Имрӯз, ки сунниҳо дар пушти Эрон истода нест, танҳо барои ин нест, ки арабҳо ба Ғарб фурӯхта шудаанд, балки барои ин аст, ки зидди шиъа ҳастанд.
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна, мутолиоти исломӣ ва фалсафаи исломӣ, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Чаро ман мазҳаб надорам? Ин савол аст, ки чандин бор аз ман шудааст, ки ба кадом мазҳаб ҳастам?
Ман чандин сол қабл аз мазҳаб истеъфо кардаам.
Аввал бояд бидонем, ки аз нигоҳи илмӣ, таърих аз улуми либерал аст ва ҳар кас диду биниши худро дорад. Таври мисол, агар як ҳикматёрӣ таърих бинависад, оқои Ҳикматёр як қаҳрамони ҷиҳод аст ва агар яке аз мухолифини оқои Ҳикматёр таърих бинависад, ӯро ба чор китоб кофир мекашад. Бино бар ин, ман диду биниши худро аз нигоҳи таърихӣ дорам.
Аввал, мазҳаб дар асари нифоқ ба вуҷуд омадааст, на иттиҳоди муслимин ё зарурати мардум.
Дуввум, мазоҳиб таҳлилҳои худро доранд, ки ба номи дин ду бому як ҳаво сохтаанд. Як Худо, як Қуръон ва як паёмбар ва даҳ навъ диду биниш сохтаанд ва ин ҳадафи Худо ва Расули ӯ набуд. Масалан, сунниҳо мегӯянд, ки сиға ҳаром аст ва шиъаҳо мегӯянд, ҳалол аст ва ё сунниҳо мегӯянд, ки зан метавонад қозӣ шавад ва шиъа мегӯяд, на қозии калон шуда наметавонад.
Мазоҳиб ҳар ду мухолифи озодии инсон аст. Ҳеч кадом намегӯяд, ки инсон озод халқ шуда ва динро таҳмил мекунанд, ҳам шиъаҳо ва ҳам сунниҳо. Дар куҷои Қуръон омадааст, ки паёмбар гуфта бошад, динро таҳмил кунед?
Масоилро аз худ кашидаанд, ки яке мегӯяд, паёмбар ва имомон маъсум аст ва яке мегӯяд, танҳо паёмбар маъсум аст.
Дар китобҳое, ки дар қарни бистум ба табъ расид, донишмандоне, ки дар ин ду мазҳаб арзи андом кард, натавонистанд то воқеан каромати инсонро таъриф кунанд ва аз ҳамин сабаб аксаран яҳуд ва насороро кофир мегӯянд. Бор-бор хондаам, ки ҷанги Эрон бо куфр аст, на аҳли китоб ва ё омаданд ояти оманаррасулро тафсир карданд, ки чун яҳуд ва насоро Муҳаммад (с)-ро қабул накарданд, пас мӯъмин нестанд ва кофир ҳастанд, дар ҳоле ки мутолиот нишон медиҳад, ки онҳо дар дини худ мӯъмин ҳастанд.
Сайид Қутб, ки шумо ба диққат мутолиа кунед, як фарди мутлақ зидди Ғарб ва вақте Амрико омад ва фарҳанги ғарбиро дид девона шуд ва аз нигоҳи антропология як этносентрики мутлақ, ки ҳама чизро аз диди худ медид на он ғарбӣ ва зиндагии ғарбиро “мунзаҷиркунанда (манфур)” тавсиф кард.
Имрӯз ҳазорон ҳазорон мусалмон дар ҳамин фазои “мунзаҷиркунанда” зиндагӣ мекунад ва аз зиндагӣ лаззат мебаранд. Ба ҷойи ин ки як пул байни Ислом ва Ғарб бисозад, ки на сих бисӯзад ва на кабоб, ҳамаро ба таассубгароӣ ва зиддият бо фарҳанги Ғарб сохт. Ихвонулмуслимин ҳаргиз ва ҳаргиз нагуфт, ки зану мард аз нигоҳи маданӣ мусовӣ аст. Ҳамеша назди гурӯҳҳои исломӣ зан қишри дуввуми ҷомеа аст ва ҳамеша тарафдори як ҷомеаи мардсолор ҳастанд ва ин кори мазҳаб аст, на дин.
