Куштори мардуми мулкӣ дар Панҷшеру Бағлон ва Тахори Афғонистон чаро наслкушӣ аст?
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири "Сангар"
Масъалаи наслкушӣ ё генотсиди тоҷикон дар ҳамали соли равон ба он хотир дубора сари забонҳо афтод, ки тайи се ҳамлаи бузурги террористӣ ҳудуди 600 тоҷик куштаву захмӣ шуд - 80 нафар дар масҷиди Пули Хиштӣ ва 300 нафар дар масҷид ва ё хонақоҳи Халифаи шаҳри Кобул ва ҳам 200 нафар дар масҷид ва ё хонақоҳи вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз.
Кушторҳои фаҷеъи мардуми ҳазораи Афғонистон низ дар ин моҳ иттифоқ афтод, ки ба далоили мазҳабӣ ва ҳам аз сӯи як гуруҳи террористии такфирӣ ба номи ДОИШ баррасӣ мешуд. Ин ҳаводисро чӣ гуна метавон як қатли ом унвон ва раддабандӣ кард, баҳси дигар асту фурсати бештар мехоҳад.
Аммо тоҷикон, ки на шиа, балки суннӣ ҳастанд ва сафи ДОИШ-ро ҳам пур кардаанд, чаро кушта мешаванд? Ин кушторҳоро бо душмании такфириҳо бо аҳли тасаввуф метавонем рабт диҳем, аммо чаро хонақоҳи сӯфиён ё мактабҳои дигар қавм мавриди ҳамла қарор намегирад?
Аз замоне, ки Толибон ба қудрат расиданд, садҳо тоҷики дигар дар Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Парвону Каписо, Тахору Бадахшон ва... ҳангоми ҷангҳо, инфиҷорҳо, дар қади кӯчаву сари мазрааъи деҳқонӣ ва ҳар куҷо, ки рост омад, аз сӯи Толибон амдӣ ба шаҳодат расиданд.
Бино ба иттилои мувассақе, ки аз манобеъи вижа дастрас шудаанд, фақат дар вилояти Панҷшер, ки шоҳиди ҷангҳои шадидтарин буду ҳаст, аз замони ҳамлаи Толибон дар моҳи сунбула (сентябр) – и соли гузашта ба ин сӯ ҳудуди 500 нафар ба шаҳодат расонида шудаанд, ки нисфи зиёди онҳо сокинони мулкии ин дара ва бақия низ муқовиматгарони маҳаллӣ ва тоҷикони вилоятҳои дигар буданд.
Тайи рӯзҳои ахир дар ҷангҳои вилоятҳои Панҷшеру Бағлон ва Тахори Афғонистон ҳамаи мақтулини бесилоҳ (ки теъдоди тасбитшудааш аз марзи 30 нафар гузашта) тоҷик буданд, ки аз дасти толибони паштун, на ғайрипаштун, кушта шуданд. Онҳо муаллима, ронанда, деҳқон, донишҷӯ, меъмор, дар умум як мардуми одӣ буданд ва ба нерӯҳои муқовиматгар рабте надоштанд.
Шеваҳои куштори онҳо низ ваҳшиёна аст. Ҳамаро тирборон ва ҳатто як нафар дар Панҷшер бо табар пора-пора карда шудааст.
Дар рустои Айманди шаҳристони Варсаҷи вилояти Тахор мӯйсафеди 65 – сола ба номи Муҳаммадазимро боздошт карда, аввал яктирӣ ба дасту пову камар зада, ба “ренҷер” бор карда, дар пешониаш таблак навохтанд, Сипас ба идораи пулис бурда, ҳудуди як соат таҳқиру азият карданд ва дар ниҳоят як тир ба пешониаш зада, дар канори роҳ андохтанд.
Аксу навор ва шавоҳиди зиёде аз ин ваҳшонияти толибони паштун, ки дар рустоҳи тоҷикнишини Афғонистон қисса мекунанд, зиёд аст.
Оё ин ҳама наслкушӣ нест?
Наслкушӣ ё генотсид “аъмолест, ки ба қасди нобудии куллӣ ё ҷузъии ҳар гурӯҳи миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ ба унвони он гурӯҳ анҷом мешавад”. Он чӣ ки имрӯз дар баробари тоҷик ва ҳазора дар Афғонистон мебинем. Ҳазораро ба далоили мазҳабӣ ва тоҷикро ба далоили қавмӣ мекушанд. Агар ӯзбек, туркман ё ягон қавми дигари АФғонистон низ сар боло кунад, ҳатман қатли ом хоҳад шуд.
Ин падидаи нав ҳам нест. Амир Абдураҳмон (1880 - 1901), ки аз қавми паштун буд, нахустин кореро, ки кард, саркӯби ғайрипаштунҳо буд. Вай дар зиндагиномааш чунин мегӯяд: "Асирони тоҷик ва ӯзбекро ба тир бастам. Тамоми онҳое, ки дар тӯли се соли шӯриш ба ин шакл муҷозот шуданд, беш аз 5000 нафар буданд. Афроде, ки тавассути лашкариёнам кушта шуданд, ба қариб 12000 нафар мерасид."
