Хабари рӯз

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои баррасии авзоъи Афғонистон як ҷаласаи сареъеро даъват кард

МАСКАВ, 2 май – Сангар, Толиб Алиев. Ин ҷаласа, 29 апрел, дар ҳоле баргузор шуд, ки Русия худ дар марзҳои ғарбиаш даргири ҷанги Украина аст. Манобеъи расмии Русия аз ин ҷаласа иттилои кофӣ пахш накарданд, аммо ба сомонаи Сангар муяссар шуд бархе тафсилотро дастрас кунад.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Русия бо пахши иттилоияи кӯтоҳе хабар дод, ки Владимир Путин як ҷаласаи сареъеро бо аъзои доимии Шӯрои амнияти ин кишвар аз тариқ видеоконфронс баргузор кард.

“Дар ин ҷаласа раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, раиси дафтари раисҷумҳур Антон Вайно, дабир Шӯрои амният Николай Патрушев, вазир корҳои дохилӣ Владимир Колоколсев, вазири умури хориҷа Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, мудири Хадамоти амнияти федерал Александр Бортников, мудири Хадамоти иттилооти хориҷӣ Сергей Наришкин, намояндаи вежаи раисҷумҳур дар умури ҳифозат аз ҳифзи табиат, муҳити зист ва ҳамлу нақл Сергей Иванов ҳузур доштанд”, - омадааст дар хабар.

Владимир Путин гуфтааст, аз нуқтаи назари таъмини амнияти кишвараш, тамаркузи ҷаласа, албатта, сари рӯйдодҳои марбут ба ироаи кӯмак ба мардуми Донбас ва амалиёти низомии вежа дар Украина аст.

“Аммо мо мавзӯъоти дигаре низ дорем, ки аз назари таъмини амнияти кишвармон, аз ҷумла дар самти ҷануб бисёр мавриди таваҷҷуҳ аст. Аз ин хотир, имрӯз мо ин мавзӯъро дар робита маҳз бо ҳаводиси Афғонистон ва ба таври куллӣ дар ин минтақа мавриди баҳс қарор хоҳем дод”, - гуфтааст раисҷумҳури Русия.

Иттилоъияи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Русия бо ин нукта поён меёбад, ки Владимир Путин аз вазири корҳои хориҷа Сергей Лавров хоҳиш мекунад, то гузориши худро ироа кунад.

Дар ин иттилоъия тавзеҳоти дигаре аз ин ҷаласа дода нашудааст ва баъд аз хатми он низ ҳеҷ тафсилоте нашр нашуд. Аммо дар ин ҷаласа чӣ гузашт?

Як манбаъи сомонаи Сангар, ки аз мӯҳтавои мавзуъ то ҷое огоҳ аст, гуфт, Русия сари як барномаи ҷилав рафтан аз рақибонаш тасмим гирифтааст ва онро бо шариконаш дар минтақа мехоҳад амалӣ кунад.

“Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бозии калонеро пеш гирифтаанд ва он ҳам ин аст, ки талош доранд Русияро ба шароите бикашонанд, то маҷбур шавад ҳамзамон нерӯҳои низомии худро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон мустақар карда ва хутути дифоъии худ, аз ҷумла дар самти Афғонистонро луч (холӣ) кунад. Вазъияти пешомада дар кӯтоҳмуддат ё миёнмуддат ин ҳадафро аз тариқи бесубот кардани марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки марзи ҷанубӣ ва бисёр муҳими Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ (ОДКБ) аст, ба марҳалаи амалӣ кашонад”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, дар ҷаласаи Шӯрои амният раисҷумҳур Путин гузориши вазирони аслӣ - умури хориҷа, дифоъ ва мудири Хадамоти амнияти федерал (FSB) дар мавриди вазъияти Афғонистон ва таҳдидоти эҳтимолӣ барои тахриби вазъияти низоми-сиёсӣ дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, бавежа дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ (ОДКБ)-ро шунид.

“Дар робита ба гузоришҳои эъломшуда ва иттилооти гузоришшудаи қаблӣ, раисҷумҳур бар рӯи даст гирифтани тасмимоти хосе таъкид кард, аммо ин ҳама чӣ тасмимот хоҳад буд, равшан нест. Дар ҳар сурат ҳар чӣ хоҳад буд, талоше барои гирифтани ибтикори амал аз кишварҳои ғарбӣ хоҳад буд”, - гуфт манбаъ.

Таваҷҷӯҳи Русия ба ҳаводиси Афғонистон дар ҳолест, ки худ даргири як ҷанги тамомайёр дар Украина аст. Ба назар мерасад, таҳаввулоти нимаи дуввуми моҳи апрел дар Афғонистон, ки шаҳодат аз шиддат пайдо кардани фаъолияти ДОИШ медиҳад, Маскавро нигарон кардааст.

Гуруҳи террористии ДОИШ дар ин миён қариб 20 ҳамлаи террористиву интиҳорӣ дар саросари Афғонистон, қабл аз ҳама дар пойтахт Кобул ва шаҳри калидии шимоли ин кишвар - Мазори Шариф анҷом дод, ки ҳудуди 500 куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!