Хабари рӯз

Чӣ гуна мешавад ҳақоиқи таърихиро бо эҳсоияи ҷаълӣ инкор ва ҷаҳолати таърихиро бозтавлид кард?

Нависанда: Аббос Фаросӯ (Афғонистон)

Ман ёддошти Нураҳмад Холидӣ бо унвони “Вақте эҳсоия иддаоро рад мекунад"-ро хондам. Воқеият ин аст, ки навиштаи ӯ на арзиши илмӣ дорад ва на нуктаи тозае ба шинохти таърихи Афғонистон меафзояд. Бинобар ин, навиштаи ӯ шояд асосан арзиши пардохтан надошта бошад. Бо ин ҳол, чун маҷмӯае аз клишеҳои нажодӣ, бардоштҳои куҳна аз таърих ва тавҷеҳоти хушунати давлатӣро бозтавлид мекунад ва аз онҳо барои зери суол бурдани ранҷи таърихӣ ва мутолиботи имрӯзи ҳазораҳо истифода мекунад, лозим дидам барои рӯшан шудани ин баҳсҳо ба чанд нукта ишора кунам.

Нахуст, Холидӣ баҳси худро бар як клишеи нажодӣ бино мекунад. Ӯ муддаӣ аст, ки ҳазораҳо аз насли ҳазор кӯдаки боқимонда аз ҳамлаи муғул ба Бомиён дар соли 1220 милодӣ ҳастанд; кӯдаконе, ки гӯё аз омезиши муғулҳо бо занони маҳаллӣ мутаваллид шуданд. Ин ҳамон достони сода аммо нажодбоварона дар бораи ҳазораҳост, ки таърих ва ҳувияти ононро ба фарзандони фотеҳони муғул тақлил медиҳад. Дар ҳоле ки ин дидгоҳ дар ҳеҷ таҳлили илмӣ ва мардумшиносонае қобили дифоъ нест. Гурӯҳҳои инсонӣ на ин гуна шакл мегиранд ва на ин гуна таҳлил мешаванд. Зикр кунам, ки иртиботи ҳазораҳо бо муғулҳо фӣ нафсиҳ ҳеҷ айбе надорад, аммо ин баҳс ба ин содагӣ нест.

Ҳувиятҳои қавмӣ падидаҳое таърихӣ ва иҷтимоӣ ва печидаанд, на вижагиҳои собити зистии сода ва қабл аз қабл мушаххас. Ҳувиятҳои қавмӣ дар фарояндҳои печидаи таърихӣ шакл мегиранд, таҳаввул меёбанд ва тағйир мекунанд, на ин ки сирфан ба фарзандони як гурӯҳ ё фарди мушаххас маҳдуд бошанд; он тавр, ки маъмулан дар афсонаҳои қавмӣ ва қабилаӣ тасаввур мешавад. Ҷомеаи ҳазора, мисли соири ҷавомеи инсонӣ, дар натиҷаи қарнҳо таҳаввулоти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ шакл гирифтааст. Аммо мушкил ин аст, ки кори одамҳое мисли Холидӣ на таърихнигорӣ аст ва на илми ҷамъиятшиносӣ; балки бозтавлиди як клишеи қавмии бисёр авомона аст, ки дар ҳақиқат бозтавлиди ҷаҳолатҳои таърихӣ аст.

Дувум, Холидӣ худро аҳли омор ва арқом ҷo мезанад, вале на нигоҳи таҳлилӣ ба додаҳо дорад ва на модели таҳлилии дуруст. Ӯ барои таъйини ҷамъияти ҳазораҳо дар гузашта ба баровардҳои Монт-Стюарт Элфинстон дар авоили қарни нуздаҳум мутавассил мешавад. Аммо Элфинстон маъмури Компании Ҳинди Шарқии Бритониё буд, ки дар соли 1809 ба Пешовар сафар кард. Ӯ ҳаргиз ба Ҳазораҷот нарафт ва иттилооташ дар бораи ин манотиқро умдатан аз дигарон ба даст овард. Чунин баровардҳоеро наметавон саршумории муътабар донист. Афғонистон ҳатто имрӯз саршуморӣ надорад ва албатта набуди саршуморӣ низ далоили сиёсӣ ва қавмӣ доштааст; аммо чӣ гуна метавон иттилооти ғайримустақими як маъмури истеъморӣ дар беш аз ду қарн пешро меъёри қатъии ҷамъияти ҳазораҳо қарор дод ва сипас модели нодуруст тарроҳӣ кард?

