Толибон ба таври ғайримустақим Афғонистонро дар ишғоли Ғарб фурӯ бурданд.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Касоне, ки Толибонро зидди ишғол медонанд, аз бистарҳои шаклгирии гурӯҳи Толибон амдан ё саҳван ғафлат меварзанд.
Бистари шаклгирии Толибон, ҷанги сард миёни блокҳои қудрати Шарқу Ғарб аст. Ҷанги сард байни Амрико ва Шӯравӣ ба ҷанги гарм дар Афғонистон анҷомид. Ташдиди рақобат миёни Шарқу Ғарб суботи сиёсӣ дар Афғонистонро барҳам зад ва мунҷар ба сарнагунии режими салтанатӣ шуд.
Бо суқути режими салтанатӣ, суботи сиёсӣ дигар ба Афғонистон барнагашт. Талоши Довуд барои баргаштондани субот ҷони ӯро гирифт ва бетарафии Афғонистон бо ҳузури неруҳои Артиши Сурх аз байн рафт. Коммунистҳо фикр мекарданд, ки бо татбиқи иҷбории коммунизм ба кумаки низоми Шӯравӣ суботро бармегардонанд, ки онон низ муваффақ нашуданд. Ташдиди иқдомоти саркӯбгарона саффи муҷоҳидинро тақвият кард ва ҳузури низомии Русия машрӯъияти ҷангии ононро таъмин кард. Вақте аз ин манзар ба қазия нигариста шавад, муҷоҳидин низ дар бистари рақобати Шарқу Ғарб зода шуданд, аммо бо ин тафовут аз Толибон, ки муҷоҳидин дастсохти хориҷиҳо набуданд, балки гурӯҳҳое буданд, ки бо ангезаҳои динӣ ва зидди ишғол ва дифоъ аз меҳан ташкил шуданд, аммо василаи таҳаққуқи аҳдофи истеъморгарон қарор гирифтанд. Толибонро, аммо истеъморгарон ва қулдурони блоки Ғарб эҷод карданд, то аз баргашти қудрати шарқии шикастхӯрда ба замини Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд.
Бино бар ин, Толибон гурӯҳе муташаккил аз се “изм”-и хатарнок аст: исломизми тундравона/терроризм; империализми ниёбатӣ/василаи таҳаққуқи аҳдофи тавсеаталабонаи Ғарб ва паштунизми захмхӯрда/паштунҳое, ки барои баргашт ба қудрат ба ҳар василае мутавассил мешаванд.
Аммо Толибон барои ҳама мардуми Афғонистон яксон нестанд. Ин гурӯҳ барои ғайрипаштунҳо, хосияти музофи ишғолгарона доранд. Аз як тараф кишварро ба шакли ниёбатӣ дар ишғоли Ғарб фурӯ бурдаанд ва аз ҷониби дигар барои таҳаққуқи барномаҳои паштунистӣ, дар нисбат ба ақвоми ғайрипаштун хосияти ишғолгар доранд. Як неруи ишғолгари дохилӣ.
Дар ин ҷо, албатта, лозим аст, ки дар мафҳуми ишғол диққат кунем ва онро ба маънои васеъ дар назар бигирем. Хеле аз дӯстон фикр мекунанд, ки ишғол фақат як таъриф дорад ва он ин ки як неруи хориҷӣ ба як кишвари дигар ҳамла кунад ва ин мешавад ишғол. Дар ҳоле, ки дар маънои васеътари ишғол ҳар амалеро шомил мешавад, ки хилофи майлу ризояти як фард ва як катлаи башарӣ дар ҷиҳати ғасби замин, таҷовуз ва ҳамла ба ҳувият, иззат ва озодии онон сурат гирад. Яъне, мо ишғоли дохилӣ ҳам дорем ва Толибон намунаи боризи он ҳастанд. Барои мардуми Панҷшер, ҳузури беш аз бист ҳазор неруи мусаллаҳи паштуни ҷанубӣ дар хона ва рустояшон, ишғол аст ва ин ишғолгарӣ бадтар аз ишғоли Панҷшер тавассути шӯравиҳо аст.
Амрикову Покистон барои аҳдофи тавсеаталабонаи худ Толибонро сохтанд, то заминаи ишғоли Афғонистонро фароҳам кунанд ва карданд. Бо ин васф чӣ гуна толибро метавон зидди ишғол гуфт? Агар ҷанги заргарии Амрико ва Толибонро ҷанги зидди ишғол бидонем, метавонем инкор бикунем, аммо дар ин сурат мо фақат ба зоҳир нигаристаем ва худро аз тааммуқ дар абъоди печидаи сиёсат ва ҷангу ишғол бехаёл кардаем.






