Чӣ хориҷиҳо ҳимоят кунанд, чӣ накунанд мо бо толиб меҷангем.
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Як ҳарфе, ки Аҳмад Масъуд ҳамеша онро гарчи ба нармӣ баён мекунад, хеле муҳим, дақиқ ва дуруст аст ва он ин ки ҷанг ва муборизаи мо дар баробари гурӯҳи Толибон вобаста ба ҳимояти хориҷӣ нест. Чӣ хориҷиҳо ҳимоят кунанд, чӣ накунанд мо бо толиб меҷангем.
Ин ҳарфи хеле сангин, инқилобӣ ва шуҷоъона аст ва дар ҳар қолаби гуфторе, ки баён шавад, арзиш ва аҳамияти худро аз даст намедиҳад.
Ҳимояти хориҷӣ аз ҷанг дар дунёи имрӯз аҳамияти худро дорад, аммо вақте ҷанги шумо барҳақ аст ва имон доред, ки барои озодӣ, адолат ва инсоният меҷангед ва тарафи муқобилатон ҳам як гурӯҳи ба тамоми маъно беадаб, бефарҳанг, ғӯл, ҷоҳил, ваҳшӣ ва мутаассиб аст, он гоҳ шумо бояд омодаи он бошед, ки бидуни ҳимояти хориҷӣ ҳам бо ифтихор биҷангед.
Хориҷиҳо вақте бубинанд, ки ирода ва имони шумо ба ҷангатон росих аст ва мутазалзилу мутараддид нестед, ҳимоятатон мекунанд.
Тамом ҷангҳои ҳақхоҳонаву адолатхоҳона дар ҳар ҷои дунё дар ибтидо дар фуқдони ҳимояти хориҷӣ оғоз шуда, идома ёфта ва ба пирӯзӣ расидааст.
Боз агар ҳимояти хориҷӣ муҳимтар ва аввалтар аз иродаи ҷанги шумо бошад, шумо дар он сурат барои хориҷиҳо меҷангед, мисли Толибон, ки аз оғоз то кунун як проекти хориҷӣ будаанд.
Бинобар ин, мо боқувват канори Аҳмад Масъуд ҳастему боҳош меистем ва танҳояш намегузорем. Мо, ки мегӯям теъдоди мо кам нест ва одамҳои одиву маъмулӣ ҳам нестем. Мо дар ин ҷо манзури мо як насли огоҳ, боандеша ва боангеза аст.
Мо чун ба тавоноии худ бовар дорем, ин боварро ҳам дорем, ки будани мо канори Аҳмад Масъуд, аҳамияти зиёде дар пирӯзии доияае дорад, ки Аҳмад парчами онро афроштааст.
Аммо маддоҳӣ, тамаллуқу чашмпушӣ дар баробари навоқис кориро ҳам нодуруст медонем ва эътиқод дорем, ки бояд оғӯши Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар рӯйи ҳама боз бошад ва аз интиқодҳо барои ислоҳ истифода аъзаме шавад.