Ин амир роҷеъ ба дигар ҷангҳо алайҳи ӯзбекҳо чунин иддао мекунад: "Душманон дар майдони ҷанг 3000 кушта доданд... 600 нафарро асир кардем. Ман дастур додам, ки аз сарҳои мухолифон манорҳое барпо гардад, то дар дилҳои касоне, ки зинда мондаанд, ваҳшат биафганад".
Амир Абдураҳмонхон ва мардуми Бадахшон: "Касонеро, ки асир мешуданд, ман ба даҳани тӯп мегузоштам. Дар муддати се соли иғтишош (дар Бадахшон) теъдоди касоне, ки ба ин қисм ман куштаам, тақрибан панҷ ҳазор нафар мешуд ва теъдоди касоне, ки аз дасти лашкари ман кушта шуданд, даҳ ҳазор нафар буданд."
Дар ҷангҳои Қатаған (вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бағлон) "ҳашт нафар капитанро ҳукм додам ба даҳани тӯп паронданд". "Туҷҷори бадахшониро, ки 50 нафар буданд, вале ман ҳукм додам, ҳамаи онҳоро ба даҳани тӯп гузоштанд…".
Ҳамоно дар бораи ҳазораҳо намегӯем, ки бино ба иддаои худашон, ҳудуди 65% - ро Абдураҳмонхон қатли ом кардааст.
Аммо дар ин таърихи куштору зулмҳои ҳокимони паштун ҳарфи тоҷикҳо ҳамеша барҷастатар буд, зеро ҳокимони паштун тоҷиконро хатари асосӣ барои худу ҳукумати худ ва таҳмил кардани фарҳангу забони худ бар сари ғайрипаштунҳо медонистанд. Кор ба ин ҷо кашида, ки барои аҳдофи худ аз арзишҳои волотарини инсониву исломӣ ҳам мегузаранд.
Нодирхон (1929—1933), шоҳи дигари паштун, қасамеро, ки ба Қуръони карим дода буд, шикаст, то рақиби тоҷикаш Ҳабибуллоҳи Калакониро аз роҳи фиреб ба Кобул орад ва ӯро ба дор кашад. Вай ба баҳонаи саркӯби қиёми мардумӣ як лашкари 25 - ҳазораро аз паштунҳои қабоил барои куштор ва тороҷи Шимолӣ - вилоятҳои Парвону Каписо фиристод, ки сар ба сар тоҷик буданд ва пойгоҳи мардумии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба ҳисоб меомаданд. Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор, муаллифи китоби “Афғонистон дар масири таърих” менависад, ки дар ин ҷанг хонаҳоро тороҷ, деворҳо ва боғҳоро тахриб мекард ва қалъаҳоро месӯхтонд. Зиндагонро шиканҷа, иҳонат ва таҳқир мекард, “аз қиёмкунанда ҷон мехост ва аз мутеъ мол, инкоркунандаро чӯб мезад ва дашном медод, ҳатто таҳдид ба эҳзор занаш дар маҷлиси ом менамуд. Дар хонаҳое, ки талошӣ мешуд ва аслиҳаву пул ба даст намеомад, занони хонавода таҳдид ба фурӯ бурдани сӯзан дар пистонашон мешуд”.
Дар замони зуҳури аввали Толибон низ шоҳиди қатлиомҳо дар Мазори Шарифу Якавланг ва сиёсати “замини сӯхта” дар Шимолӣ будем. Агар Аҳмадшоҳи Масъуд ва муқовимати ӯ намебуд, фақат Худо мефаҳмад, ки ба сари тоҷикон чӣ меомад. Он замон ҳам Мулло Умар ба хотири Усома ибни Лодан, раҳбари созмони террористии Ал-қоида, аз Афғонистон гузашт, аммо аз Усома на.
Коре, ки имрӯз Толибон дар Панҷшеру Андароб ва Тахор мекунанд, аз ин ҳама чӣ фарқ дорад? Ҳамон ҷиноёти башарӣ, ҳамон қатли ом, ки ба таври систематик дар Афғонистон такрор мешавад.
Дар ин миён ҳарфи тоҷикон бахусус аст. Мушкили тоҷикон ин буда, ки ҳеҷ гоҳ мазлумнамоӣ накарданд ва мисли арманиҳову яҳудиён, ҳиндувони Амрико, мусулмонони Косово ва Босния мавзуъро ба мароҷеъи байнулмилалӣ накашиданд.
Дар ҳоле ки ҳеҷ як аз онҳоро наметавон бо наслкушии тоҷикон дар тӯли таърих муқоиса кард. Таърих гувоҳ аст, ки Чингизхон беш аз 20 ва Темурланг беш аз 17 миллион тоҷикро куштанд, шаҳрҳояшонро ба хок яксону аз сарашон калламанораҳо сохтанд.
То ба ҳол касе садо баланд накард. Аммо имрӯз дуруст вақташ аст, ки мавзуъ дар сатҳи байнулмилал матраҳ шавад.
Бо ин вуҷуд, муқовамат танҳо роҳи муборизаи тоҷикон ва соири ғайрипаштунҳо алайҳи ин наслкушӣ аст ва боқӣ мемонад, чизе, ки ҳам Толибон ва ҳам ҳомиёни байналмилалии онҳо бояд дар назар дошта бошанд.