Хабари рӯз

Дар бораи решаҳои тоҷикии бархе аз қабоили паштун ва ҷойгоҳи онон дар сохтори қабилаии афғонҳо

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари масоили минтақаӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Дар сохтори қабилаии паштун – афғон, ҳудуди 17 қабилаи кӯчак ва ҳошияии паштузабон вуҷуд доранд, ки аз лиҳози аҳамият дар дараҷаи дувум қарор мегиранд ва иддаои онон мабнӣ бар тааллуқ ба паштунҳои “асил” ё афғонҳо, ағлаб ба далели машкук будани маншаи онон, бо дидаи таҳқир нигариста мешавад.

Аз дидгоҳи илмӣ ва қавмӣ, метавон ононро тоҷик донист, зеро маншаи генетикӣ ва табори онон эронӣ аст, на ҳиндӣ, ва ҳамчунон бо маншаи қабоили аслӣ ва бонуфузи паштун – афғон, ки табори сакоӣ доранд, мутафовит аст. Дар гузаштаҳои дур, онон эҳтимолан аз нуфуз бархӯрдор буданд, аммо баъдҳо нуфузи худро аз даст доданд. Дар сохтори қабилаии кунунии паштунҳо, онон маъмулан дар ҷойгоҳи гурӯҳҳои “кӯмакӣ” ё “мулҳақшуда” қарор доранд, ки ба унвони шуракои дараҷаи дувум бо маҷмӯаҳои бузурги қабилаии мухталиф равобити ҳампаймонӣ доранд.

Ин қабоил ва гурӯҳҳои кӯчак иборатанд аз: Свотӣ, Буркӣ, Усмонхел, Вардак, Машвонӣ, Гандопур, Шалмонӣ, Муллогурӣ, деҳгонҳои Кунар, Боҷавур ва Дир, Ҳонӣ, Формулӣ, Роғанӣ, Беҳсуд, Моёр, Рӯдборӣ, Катонӣ, Саргонӣ ва Тоҷик (ки номи он худ гӯёи ҳама чиз аст).

Онон бозмондагони нухбагон ва ҷомеаи бостонии эронӣ ҳастанд, ки пеш аз он ки муҳоҷиратҳои паштунҳо – афғонҳо ононро аз ҷойгоҳи худ биронанд, аз қудрат маҳрум созанд ва ба мавқеиятҳои дараҷаи дувум савқ диҳанд, дар ин сарзамин вуҷуд доштанд.

Бар асоси ривоёти бархе аз ин қабоил, онон худро аз табори содот ё қурайшиён медонанд. Барои ин амр далоили гуногуне вуҷуд дошт, аз ҷумла талош барои тавҷеҳи тафовути қавмии иҷтинобнопазири худ бо бахши аслии патонҳо (паштунҳо), аз тариқи касби як насаби мӯътабари исломӣ, ки бархӯрдории онон аз имтиёзоти вижаи иҷтимоӣ дар муқоиса бо патонҳоро тазмин мекард.

Дар гузашта, замоне ки ҳанӯз илми генетика вуҷуд надошт, анҷоми чунин коре бисёр осон буд. Ин амр бо ин воқеият иртибот дорад, ки дар ҷомеаи паштун – афғон, як гурӯҳи ҷудогона ва бисёр бонуфуз аз “ашрофияти мазҳабӣ” вуҷуд дорад, ки аъзои он худро сайид, қурайшӣ ва ё араб меноманд ва дорои номҳо ва алқобе чун сайид, қурайшӣ, пир, миён, соҳибзода, охундзода ва ғайра ҳастанд. Бештари онон дар воқеъ араб ба маънои воқеии калима нестанд, балки дар баррасиҳои генетикӣ, тоҷик ё аз дигар ақвом шинохта мешаванд; яъне бозмондагони ҷамъияти бумӣ ва бостонии тоҷик ва ё муҳоҷирони давраҳои мутааххиртар. Он даста аз онон, ки ба сурати қабоили кӯчак вуҷуд доранд, ба гурӯҳи нахуст тааллуқ мегиранд.