Мавдудӣ, ки китоби низоми сиёсиро навишта кард, занро зери дасти мард қарор дод ва як таассуби беҷо навишта кард: "Қудрати мард" (“The power of man”)!!! Гап пештар аз ӯ, ки биравад, Ибни Таймия як мутаассиби айёр, мухолифи ҳар гуна меъёри пешрафт ва тамаддун.
Дар шиъа бубинед, таври мисол, Маҷлисӣ ва Шайх Муфид ҳар ду аз ашхоси фавқулода сахтгир дар мазҳаб ба андозае, ки издивоҷи суннӣ ва шиъаро ҳаром медонистанд ва ҳамчунин сунниҳое, ки шиъаро рофизӣ гуфтанд ва кофир гуфтанд ва инҳо ҳам издивоҷи сунниро бо шиъа ҳаром медонистанд. Яке аз дӯстони шиъа дар шимоли Калифорния духтари як хонаводаи сунниро хостгорӣ карда буданд ва падари духтар, ки ҳоло фавт кардааст, гуфта буд, ки мо ба шиъа духтар намедиҳем. Дар ҳоле ки ҳар ду калима гӯй!!!
Уламои суннӣ ва шиъа (агар мо номи олимро ҷуръат кунем сари онҳо итлоқ кунем, зеро яке аз сифоти олим ҳамин аст, ки таассуб надошта бошад) боиси таассуботи бузург байни ду мазҳаб шуданд. Имрӯз, ки сунниҳо дар пушти Эрон истода нест, танҳо барои ин нест, ки арабҳо ба Ғарб фурӯхта шуданд, балки барои ин аст, ки зидди шиъа ҳастанд. Саудӣ олими шиъаро эъдом накард? Савол кунед, ки оё эъдом дар Ислом аст? Оё Муҳаммад (с) касеро эъдом кардааст?
Юсуф Қарзовӣ, ки дар ҷаҳони суннӣ бисёр шуҳрат дорад ва рӯҳаш шод бод, амали интиҳориро бар алайҳи Исроил раво донист ва ин боиси бадбахтии мусалмонони Афғонистон шуд, ки толиби нодон ҳар рӯз интиҳорӣ мекард ва як лодаи дигар омад номи онро истишҳодӣ гузошт, дар ҳоле ки Қуръон мегӯяд, ки агар як нафарро бикушед, ҳамаи башариятро куштед ва агар як нафарро наҷот додед, ҳамаи башариятро наҷот додед.
Панҷ сол аст, ки зан ва духтари Афғонистон аз ҳаққи зиндагӣ маҳрум шуда ва чанд то нодон хомӯш аст ва чанд то аҳмақ ба хотири қавмгароӣ аз эшон дифоъ мекунад ва ин амалкардҳо ҳама зидди Ислом ва зидди ахлоқ аст.
Динро васила сохтанд, ҳар ду шиъа ва суннӣ барои манофеи шахсӣ ва гурӯҳӣ мардумро ба фақр ва бадбахтӣ расонданд. Садҳо мисол аст, ки имрӯз шиъа ва суннӣ масъули бадбахтии мусалмонон шудаанд. Шумо ҳар китобро боз кунед, ба ҷуз таассуб ва беадолатӣ чизе намебинед.
Танҳо масъала байни шиъа ва суннӣ нест. Шиъаҳо шиъаро истисмор карданд ва сунниҳо сунниро. Қуръон ба мардуми исавӣ мегӯяд, ки дар дин ғулув накунед ва имрӯз зери унвони мазҳаб ба андозае ғулув мекунанд, ки мардумро аз инсоният кашидаанд.
Ин бисёр муҷмали қазия буд, ки ман тасмим гирифтам, ки ба ҳеч мазҳаб набошам ва аммо дини худро сахт дӯст дорам ва аз дини худ дифоъ мекунам.