Хабари рӯз

Русия аз иттиҳод бо гурӯҳе, ки аз рақобати қудратҳои бузург ба суди худ баҳра мебарад, чӣ интизоре дорад?

Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Русия дар бахши бузурге аз таърихи муосири худ натавонистааст бо исломи сиёсӣ ва ҷараёнҳои мазҳабии мустақил аз ҳокимият канор биёяд. Аммо дар солҳои ахир, нишонаҳое аз тағйир дар рӯйкарди Маскав дида мешавад; рӯйкарде, ки бар асоси он, Русия мекӯшад бо яке аз сахтгиронатарин қироатҳои суннатӣ ва ифротии исломи сиёсӣ, яъне Толибон, робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ барқарор кунад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки қудратҳои бузурги ғарбӣ дар мақотеъи мухталиф, бо қироатҳои гуногуни исломи сиёсӣ, суннатӣ ва ҳатто салафии ифротӣ, бар мабнои манофеъи истратегии худ таомул кардаанд ва аз зарфияти ин ҷараёнҳо барои пешбурди аҳдофи сиёсӣ ва геополитикии хеш баҳра бурдаанд.

Барои намуна, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони ғарбии он дар даврони Ҷанги сард, бо ҳимояти густарда аз муҷоҳидини Афғонистон, ки бахши муҳиме аз онон аз ҷараёнҳои исломгарои мутаассир аз андешаи Ихвонулмуслимини Миср буданд, тавонистанд ҷабҳаи нерӯманде дар баробари артиши Иттиҳоди Шӯравӣ эҷод кунанд. Ин ҳимоятҳо дар канори авомили дигар, ба шикасти роҳбурди низомии Шӯравӣ дар Афғонистон ва ташдиди буҳронҳои дохилии он анҷомид; буҳроне, ки саранҷом дар фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва истиқлоли дубораи ҷумҳуриҳои ташкилдиҳандаи он нақш дошт.

Иёлоти Муттаҳида бо ҷараёнҳои салафии Арабистони Саудӣ низ, бо вуҷуди қироати сахтгиронаи мазҳабии онон, равобити наздик ва густардаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ доштааст. Ихтилофоти мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ монеъи шаклгирии ин муносиботи истратегӣ нашуд ва манофеъи иқтисодӣ ва сиёсии қобили таваҷҷуҳе барои ҳар ду тараф ба ҳамроҳ дошт. Вашингтон бо исломи суннатӣ дар кишварҳое чун Покистон, Бангладеш, Малайзия ва Индонезия низ мушкили асосӣ надошта ва равобити худро бар асоси манофеъи муштарак танзим кардааст.

Аммо таҷрибаи Русия мутафовит будааст. Маскав дар даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, бо мазҳабӣ будани ҷавомеъи мусалмони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва гароишҳои динии онон, бархӯрди созгорона надошт. Бо он ки давлати Шӯравӣ дар ин ҷумҳуриҳо хадамоти иҷтимоӣ ва зерсохтҳои густардае эҷод кард, сиёсатҳои маҳдудкунандаи мазҳабӣ ва бархӯрди идеологӣ бо ислом, навъе беэътимодӣ ва фосила миёни ҳокимияти Шӯравӣ ва бахши мазҳабии ҷавомеъи мусалмон ба вуҷуд овард; фосилае, ки осори он дар давраи пас аз фурӯпошии Шӯравӣ низ ба куллӣ аз миён нарафт.

Акнун, пас аз гузашти наздик ба якуним қарн аз густариши нуфузи Русия дар бахшҳое аз ҷаҳони ислом ва Осиёи Миёна, ба назар мерасад Маскав ба ин натиҷа расидааст, ки бояд дар равиш ва сиёсати худ бознигарӣ кунад. Бавижа пас аз вуруди нерӯҳои чеченӣ ба ҷанги Украина ва барҷаста шудани нақши онон дар майдони набард, нигоҳи Кремл ба зарфиятҳои ҷавомеъи мусалмони дохили Федератсияи Русия низ абъоди тозае ёфтааст. Таҳаввулоти манотиқи мусалмоннишини Русия ва нақши нерӯҳои мазҳабӣ дар муодилоти амниятии он кишвар, бидуни тардид дар муҳосиботи ҷадиди Маскав бетаъсир набудааст.

