Пушти “амният”-и иддаошуда чӣ пинҳон аст?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Вақте мубоҳоти як низом ба “амният” ба сатҳи як намоиши таблиғотӣ суқут мекунад, дигар наметавон онро ба унвони як дастоварди воқеӣ пазируфт. Он чӣ ба унвони амнияти саросарӣ, низоми орӣ аз фасод ва адолати иҷтимоӣ матраҳ мешавад, дарвоқеъ бахше аз як ҷанги равонии ҳадафманд аст, ки аз сӯи расонаҳои таҳти контрол ва лобигарони ин гурӯҳ барои тавлид ва хариди машруияти қаллобӣ бозтавлид мегардад.
Ин ривоятсозӣ, на бозтоби воқеият, балки талоше барои пӯшондани шикофи амиқ миёни иддаъо ва вазъияти айнии ҷомеа аст. Иддаъои амнияти комил, замоне ки дар маърази таҷрибаи рӯзмарраи мардум қарор мегирад, аз бунёд фурӯ мерезад, зеро дигар на танҳо амнияти физикӣ вуҷуд надорад, балки амнияти фардӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ дар як фазои мубҳам, контролшуда ва амдан печидашуда, гирифтор шудаанд.
Дар низоме, ки фасод дар тору пуди он реша давонда бошад, амният ба таври табиӣ ба як колои қобили муомила табдил мешавад. Ин ҷо амният на як ҳаққи умумӣ, балки имтиёзест, ки дар чорчӯби муносибатҳои қудрат тақсим мешавад. Шояд сангинтарин ҳазинае, ки шаҳрвандон дар чунин вазъият мепардозанд, ҳамин муомила шудани амният бошад; ҷое ки давлат на танҳо қодир ба маҳори фасод нест, балки худ ба бахше аз созукори тавлид ва бозтавлиди он табдил шудааст. Дар чунин бистар, эътимоди умумӣ фурӯ мепошад ва мафҳуми давлат ба унвони таъмингари назм ва адолат, ҷои худро ба як сохтори судмеҳвар ва имтиёздеҳӣ медиҳад.
Толибон дар солҳои гузашта, талош кардаанд бо таҳмили як ривоят аз “амнияти қуллобӣ”, тасвири контролшуда аз субот ироа диҳанд. Ин ривоят, бар пояи саркӯб, фақри систематик ва фишори густарда бар ҷомеа шакл гирифтааст. Аммо амнияте, ки аз дили тарс ва маҳдудият берун биёяд, на танҳо пойдор нест, балки ба тадриҷ мафҳуми худи амниятро низ фарсоиш медиҳад. Ҷомеае, ки дар он озодиҳои асосӣ ҳазф шуда ва шаҳрвандон дар вазъияти доимии изтироб ва адами қатъият зиндагӣ мекунанд, наметавонад ҳомили як амнияти воқеӣ бошад, балки сирфан дар ҳолати инҷимод ва сукуни иҷборӣ нигаҳ дошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, яке аз ҷиддитарин нишонаҳои фасоди сохторӣ, нотавонии ин гурӯҳ дар маҳори нерӯҳои дарунии худ аст. Сохтори низомӣ ва ҷангии Толибон, ки дар гузашта бар пояи шабакаҳои чирикӣ, гурӯҳҳои муздбигир ва пайвандҳои ғайрирасмӣ шакл гирифта буд, акнун ба як муъзали печида барои раҳбарии он табдил шудааст. Ин нерӯҳо, ки замоне абзори пешбурди аҳдофи ҷангӣ буданд, имрӯз ба бозигарони мустақил ва баъзан мутаъориз табдил шудаанд, ки манофеи худро дунбол мекунанд. Ҳамин вазъият нишон медиҳад, ки қудрат дар даруни ин сохтор на мутамаркиз, балки пароканда ва рақобатӣ аст ва ин парокандагӣ, бистари муносибе барои густариши фасод фароҳам кардааст.
Низоъ бар сари манобеи молӣ ва иқтисодӣ, бавижа дар шароите, ки сохторҳои расмии шаффоф ва посухгӯ вуҷуд надоранд, ба меҳвари аслии ихтилофоти дарунӣ табдил шудааст. Бар хилофи бардоштҳо ва тасвири мутаъориф аз низоъи дарунгурӯҳии Толибон, ки ин ихтилофот идеологӣ дониста мешаванд, воқеият ин аст, ки кашмакашҳо умдатан бар сари дастрасӣ ба манобеи даромадзо, контроли гумрукот, баҳрабардорӣ аз маъодин, саҳмгирӣ аз кӯмакҳои молии хориҷӣ ва мудирияти ҷараёнҳои пулӣ шакл гирифтаанд. Ин навъи ихтилофот, ба далели пайванди мустақим бо манофеи иқтисодӣ, на танҳо амиқтар балки мухаррибтар аз ихтилофоти фикрӣ ҳастанд, зеро ҳар гурӯҳ талош мекунад саҳми бештаре аз манобеи маҳдудро тасоҳуб кунад.
Фасод дар ин сохтор, моҳияти шабакавӣ ва дарҳамтанидаро дорад. Ниҳодҳое, ки бояд масъули иҷрои қонун ва таъмини адолат бошанд, худ ба абзорҳои тавлиди даромад табдил шудаанд. Полис, маҳоким ва соири мароҷеъи адлӣ, дар бисёре аз маворид коркарди аслии худро аз даст дода ва ба бахше аз чархаи фасод бадал шудаанд. Дар чунин шароит, адолат дигар як асл нест, балки хидматест, ки дар ивази пардохт ё вобастагии сиёсӣ ироа мешавад. Ин вазъият на танҳо машруъияти низомро зери суол мебарад, балки ҷомеаро ба сӯи беэътимодӣ ва беасуботӣ савқ медиҳад.