Холидӣ сипас даст ба як муҳосибаи хандадор мезанад. Ӯ ҷамъияти аввалияи ҳазорнафариро фарз мекунад (ҳамон нигоҳи клишеӣ ва нажодбоварона), нархи рушди собитеро барои наздик ба ҳашт қарн дар назар мегирад ва сипас натиҷа мегирад, ки коҳиши 60 дарсадии ҷамъияти ҳазораҳо дар давраи Абдурраҳмон номумкин будааст. Ҳадафи ман дифоъ аз адади "60 фисад" нест; ҳадафам нишон додани нодурустии модели муҳосибавии Холидӣ аст. Мушкил ин ҷост, ки ӯ нархи рушдро бар асоси ҷамъияти фарзии оғози давра ва бароварди ҷамъияти имрӯз (поёни давра) танзим мекунад ва сипас ҳамон нархро меъёри доварӣ дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ қарор медиҳад. Як лаҳза фарз мекунем, ки бароварди аввали давра ва охири давра мутобиқи воқеъ аст! Ҳоло мушкил ин аст, ки фарзи рушди собити ҷамъият дар тӯли ҳашт қарн, аз назари равишшиносӣ ғайриқобили дифоъ аст. Бавижа ин ки миёнгини рушди ҷамъият дар ҳашт қарн ҳеҷ чизе дар бораи тағйироти ҷамъиятӣ дар давраҳои мухталиф ба мо намегӯяд. Як ҷомеа мумкин аст дар даврае рушди сареъ дошта бошад, дар даврае бо коҳиши шадиди ҷамъият рӯбарӯ шавад ва сипас дубора рушд кунад. Бинобар ин, наметавон аз як нархи рушди миёнгин, дар бораи ҷамъияти як гурӯҳи инсонӣ дар тӯли ҳашт қарн натиҷаи маънодоре гирифт. Асоси ин рӯйкард тахайюлӣ аст. Чӣ басо, ки ҳаргиз наметавон аз пешфарзи миёнгини рушди ҷамъият дар ҳашт қарн натиҷа гирифт, ки фоҷиае дар ин фосила рух надодааст. Дар хушбинонатарин ҳолат, Холидӣ ба ҷои он ки таърихи ҷамъияти ҳазораҳоро баррасӣ кунад, фарзҳои модели худро ҷойгузини таърих кардааст.

Афзун бар ин, иштибоҳи дигар дар муҳосибаи Холидӣ ин аст, ки ӯ асли иддаоро тағйир медиҳад. Бароварди машҳури "60 дарсад" дар манобеи пажӯҳишӣ ба маҷмӯи ҳазораҳое ишора дорад, ки кушта шуданд, ба бардагӣ даромаданд ё аз сарзаминҳои худ овора шуданд; на сирфан касоне, ки кушта шуданд. Масалан, дар ҷилди чаҳоруми Сироҷ-ут-таворих аз нобудӣ ва беҷоии ҳудуди чаҳорсад ҳазор хонаводаи ҳазора дар он замон сухан гуфта мешавад (ҳоло агар ҳар хонаводаро дорои 4 узв фарз кунем, дар маҷмӯъ бештар аз яку ним миллион нафар мешавад). Аммо Афғонистон кишваре бидуни омор ва арқоми дақиқ аст ва тахмини 60 дарсад низ баровардест, ки баъдан бар бунёди гузоришҳои таърихӣ анҷом шудааст; бинобар ин, метавон дар бораи диққати он баҳс кард. Ҳатто агар бароварди 60 дарсад дақиқ набошад, воқеияти куштор, бардасозӣ, кӯчи иҷборӣ ва мусодираи замини камубеш чаҳорсад ҳазор хонаводаи ҳазора тағйир намекунад. Ин як воқеияти таърихии Афғонистон аст.

Вале ангезаи аслии Холидӣ аз модели муҳосибавии тахайюлиаш, дар бахшҳои баъдии навиштааш рӯшантар мешавад. Дар бахшҳои баъдӣ, Холидӣ моҳияти хушунати Абдурраҳмон алайҳи ҳазораҳоро тавҷеҳ мекунад. Ӯ ҷанг бар алайҳи ҳазораҳоро бо саркӯби шинвориҳо, ғилзоиҳо ва дигар гурӯҳҳо муқоиса мекунад ва ҳамаро бахше аз раванди маъмули "давлатсозӣ" медонад. Ин ҳамон ривояти ошноест, ки хушунати давлатиро зери унвони тамаркузи қудрат одӣ ҷилва медиҳад. Аммо масъала ин нест, ки Абдурраҳмон бо гурӯҳҳои дигар низ ҷангид. Масъала ин аст, ки ҳукумати ӯ алайҳи ҳазораҳо чӣ гуна ҷангид ва чӣ аҳдофе дошт.

