Хабари рӯз

Тайи панҷ рӯзи ахир (4 ба 8 июл) нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон алайҳи Толибон ҳудуди даҳ амалиёт анҷом доданд.

КОБУЛ, 09 июл – Хабаргузории “Муқовимат” - “Сангар”. Дар ин ҳамалот 22 узви ҳаракати Толибон куштаву захмӣ шудааст.

Бино ба маълумоте, ки аз дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ихтиёри “Сангар” қарор гирифт, нерӯҳои ин ҷабҳа соат 8:25 – и шаби 18 саратони 1403 (8 июли 2024) малишаҳои гурӯҳи террористии Толибонро дар қаровул (дарвозаи вурудӣ)-и шаҳраки Пулис аз марбутоти ҳавзаи чаҳоруми шаҳри Кобул мавриди ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷаи он як толиб кушта ва яки дигар захмӣ шудааст.

Қабл аз ин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳаволи соати 11:00-и шаби якшанбе 17 саратони 1403 (7 июли 2024) болои посгоҳи малишаҳои Толибон дар соҳаи “Даҳани Кӯргал” аз марбутоти шаҳристони “Дуоб”-и вилояти Нуристон ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он як толиб кушта ва ду толиби дигар захмӣ шуданд.

Даргирӣ миёни ду тараф ҳудуди 20 дақиқа тӯл кашид ва дар он ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳеҷ гуна осебе нарасидааст.

Ин севумин ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тайи 24 соати ахир бар мавозеъи Толибон буд, ки дар вилоёти Ҳирот ва Нуристон анҷом ва ба Толибон талафот ворид шуд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, соат 8:40-и ҳамон шаб (якшанбе 7 июл) малишаҳои гурӯҳи террористии Толибонро дар муқобили ширкати “Пухта” аз марбутоти шаҳристони Гузараи вилояти Ҳирот мавриди ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷаи он ду толиб кушта шуданд.

Соати 8:50 – и ҳамон шаб (якшанбе 7 июл), нерӯҳои Ҷабҳа бар малишаҳои гурӯҳи террористии Толибон ба ҳавзаи нуҳуми шаҳри Ҳирот ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он ду толиб кушта ва яки дигар захмӣ шуданд. Дар ин амалиёт, як мил аслиҳаи душман ба дасти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтодааст.

Як рӯз қабл соати 7:40-и шаб (шанбе 16 саратон - 6 июл) нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, малишаҳои гурӯҳи террористи Толибонро дар ноҳияи Панҷуми шаҳри Фароҳ (вилояти Фароҳ) мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар натиҷаи он яке аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба исми Мулло Шераҳмад, марбути баталёни амалиётии ин гурӯҳ, кушта шуд. Ва ҳамчунон ҷангафзори ӯ ба дасти муқовиматгарон афтод.

Дар амалиёти дигар, нерӯҳои Ҷабҳа, соати 10:45-и ҳамон шаб (6 июл), малишаҳои гурӯҳи террористии Толибонро дар ноҳияи аввали шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар натиҷаи он як малишаи толиби марбути баталёни сарҳадӣ кушта ва як тани дигарашон шадидан захмӣ шуд.

Рӯзи ҷумъа 15 саратон (5 июл) нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, соати 8:30-и шаб малишаҳои гурӯҳи террористии Толибонро дар “дарвозаи вурудӣ”-и ҳавзаи шонздаҳуми амниятии шаҳри Кобул, мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар натиҷаи он се толиб кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи панҷшанбе 14 саратон - 4 июл нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, соати 9:10-и шаб болои посгоҳи Толибон воқеъ дар “даҳани дараи Калтан” аз марбутоти шаҳристони Нургароми вилояти Нуристон ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он як толиб кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.

Даргирӣ миёни ду тараф ҳудуди 20 дақиқа тӯл кашид ва пас аз он нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба мавозеъи хеш баргаштанд.

Панҷшанбе 14 саратон (4 июл) нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, соат 3:40-и пас аз зӯҳр, дар амалиёти ҳадафманд ва бо афрози камин, муваффақ шуданд то Ҳофиз Абдулборӣ Чахонсурӣ, узви мудирияти амнияти дохилии қумондони амнияи Толибон дар вилояти Нимрӯзро дар марбутоти ноҳияи Дувуми шаҳри Нимрӯз аз по дароварданд.

Ҳамчунон силоҳи ӯ ба дасти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтод. Номбурда як шахси золим буд ва дар озору азияти мардуми ин вилоят даст дошт.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!