Дар сатҳҳои болотар, ҳатто дастгоҳи сиёсати хориҷӣ ва намояндагиҳои берунӣ низ аз ин раванд масун намондаанд. Шаклгирии шабакаҳои молӣ дар берун аз кишвар, ки ба сурати мунтазам манобеи хоссеро ба дохил мунтақил мекунанд, нишондиҳандаи он аст, ки фасод ба як системаи фаромиллӣ табдил шудааст. Ин шабакаҳо на танҳо барои таъмини манобеи молӣ, балки барои давр задани фишорҳои байналмилалӣ ва ҳифзи бақои сохтори қудрат низ мавриди истифода қарор мегиранд. Ба ин тартиб, марз миёни сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди ғайришаффоф аз байн меравад ва ҳар ду дар хизмати бақои як низми ғайрипосухгӯ қарор мегиранд.
Талош барои эҷоди воҳидҳои вижа ҷиҳати маҳори фасод, дар зоҳир нишонае аз дарки мушкил аст, аммо дар амал бо таноқузҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Зеро замоне ки фасод ба унвони як манбаи қудрат ва абзори тақсими имтиёз амал мекунад, ҳазф ё маҳдуд кардани он ба маънои тазъифи ҳамон сохторе аст, ки бар пояи он шакл гирифтааст. Ба ҳамин далел, ҳар гуна иқдом дар ин замина ё ба шикаст меанҷомад ё худ ба бахше аз бозии қудрат табдил мешавад. Ин таноқуз, яке аз муҳимтарин далелҳои нотавонӣ дар ислоҳи дарунии чунин низомҳо аст.
Дар сатҳи идорӣ, раванди тақарруриҳо ба вузӯҳ нишондиҳандаи умқи ин буҳрон аст. Вазифаҳои давлатӣ на бар асоси шоистагӣ, балки дар ивази пардохти пул ё тазмини интиқоли манобеи молӣ вогузор мешаванд. Ин вазъият, давлатро ба як бозор табдил кардааст, ки дар он маносиб ба фурӯш мерасанд ва ҳар фард барои бозгашти сармояи худ, ногузир ба мушорикат дар чархаи фасод мешавад. Ин чарха, худтақвияткунанда аст ва ба мурри замон, тамоми сохторро дарбар мегирад.
Рақобат бар сари манобеи табиӣ, бавижа маъодин, низ ба яке аз арсаҳои аслии таниш табдил шудааст. Манотиқи шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, ба таври мудовим шоҳиди даргирӣ миёни гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳар як ба навъе ба сохтори қудрат муттасиланд. Ин даргириҳо, на танҳо ношӣ аз заъфи мудирияти манобеъ, балки натиҷаи мустақими табдили манобеи табиӣ ба дороиҳои қобили тасоҳуб дар як низоми ғайришаффоф аст. Дар чунин шароит, манобеи миллӣ ба ҷои он ки дар хизмати тавсеа қарор гиранд, ба абзори рақобат ва мунозиъа табдил мешаванд.
Контроли масирҳои транзитӣ, шоҳроҳҳо, гумрукҳо ва соири нуқоти калидии иқтисодӣ низ дар ихтиёри афродест, ки ё ба ҳалқаҳои қудрат вобастаанд ё аз тариқи пардохтҳои калон ба ин мавқеъиятҳо даст ёфтаанд. Ин афрод, бо ҳидояти ҷараёнҳои молӣ, нақши таъйинкунандае дар тақсими манобеъ доранд ва ҳамин амр боис мешавад, ки иқтисоди расмӣ ва ғайрирасмӣ дар ҳам идғом шаванд. Натиҷаи ин вазъият, шаклгирии як иқтисоди соя аст, ки дар он шаффофият ва посухгӯӣ ҷойгоҳе надорад.
Дар канори ҳамаи ин маворид, истифода аз шабакаҳои ҷароими созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва иртибот бо гурӯҳҳои ифротӣ, нишондиҳандаи тағйири моҳияти ин сохтор аст. Толибон дигар сирфан як гурӯҳи идеологӣ нестанд, балки ба як шабакаи печидаи қудрат-сарват табдил шудаанд, ки барои бақои худ аз ҳар абзори мумкин истифода мекунад. Ин таҳаввул, на танҳо машруияти онҳоро бештар тазъиф мекунад, балки хатароти амниятии густардатареро низ ба ҳамроҳ дорад.
Дар ниҳоят, он чи ба унвони амният ироа мешавад, беш аз он ки як воқеияти айнӣ бошад, як ривояти муҳандисишуда аст. Ин ривоят, агарчи мумкин аст дар кӯтоҳмуддат коркарди контролӣ дошта бошад, аммо дар дарозмуддат дар баробари воқеиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фурӯ хоҳад рехт. Шикоф миёни иддаъо ва воқеият, ҳарчӣ амиқтар шавад, эҳтимоли бурузи буҳронҳои дарунӣ ва фурӯпошии сохторӣ низ бештар хоҳад шуд. Дар чунин вазъият, амният на танҳо тазмин намешавад, балки худ ба яке аз аслиитарин қурбониёни сохтори фасод табдил мегардад.