Русия дар нимаи дувуми ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон, ба тадриҷ равобити пинҳонӣ бо Толибон барқарор кард. Ин равобит ба мурур ошкортар шуд ва саранҷом Маскав заминаи баргузории нишастҳо ва конфронсҳоеро фароҳам сохт, ки намояндагони Толибон низ дар он ҳузур ёфтанд. Ба ин тартиб, гурӯҳе, ки замоне дар феҳристи гурӯҳҳои мамнӯа ва террористии Русия қарор дошт, ба тадриҷ аз як душмани амниятӣ ба тарафи музокира ва сипас шарики сиёсии Маскав табдил шуд.

Бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва бозгашти Толибон ба қудрат, муносиботи ду тараф вориди марҳалаи тозае гардид. Русия, дар канори ҳифзи тамосҳо ва равобити худ бо мухолифони Толибон, ба тадриҷ муносиботи наздиктаре бо ҳокимияти ин гурӯҳ барқарор кард; то он ҷо, ки дар соли 2026 гоми таърихии ба расмият шинохтани ҳукумати Толибонро бардошт.

Аз он замон, равобити ду тараф ҳар рӯз абъоди густардатаре ёфтааст. Гузоришҳо аз имзои тавофуқи ҳамкориҳои логистикӣ ва амниятӣ миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар ҳикоят дорад; ҳарчанд муҳтавои комили ин санад то кунун ба гунаи умумӣ мунташир нашуда ва ҷузъиёти он дар дастрас нест. Бо ин ҳол, нишонаҳое аз ҳамкориҳои фаннӣ ва низомӣ, аз ҷумла дар заминаи тармим ва омодасозии тайёраҳои ҷангӣ ва васоити муҳорибавӣ, мушоҳида мешавад.

Ин таҳаввул пурсишҳои ҷиддиеро матраҳ мекунад: чӣ гуна гурӯҳе, ки дирӯз дар феҳристи гурӯҳҳои мамнӯаи Русия қарор дошт, имрӯз ба яке аз дӯстони наздики Маскав табдил шудааст? Оё Русия аз гароишҳои ифротии Толибон ва иртибототи ин гурӯҳ бо бархе ҷараёнҳои дигари минтақаӣ ғофил аст? Ё он ки манофеъи фаврии сиёсӣ ва амниятӣ Маскавро водор кардааст, то хатароти дарозмуддати ин робитаро нодида бигирад?

Ин дар ҳолест, ки Толибон, бо вуҷуди наздикӣ ба Русия, равобит ва тамосҳои худро бо Иёлоти Муттаҳида низ ҳифз кардаанд ва аз кумакҳо ва интиқоли нақдинагии Амрико, ки дар суботи нисбии пулии Афғонистон зери султаи ин гурӯҳ нақш дошта, баҳраманд шудаанд. Чунин вазъияте нишон медиҳад, ки Толибон дар сиёсати хориҷии худ, бар хилофи тасаввури бархе тарафҳои минтақаӣ, ба як меҳвар ва блоки сиёсӣ вафодор намондаанд; балки мекӯшанд аз рақобати қудратҳои бузург барои тасбити ҳокимияти худ имтиёз бигиранд.

Русия аз ин робита чӣ мехоҳад ва дар баробари он чӣ чизе ба даст меоварад?

Осиёи Марказӣ ҳавзаи суннатии нуфуз ва яке аз муҳимтарин камарбандҳои амниятии Русия маҳсуб мешавад. Дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мусаллаҳе ҳузур доранд, ки метавонанд амнияти марзҳои шимолии Афғонистон ва ҳатто суботи дохилии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро таҳдид кунанд. Бархе аз ин гурӯҳҳо тавоноии таҳаррук ва манёвр дар манотиқи марзӣ ва фаротар аз онро доранд. Бинобар ин, ин пурсиш комилан баҷост, ки Русия чаро дар баробари чунин таҳдидоте сукут мекунад ва имтиёзоти сиёсӣ ва дипломатии худро якҷониба дар ихтиёри Толибон қарор медиҳад?

Толибон то кунун натавонистаанд ба таъаҳҳудоти мавриди интизори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Покистон, Чин ва Эрон, ба гунаи қобили эътимод амал кунанд. Ҳузур ва фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар Афғонистон ҳамчунон яке аз нигарониҳои асосии ин кишварҳост. Бо ин ҳол, Маскав ба густариши равобити худ бо Толибон идома медиҳад; гӯӣ нигарониҳои амниятии минтақа дар баробари мулоҳизоти сиёсии он аҳамияти камтаре ёфтааст.

