбарии Русияро барои муддати тӯлонӣ таҳрик дод то посух диҳад, ва ҳангоме, ки ин иттифоқ афтод ва буҳрони дигаре ба вуҷуд омад, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш фаъолона шурӯъ ба таъмини Украина бо пулу таслиҳот карданд ва эҳсосоти зиддирусиро дар ин кишвар барангехтанд то Русия ва артиши онро ба унвони зомини субот дар кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, ва ҳамчунин дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ беэътибор созанд. Буҳрони Украина, ки ба таври маснуъӣ тавассути Иёлоти Муттаҳида эҷод шудааст, бахше аз тарҳи Амрико барои эҷоди рӯёрӯӣ байни кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ аст, ки шомили кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ мешавад. Бар асоси ин тарҳ, Вашингтон ва муттаҳидонаш ба талошҳои худ барои аз байн бурдани системи амниятӣ, равобити иқтисодӣ ва ҳатто таърихи муштараку арзишҳои маънавӣ, ки дар ИДМ гиромӣ дошта мешавад, идома хоҳанд дод.
Ван И, вазири умури хориҷаи Чин, дар арзёбии буҳрони Украина, гуфт, ки кишварҳои пасошӯравии минтақа бояд дар баробари мудохилаи хориҷӣ муқовамат кунанд, ҳамоҳангиро тақвият ва ҳамкориҳои неки ҳамҷавориро анҷом диҳанд. Ин дипломати чинӣ хотирнишон кард: “Иёлоти Муттаҳида кашондани кишварҳои ИДМ ба рӯёрӯии геополитикӣ бо Русияро идома хоҳад дод, ки метавонад мунҷар ба тахриби сохтори амниятии минтақа шавад”.
Стратегияи Амрико дар намунаҳои Афғонистону Украина ба вазоҳат қобили мушоҳида аст. Оташи буҳрон дар ин кишварҳо шӯълавар аст ва оташафрӯзон ба андозаи кофӣ ҳезум барои идомаи оташ доранд. Вазифаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар дараҷаи аввал, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба маънои воқеии калима дар хатти муқаддами мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор доранд, ин аст, ки талошҳоро барои ҷилавгирӣ аз густариши оташ дар сарзаминҳои худ бо якдигар муттаҳид кунанд. Зеро ин як стратегияи қадимии Амрикост, ки 50 сол аст дар минтақа иҷро мешавад ва Вашингтон ҳеҷ тағйире дар он эҷод накардааст.
Ҳадафи стратегияи Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ ҳифозат аз ҳокимият ва тарвиҷи ислоҳоти демократӣ дар кишварҳои минтақа нест. Баракс, сарнагунии системҳои қудрати мавҷуд ба дасти он созмонҳои террористиест, ки барояшон силоҳҳои кофӣ фароҳам сохта, Афғонистонро таслим карданд ва онҳоро пушти дарвозаҳои Осиёи Марказӣ ҷой доданд.
Амрико чаро аз низоми, ба истилоҳ, демократие, ки дар Афғонистон сохт, ҳимоят накард ва як низоми толибонии ифротӣ ва асримиёнагиро ҷойгузини он сохт? Оё ҳақ ва интизори мардуми мазлуми Афғонистон ин буд? На хайр. Ин идомаи ҳамон стратегия аст, ки ҳеҷ гоҳ тағйир нахоҳад хӯрд. Тасаввури ояндаи он барои кишварҳои минтақа бидуни ҷузъиёт бисёр осон аст.