Хабари рӯз

Лашкаркашии бепешинаи Толибон бар шимоли Афғонистон чӣ маъно дорад?

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Ҳуҷуми ҳазорон ҷангҷӯи ришу мӯйкашол аз чаҳор сӯ бар Панҷшер ва Андароб, ки ба баҳонаи саркӯби муқоваматгарон сурат гирифтааст, бештар ба ҳадафи кӯч додани иҷбории мардумони бумӣ ва дар натиҷа тасфияи қавмӣ дар тамоми манотиқи шимоли кишвар аст.

Ин лашкаркашии фирқаӣ, ки бетардид ба асоси нақша ва дастури генералҳои АйЭсАй-и Покистон ба роҳ афтодааст, ибтидо Панҷшер ва Андароб ва пас аз он кулли шимолро мутеъ ва забт хоҳад кард. Ин гурӯҳи то дандон мусаллаҳи муҳоҷим, ки бештар шомили Толибон ва ҷангҷуёни ҷануби Афғонистон аст, ихтилофоти қавмиро дар Афғонистон бештар доман зада ва ҷабаҳоти ҷанг дар саросари кишварро густурдатар хоҳад кард.

Тавре, ки мардуми маҳалл ва тасовири телевизионӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар ин ҳуҷум ва лашкаркашӣ бар Панҷшеру Андароб, на танҳо толибони афғонӣ аз Пактиё ва Хӯст, балки толибонт покистонӣ аз он сӯи марзи Дюранд ҳам, ки ҳама ҳамсони ҳам мӯҳои кашол ва ришҳои дароз доранд, ҳам ширкат доранд - касоне, ки қаблан дар урдуи Толибон шомил набудаанд.

Тавре, ки маълум аст, созмони ҷаҳаннамии истихбороти Покистон (АйЭсАй) дар эҷод ва ташкили ин лашкари муҳоҷим нақши хосс ва тайинкунанда дошта ва қасд доранд онро дар тамоми вилоёти шимоли Афғонистон зери номи лашкари “Бадрӣ” ва ғайра тавсеа ва тақвият бубахшанд. Покистон мехоҳад мутобиқи нусхаи қадимии инглисӣ – нодирхонӣ, яъне истифода аз қабоил барои саркӯби мухолифон, ҳам ихтилофот ва душмании қавмиро бештар доман бизанад ва ҳам бошандагони бумии манотиқи мухталифи Афғонистонро маҷбур ба кӯчи иҷборӣ карда, сарзаминҳои ононро ба гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки аз ҷануби Афғонистон ва Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои саркӯб ва қалъу қамъ гирд овардаанд, ҳадия бидиҳад.

Интиқоли ҳазорон ҷангҷӯи толиб аз ҷануби Афғонистон ва Вазиристони Покистон ба қасди бунёнгузории маркази низомии бузург дар сатҳи қулли урду дар Панҷшер, дар Тахор ва бисёре нуқоти дигар дар шимоли кишвар, ки ускони доимии ҷангҷуён ва хонаводаҳояшонро дар пай хоҳад дошт, ҳеҷ маъно ва тафсире ба ҷуз кӯч додани иҷборӣ ва тасфияи қавмӣ наметавонад дошта бошад. Дастгириҳои гурӯҳ-гурӯҳ аҳолии минтақа ба манзури эҷод тарсу ваҳм, ба вазоҳат нишон медиҳад, ки Толибон на бо муқоваматгарони Панҷшер ва Андароб, балки бо тамоми мардуми авоми Панҷшер, Андароб, Бағлон, Тахор, Ҷузҷон, Балх, Самангон, Форёб, Сарипул, Бомиён, Дойкундӣ... ва дигар вилоёт шимоливу марказии Афғонистон, дар ҷанг ҳастанд. Онон қасд доранд мутобиқи нақшаи АйЭсАй (ISI) ва СиАйЭй (CIA) – и Амрико ҷангро дар миёни тамоми гурӯҳҳои қавмии шимол ва баъдан Осиёи Миёна интиқол дода, кӯчҳои иҷборӣ ва тасфияҳои қавмӣ дар Шимол ва манотиқи марказии Афғонистонро яке пайи дигар сару сомон бибахшанд.

Ин ки оё Толибон - ин гурӯҳи террористии ниёбатӣ метавонад ин аҳдофи шум ва хатарноки ҳомиёни покистониашонро таҳаққуқ бубахшанд, шакку тардид вуҷуд дорад. Қудратҳои минтақаӣ ва мардуми Афғонистон ҳаргиз ба онон иҷоза нахоҳанд дод то тамоми мардумони бумиро аз манотиқашон ронда ва як гурӯҳи бунёдгарои бадавӣ ва террористро ба ҷои онон маскангузин намоянд.

Ба бовари нозирони авзоъи Афғонистон, кӯч доданҳои иҷборӣ ва тасфияҳои қавмӣ, шӯришҳо, қиёмҳо ва растохези миллӣ ва мардумиро дар пай хоҳад дошт. Дер ё зуд занон, мардон, ҷавонон ва куҳансолони манотиқи таҳти ишғол дар шимол ва маркази Афғонистон, ҳама ба по хоҳанд хост ва Толибонро ба хостгоҳ аслиашон - Вазиристони Покистон хоҳанд фиристод.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!