Абдурраҳмон ҷанг алайҳи ҳазораҳоро бо такфири мазҳабӣ ва эълони ҷиҳод ҳамроҳ кард ва ҷанг бо шинвориҳо ва дигарон ин гуна набуд. Ҳукумат бо интишори фармонҳо ва эъломияҳои мазҳабӣ, неруҳоеро аз саросари кишвар ба ҷанг фаро хонд ва мушорикат дар онро бо ваъдаи замин, ғанимат ва асир ташвиқ кард. Занон ва кӯдакони ҳазора ба бардагӣ гирифта шуданд, заминҳояшон мусодира шуд ва бахше аз ҷамъият ба иҷбор аз манотиқи худ ронда шуданд. Абдурраҳмон дар фатвои худ алайҳи ҳазораҳо менависад: "Қатли нуфус ва тафриқи ҷамъият [ҳазора] ва тахриби билоди эшон айни ҷиҳод ва тақвияти дини Рабб-ул-ибод аст” ва ҳатто тавбаи онҳо низ набояд пазируфта шавад.

Инҳо иддаоҳои тоза ё сохтаи фаъолони ҳазора дар хориҷ аз Афғонистон нестанд. Сироҷ-ут-таворихи Файзмуҳаммад Котиб, таърихи расмии дарбори Афғонистон, ин сиёсатҳоро сабт кардааст. Дар яке аз эъломияҳои ҳукумат, аз решакан кардани (“бех кандан”) ҳазораҳои бархе манотиқ, асорати кӯдакон ва тақсими заминҳои онон миёни қабоили ғилҷоӣ ва дурронӣ сухан меравад ва дар амал низ чунин шуд. Котиб ҳамчунин фармони тақсими асирон ва ғаноим миёни давлат ва неруҳои ҷангӣ ва дарёфти молиёт аз харидуфурӯши бардагони ҳазораро сабт кардааст. Инҳо танҳо асноди расмии ҳукумати Афғонистон нестанд; дар гузоришҳои истихборотии истеъмори он даврон низ ин рӯйдодҳо борҳо сабт шудаанд.

Ин иқдомот чӣ иртиботе бо давлатсозии маъмул доранд? Чаро ҳукумате барои таҳкими иқтидори худ бояд ҷамъиятеро такфир кунад, занон ва кӯдаконашро ба бардагӣ бигирад ва заминҳояшро ба дигарон, аз қавми худ, вогузор кунад? Давлатсозӣ мумкин аст заминаи таърихии вуқӯи хушунатро тавзеҳ диҳад, аммо тавҷеҳи он нест. Холидӣ ва афроде мисли ӯ ин тафовути бунёдиро нодида мегиранд, зеро аз назари ахлоқӣ омодагии пазириши ранҷҳои таърихии бахше аз ҳамватанони худро надоранд; аз назари фикрӣ, омодагии нигоҳи интиқодӣ ба таърихро надоранд; ва аз назари савод ва дониш, зарфияти дарки ғайриклишеӣ ва ғайринажодпарастона аз гурӯҳҳои инсонӣ ва таърихи кишвари худро надоранд.

Мо медонем, ки мафҳуми наслкушӣ низ бо як рақами ҷамъиятӣ таъриф намешавад. Масъалаи аслӣ, иртикоби аъмоли мушаххас бо қасди нобудии куллӣ ё ҷузъии як гурӯҳи қавмӣ, миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ аст. Барои баррасии моҳияти хушунати Абдурраҳмон бояд фармонҳои ҳукумат, шеваи иҷрои ҷанг ва сарнавишти ҷамъияти ғайринизомиро баррасӣ кард. Пажӯҳишгарони мухталиф дар бораи наслкушии ҳазораҳо дақиқан аз ҳамин манзар ба мавзӯъ пардохтаанд. Холидӣ бидуни он ки адабиёт ва пажӯҳишҳои лозим дар бораи ин мавзӯъотро бишносад, муҳосибае хандаовар тартиб дода, ки натиҷаи он аз қабл дар зеҳни худаш мушаххас будааст.

Севум, муҳимтарин бахши навиштаи Холидӣ, натиҷаи сиёсии он аст. Ӯ аз зери суол бурдани хушунати таърихӣ алайҳи ҳазораҳо ба эҷоди тардид дар бораи озор ва табъизи муосир алайҳи онон ва сипас сиёсати муҳоҷиратии Австралия мерасад. Фаъолияти мудофеони ҳуқуқи ҳазораҳоро “лобигарӣ” муаррифӣ мекунад ва муддаӣ мешавад, ки ривоятҳои таърихии иғроқомез ба ҳимояти номутаносиб аз ҳазораҳо анҷомидаанд. Ба ин тартиб, ранҷи таърихии ҳазораҳо ба як ривояти нодуруст, мутолибаи адолат ба манфиатталабии қавмӣ ва ҳимояти башардӯстона ба натиҷаи фишори сиёсӣ тақлил меёбад. Ин рӯйкарде ошно дар Австралия аст ва барои ҳазораҳо ва ғайриҳазораҳо дар Австралия тозагӣ надорад. Бахше аз шикофи иҷтимоии кунунӣ низ реша дар ҳамин корҳо дорад.