Дар муқобил, Толибон барои Туркия имтиёзи амниятии қобили таваҷҷуҳе қоил шудаанд. Туркия, ки аз аъзои муҳими Паймони НАТО ва дорои равобити наздик бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида аст, тавонистааст дар заминаи муқобила бо таҳдидҳои амниятии худ аз ҳамкории Толибон баҳраманд шавад. Гузоришҳое низ дар бораи боздошти як фарди муттаҳам ба узвият дар ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон ва интиқоли ӯ ба Туркия мунташир шудааст.

Ин мавзӯъ пурсиши дигареро ба миён меоварад: оё Толибон ҳозиранд чунин имтиёзҳоеро дар ихтиёри соири кишварҳои минтақа низ қарор диҳанд? Агар посух мусбат аст, чаро то кунун нишонаҳои мушобеҳе аз ҳамкории муассир ва қобили эътимод бо Русия, кишварҳои Осиёи Миёна, Чин ва Эрон дида намешавад?

Дар ҳамин ҳол, нишонаҳое аз коҳиши гармии равобити Чин ва Толибон низ ба чашм мехӯрад. Ба назар мерасад Пекин аз ваъдаҳои таҳаққуқнаёфта ва рафтори ғайриқобили пешбинии Толибон дар муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба сутуҳ омада бошад. Дастикам он гармӣ ва шитоби аввалия дар равобити ду тараф монанди гузашта мушоҳида намешавад ва бархе проектҳои иқтисодӣ низ бо кундӣ ва коҳиши таҳаррук мувоҷеҳ шудаанд. Бо вуҷуди ин, Русия ҳамчунон бо ҷиддият дар пайи таҳкими равобити худ бо Толибон аст.

Мабнои аслии ин муносибот чист? Оё Маскав воқеан ба ин бовар расидааст, ки Толибон метавонанд шарики қобили эътимоди амниятӣ ва сиёсии он бошанд, ё ин наздикӣ сирфан бахше аз як муҳосибаи муваққат дар баробари фишорҳои геополитикии Ғарб аст? Ин робита то куҷо идома хоҳад ёфт ва Русия дар баробари имтиёзҳое, ки ба Толибон медиҳад, чӣ тазминҳое дарёфт кардааст?

Мунозаи Покистон ва Толибон; озмуни душвори сиёсати Русия

Ташдиди муноза миёни Покистон ва Толибон метавонад Русияро бори дигар дар як тангнои душвори сиёсӣ ва амниятӣ қарор диҳад. Покистон, ба унвони яке аз бозигарони муҳими минтақа ва кишваре дорои равобити дерина бо Маскав, дар як сӯи ин муодила қарор дорад ва Толибон, ки Русия акнун ба гунаи расмӣ бо онон робита барқарор кардааст, дар сӯи дигар.

Дар чунин вазъияте, Маскав чӣ гуна метавонад миёни ду тарафе, ки ҳар як мутолибат ва нигарониҳои амниятии мутафовите доранд, таодул барқарор кунад? Оё Русия ҳозир аст ба хотири ҳифзи равобит бо Толибон, муносиботи худро бо Покистон ба хатар андозад? Ё дар сурати ташдиди буҳрон, ногузир хоҳад шуд аз имтиёздиҳии якҷониба ба Толибон даст бардорад?

Аз сӯи дигар, набояд фаромӯш кард, ки ҷанги Украина Русияро даргири як буҳрони тӯлонии низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сохтааст. Ҳимояти густардаи Ғарб аз Украина, ҳазинаҳои сангинеро бар Маскав таҳмил карда ва манобеъи низомӣ, молӣ ва инсонии ин кишварро башиддат даргир сохтааст. Дар чунин шароите, табиӣ аст, ки Кремл нахоҳад дар ҷабҳаи дигаре, бавижа дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, бо буҳрони амниятии тозае рӯбарӯ шавад.

Шояд яке аз ангезаҳои аслии наздикии Русия ба Толибон ҳамин бошад: Маскав мехоҳад аз эҷоди як дардисари амниятии тоза дар ҷануби Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад ва итминон ёбад, ки Афғонистон ба майдони фаъолияти нерӯҳое табдил намешавад, ки битавонанд амнияти марзҳои Русия ва муттаҳидони минтақаии онро таҳдид кунанд. Аммо оё Толибон зарфият ва иродаи лозим барои таъмини чунин тазминеро доранд?