Дар ин ҷо муносиб аст ёдоварӣ шавад, ки дар ҷомеае, ки паштунҳо – афғонҳо бар он тасаллут доранд, ҳанӯз як қишри қобили таваҷҷуҳи дигар аз табақоти фурӯдасти бумӣ бо маншаи ҳиндӣ (ҳиндкӣ) вуҷуд дорад, ки аъзои он ба ҳирфаҳои ба истилоҳ “паст” иштиғол доранд. Ин қишр бахше аз мероси иҷтимоии бостонии Ҳинд дар ин минтақа аст, ки бар асоси он, бархе аз анвои кор ва ҳирфаҳое, ки камэътибор шумурда мешуданд, ба таври суннатӣ ба кастаҳои поини ҳиндӣ вогузор мешуданд. Имрӯза ин мардум ба забони пашту сухан мегӯянд, аммо ҳамчунон аз сӯи дигар ақшори ҷомеа мавриди таҳқир қарор мегиранд.

Марзбандии кастаӣ низ мӯҷиб шудааст, ки таркиби қавмии ин қишр, ки аз кастаҳои поин бархоста аст, умдатан ҳиндӣ боқӣ бимонад, бо вуҷуди он ки аъзои он аз рӯзгорони бисёр дур дар ин ҷомеа зиндагӣ мекунанд. Ин қишри фурӯдасти иҷтимоӣ ба номи “касбгарон” (дар забони форсӣ ба маънои «аҳли ҳирфа» ё “косиб”) шинохта мешавад.

Гурӯҳҳои тоҷик ва мазҳабӣ – қабилаӣ, ки дар боло аз онон ёд шуд, маншаи ҳиндӣ надоранд, балки эронианд, аз ин рӯ ба ақшори фурӯдасти “касбгарон” тааллуқ намегиранд. Касбгарон умдатан шомили бофандагон, сартарошҳо, рахтшӯён, овозхонон ва навозандагони даврагард, кафшдӯзон, наҷҷорон, қассобон, оҳангарон, сафолгарон, нонвоён, тамизкорон ва ғайра мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир, пажӯҳишҳое дар бораи вижагиҳои генетикии ин қабоили кӯчаки “тоҷик”-и паштун дар ҳоли анҷом аст. Дар поин, матлабе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бо намудори яке аз пажӯҳишгарон оварда шудааст, ки иддао мекунад 43% ди-эн-эйи аъзои қабилаи Усмонхел маншаи суғдӣ дорад.

Дар поён, муносиб аст бо тафсили бештаре ба таъсироти тоҷикӣ ё эронии ғайрипаштунӣ бар худи қабоили “маъмулӣ" ё қабоили аслӣ ва бонуфузи паштун – афғон пардохта шавад. Бар асоси ривояти марбут ба маншаи иттиҳодияи қабилаии пурҷамъият ва аз лиҳози таърихӣ муҳими ғалҷоиҳо, аъзои он, ба эътирофи худашон, “фарзандони номашрӯъ”-и як шоҳзодаи тоҷики овора ҳастанд, ки баъдҳо издивоҷи худро бо модари онон қонунӣ сохт. Албатта, ин ривоятро набояд ба маънои лафзии он, ба унвони рӯйдоде, ки воқеан рух додааст, талаққӣ кард, балки бояд онро ривояте намодин донист, ки бозтобдиҳандаи дигар рӯйдодҳо ва равандҳои таърихӣ аст.

Иттиҳодияҳои қабилаии кӯчактар аз афғон, монанди ғарғашт, иддао мекунанд, ки ҳудуди 500 сол пеш, ҳангоме ки сарзаминҳои таҳти султаи кунунии худро тасарруф карданд, гурӯҳҳои дигаре аз ҷамъияти бумиро, ки ба дасти онон мағлуб шуда ё ба иҷбор дар сохтори қабилаии онон идғом гардида буданд, дар худ ҷазб карданд.

Дар миёни қабоили юсуфзай, вазир ва банучӣ, шохаҳое ба номи “деҳгонхел” вуҷуд доранд.

Иттиҳодияи қабилаии карлонӣ, ки қабоили кӯҳистонии паштунро дарбар мегирад, ба чандин даста ва шоха тақсим мешавад, ки яке аз онҳо “габр” ном дорад ва нишондиҳандаи тааллуқи он дар гузашта ба оини зартуштӣ аст.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!