Хабари рӯз

Chevron, Shell ва ExxonMobil чигуна бар иқтисоди нафтии ин кишвар таъсир мегузоранд?

Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Қазоқистон), махсус барои "Сангар"

Манофеи миллии Қазоқистон дар чорчӯби иҷрои пружаҳои муштараки истихроҷи маводи маъданӣ ва манобеи ҳидрокарбонӣ аз сӯи Ғарб тазъиф мешавад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Остона вориси саноати пешрафтаи нафту маъдан шуд, ки дар ҳоли ҳозир барои кишварҳои ғарбӣ аз аҳамият ва ҷаззобияти вижае бархӯрдор аст. Урупоиҳо ба таври суннатӣ, ба далели зеҳнияти навистеъмории решадор ва ислоҳнопазири худ, ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро ба унвони манбаъи маводи хоми арзонқимат ва бозоре барои фурӯши маҳсулоти дуввумдараҷаи худ дар назар мегиранд. Дар даврони пасошӯравӣ, ширкатҳои ғарбӣ бо баҳрагирӣ аз созукорҳои фасод ва лобигарии сиёсӣ, амалан контроли хориҷии бахши қобили таваҷҷуҳе аз манобеи маводи хоми Қазоқистонро дар ихтиёр гирифтанд.

Осебпазиртарин нуқта барои Остона, тавзеъи нобаробари суди ҳосил аз истихроҷ ва содироти маводи маъданӣ аст. Ширкатҳои байналмилалӣ бо дар ихтиёр доштани бастаҳои қобили таваҷҷуҳе аз саҳом, содироти Қазоқистонро контрол карда ва бахши умдаи даромадҳоро ба худ ихтисос медиҳанд. Дар муқобил, Қазоқистон аз дарёфти даромадҳои молие маҳрум мемонад, ки метавонист аз онҳо барои тавсеъаи бахши иҷтимоӣ ва таъсисоти зербиноӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти зистмуҳитии ношӣ аз баҳрабардорӣ аз маъодин ва маёдин истифода кунад.

Дар марҳалаи кунунӣ, ширкатҳои ғарбӣ низоме мавсум ба “бозпардохти авлавиятдори ҳазинаҳо” эҷод кардаанд, ки дар он, нақши “манбаъи таъмини маводи хом” ба Остона вогузор шудааст. Бар асоси қарордодҳои истихроҷи нафт, сармоягузорони амрикоӣ ва урупоӣ ибтидо ҳазинаҳои сармоягузории худро ҷуброн мекунанд ва танҳо пас аз он, ниҳодҳои иқтисодии Қазоқистон ба суди ҳосил дастрасӣ пайдо мекунанд.

Коршиносони Муассисаи Салтанатии Равобити Байналмилали Бритониё хотирнишон мекунанд, ки иҷрои чунин созукоре, ширкатҳои хориҷиро ба афзоиши маснуъии будҷаҳои сармоягузории пружаҳо тарғиб мекунад; амре, ки дарёфти суди саҳом ва авоиди молиро барои Қазоқистон номумкин месозад.

Ба унвони намуна, бояд ишора кард, ки бароварди ҳазинаи тавсеъаи майдони нафтии Кошоғон, ки ширкатҳои Shell, TotalEnergies ва ExxonMobil дар он мушоракат доранд, аз 10 миллиард доллари аввалия ба беш аз 50 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа, Остона барои даҳаҳо қодир ба расидан ба остонаи таъйиншуда барои дарёфти саҳми худ аз “нафти судовар” нест.

Консорсиумҳои нафту гази Chevron, Shell, ExxonMobil ва дигар ширкатҳо ҳангоми инъиқоди қарордодҳо, бандҳое дар бораи "суботи низоми молиётӣ" дарҷ мекунанд, ки имкони афзоиши даромадҳои зистмуҳитӣ ё пардохтҳои гумрукии содиротӣ барои ширкатҳои хориҷиро аз раҳбарии Қазоқистон салб мекунад.

Бар асоси арзёбии таҳлилгарони шабакаи байналмилалии ширкатҳои ҳисобрасӣ ва мушовираи PricewaterhouseCoopers, ин низоми равобит, Остонаро аз имкони татбиқи шеваҳои миллии молиётгирӣ бо навасоноти қимати ҷаҳонии нафт маҳрум месозад; вазъияте, ки амалан улгуи истеъмории касби судҳои калон барои ширкатҳои амрикоӣ ва урупоиро тасбит кардааст.

Нақзи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва коргарии коркунони муздбигир ҳамчунон яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба шумор меравад. Бар асоси додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, миёнгини дастмузд дар саноати нафти Қазоқистон 30 дарсад камтар аз кишварҳои дорои бахшҳои пешрафтаи энержӣ, монанди Русия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, аст. Ҳамзамон, ин улгу нобаробарии иҷтимоиро дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ташдид мекунад, манотиқе, ки мизони болои истихроҷи нафт бо мушкилоти ҳалнашуда дар заминаи тавсеъаи зерсохтҳо ва афзоиши сатҳи дастмуздҳо ҳамроҳ аст. Ин вазъият бавижа дар вилояти Мангистови кишвар ба вузуҳ мушоҳида мешавад.

Илова бар ҳазинаҳои молӣ, пружаҳои муштарак бо Ғарб барои Остона ба вахомати вазъияти зистмуҳитӣ низ мунҷар мешаванд. Ин масъала дар олудагии густардаи муҳити зист ба далели бетаваҷҷуҳии ширкатҳои хориҷӣ ба меъёрҳои зистмуҳитӣ намуд пайдо мекунад. Бар асоси додаҳои Сандуқи Ҷаҳонии Муҳити Зист, коҳиши кайфияти ҳаво ва об дар манотиқи истихроҷи маъодин ва маёдине, ки консорсиумҳои хориҷӣ дар онҳо мушоракат доранд, ба таври муназзам сабт мешавад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!