Пурсиши муҳимтар ин аст, ки оё Русия метавонад барои муддати тӯлонӣ бо гурӯҳе канор биёяд, ки қироате сахтгирона ва ифротӣ аз ислом дорад ва дар дохили Афғонистон низ бар мабнои ҳамин бардошт, сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии бастае эҷод кардааст? Оё ин робита, нохоста ба улгуе барои ҷараёнҳои ифротӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил нахоҳад шуд? Оё Маскав ба паёмадҳои идеологӣ ва амниятии машрӯъият бахшидан ба чунин ҳукумате андешидааст?

Дар ин миён, як эҳтимоли дигар низ набояд нодида гирифта шавад. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони ғарбии он таҷрибаи тӯлонии истифода аз ҷараёнҳои исломгаро ва нерӯҳои ифротӣ дар рақобатҳои геополитикӣ бо рақибони худро доранд. Агар дар оянда, Вашингтон ва Ғарб тасмим бигиранд бори дигар аз зарфияти Толибон дар муодилоти минтақаӣ ва дар баробари рақибони худ истифода кунанд, оё Русия ҳамчунон метавонад Толибонро дар канори худ нигаҳ дорад? Ё ин ки Маскав дар ниҳоят бо гурӯҳе рӯбарӯ хоҳад шуд, ки бар асоси манофеи худ, ба роҳатӣ миёни қудратҳои рақиб ҷобаҷо мешавад?

Воқеият ин аст, ки Толибон дар сиёсати хориҷии худ, беш аз он ки ба тааҳҳудоти пойдор ва усули мушаххаси истратегӣ вафодор бошанд, ба дунболи касби имтиёз аз рақобати қудратҳо ҳастанд. Аз ҳамин рӯ, наметавон итминон дошт, ки дӯстии имрӯзи онон бо Маскав, дар сурати тағйири шароит, ба ҳамон андоза пойдор боқӣ бимонад.

Оё бори дигар ба даврони Ҷанги сард бозмегардем?

Рақобати қудратҳои бузург бар сари Афғонистон, агарчи шакл ва абзорҳои он бо даврони Ҷанги сард тафовут дорад, аммо нишонаҳое аз бозгашти ҳамон мантиқи рақобати геополитикиро дар худ дорад. Афғонистон бори дигар метавонад ба арсае барои рақобат, муомила ва истифодаи абзории қудратҳои бузург аз ҷараёнҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ табдил шавад.

Тафовути ин бор дар он аст, ки Русия мехоҳад бо Толибон ба унвони як шарики амниятӣ ва сиёсӣ ҳамкорӣ кунад; дар ҳоле ки Толибон на сохтори як давлати посухгӯ ва қобили пешбиниро доранд ва на то кунун нишон додаанд, ки ҳозиранд манофеъ ва нигарониҳои амниятии ҳамсоягони худро бар муҳосиботи гурӯҳӣ ва идеологии худ тарҷеҳ диҳанд.

Бинобар ин, дӯстии Маскав бо Толибон беш аз он ки як иттиҳоди истратегии мутавозин бошад, ба робитаи якҷониба шабоҳат дорад, ки дар он Русия имтиёз медиҳад ва Толибон аз рақобати қудратҳо баҳра мегиранд. Шояд русҳо тасаввур кунанд, ки бо наздик шудан ба Толибон метавонанд хатароти амниятии Афғонистонро маҳор кунанд; аммо мумкин аст дар оянда дарёбанд, ки ба ҷои маҳори як таҳдид, заминаи тақвият ва машрӯъият ёфтани ҷараёнеро фароҳам кардаанд, ки маҳори он ба маротиб душвортар хоҳад буд.

Саранҷом бояд пурсид: оё Русия бо ин сиёсат, Афғонистонро ба як шарики қобили эътимод табдил мекунад ё худро дар доми як робитаи пурхазина ва ғайриқобили пешбинӣ гирифтор месозад? Оё Толибон дар ниҳоят дар канори Русия боқӣ хоҳанд монд, ё ҳамон гуна, ки аз рақобати қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ имтиёз мегиранд, рӯзе Маскавро низ ба ҳошия хоҳанд ронд?

Инҳо пурсишҳое аст, ки посухи онҳоро на дар эъломияҳои дипломатӣ ва дидорҳои дӯстона, балки дар рафтори воқеии Толибон ва таҳаввулоти ояндаи минтақа бояд ҷустуҷӯ кард.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!