Аммо ин рӯйкард бо таваҷҷуҳ ба шароити Афғонистон ҷолибтар аст. Ҳама медонанд, ки ҳазораҳо зери ҳокимияти Толибон бо табъизи сиёсӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд. Аз бисёре аз мавқеиятҳои давлатӣ канор гузошта шудаанд, фиқҳи ҷаъфарӣ аз низоми қазоӣ ҳазф шуда ва омӯзишҳо ва маросими мазҳабии шиаён бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳанд. Ҳамзамон, мунозаот бар сари замин ва чарогоҳ, ихроҷи иҷбории хонаводаҳо ва сиёсатҳои Толибон дар бораи моликияти замин ва шаҳракҳо, амният ва маъишати ононро таҳдид мекунад. Толибон мавонеи печидаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар баробари ҷамъияти ҳазораҳо дар шаҳрҳо вазъ кардаанд, то онҳоро маҷбур ба фирор аз кишвар ё тарки шаҳрҳо кунанд. Аммо Холидӣ дар баробари ҳамаи инҳо хомӯш аст. Хомӯшии ӯро метавон далеле бар ризояти хотири ӯ аз сиёсатҳои табъизомези Толибон донист. Ӯ мумкин аст фардо фаҷоеи дигареро низ зери унвони “давлатсозӣ” тавҷеҳ кунад.

Чунон ки дар бахшҳои дигари навиштааш ҳатто ҳамалоти хунбори террористӣ бар алайҳи занон ва кӯдакони ҳазораро талош дорад тавҷеҳ кунад. Ҳамалоти ҳадафманди ДОИШ-Хуросон ба марокизи омӯзишӣ, масоҷид ва маҳалоти ҳазоранишинро ҳама ба ёд дорем ва ҳанӯз таҳдиде ҷиддӣ аст. Ин воқеиятҳо дар гузоришҳои Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалӣ мустанад шудаанд. Аммо Холидӣ талош мекунад бахше аз хушунати муосир алайҳи ҳазораҳоро бо ҳузури бархе муҳоҷирони ҳазора дар ҷанги Сурия муртабит созад. Ҳол он ки кушторҳои Мазори Шариф ва Яковланг солҳо пеш аз ҷанги Сурия рух дода буданд. Муҳимтар ин ки аъмоли як ташкилоти низомиро наметавон ба як ҷомеаи қавмӣ нисбат дод. Ин мисли он аст, ки касе аъмоли Толибонро ба куллияти паштунҳо нисбат бидиҳад. Чунин истидлоле бар мантиқи масъулияти ҷамъӣ устувор аст ва ба ҷои посухгӯ донистани омилони хушунат, қурбониёнро масъули рафтори дигарон ҷилва медиҳад. Ин истидлол ҳам аз назари ахлоқӣ маҳкум аст ва ҳам аз назари таҳлилӣ нодуруст.

Ман ба нукоти боло ба ин далел пардохтам, ки дар чунин шароите, инкори ранҷи таърихии ҳазораҳо ва дар канори онҳо, занони Афғонистон, сирфан як ихтилофи назар дар бораи гузашта нест. Дар адабиёти марбут ба наслкушӣ ва табъизи қавмӣ ва нажодӣ ва ҷинсиятӣ, яке аз муҳимтарин авомиле, ки сабаби пойдории ин гуна табъизҳо ва хушунатҳо мешавад, инкори моҳияти ин навъ табъизҳо ва хушунатҳо алайҳи гурӯҳҳои қурбонӣ аст. Холидӣ дақиқан ҳамин корро мекунад. Инкори хушунат ва табъиз, дар воқеъ таъйид ва ташвиқи хушунат ва табъиз алайҳи як гурӯҳи қавмӣ аст.

Ақли мутаориф ҳукм мекунад, ки одаме мисли Холидӣ, ки дар кишваре пешрафта монанди Австралия зиндагӣ карда ва мӯй сафед кардааст, ба ҷои инкори дард ва ранҷи ҳамватанони ҳазорааш, бояд дар канори онҳо биистад ва сиёсатҳои табъизомезеро нақд кунад, ки ҳам ҳазораҳо ва ҳам Афғонистон дар куллияти худ қурбонии он будаанд. Аммо Холидӣ нишон медиҳад, ки ӯ, мутаассифона, фоқиди чунин зарфияти фикрӣ ва шуҷоати ахлоқӣ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!