Даргирӣ миёни сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Андароб талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт.
Ҳиндукуш, 3 март - Сангар, Ҳасиби Сангар. Ин аз аввалин ҷарақаҳои ҷангҳои баҳории нерӯҳои муқовимати зиддитолибонӣ дар Афғонистон аст.
Як манбаъ аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Бағлон ба сайти “Сангар” гуфт, Толибон бо баҳонаи талошии хонаҳо ба хотири гирифтани силоҳ аз мардум ба рустои Тағонаки шаҳристони Пули Ҳисори минтақаи Андаробҳо омаданд, ки мавриди ҳамлаи ду сарбози муқовимат қарор гирифтанд.
“Ду бародар ба номҳои Нуруллоҳ ва Абдулҳаким, писарони Каримуллоҳ, ки дар гузашта сарбози нерӯҳои вежаи вазорати дифоъи ҷумҳурӣ буданд, Толибонро ғофилгир карда, ба онҳо ҳамла бурданд ва теъдоди зиёде аз гуруҳи 20-нафараи онҳоро ба ҳалокат расонданд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи ӯ, даргирӣ ҳаволии соати 11-и шаби гузашта, 14 март, оғоз шуда, ҳудуди се соат идома ёфт ва дар пайи он 8 ҷангии Толибон ва низ ин ду сарбози ҷабҳа ҷонҳои худро аз даст доданд. Ду толиб низ захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ин даргирӣ аз аввалин ҷарақаҳои ҷангҳои баҳории нерӯҳои зиддитолибонӣ дар Ҳиндукушҳо аст, ки аз тирамоҳи соли гузашта ба ин сӯ мутаваққиф шуда буданд.
Ҳиндукуш хостгоҳи муқовимати зиддитолибонӣ буда, вилоётҳои Бағлон, Панҷшер ва Бадахшонро дарбар мегирад, ки аксари кулл тоҷикнишинанд. Бо ин вуҷуд ки Толибон иддао мекунанд дар Ҳиндукуш дигар муқовимате боқӣ намонда, аммо даҳҳо гуруҳи хурду миёнаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар он ҳузур дорад.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон дошта буд, ки бо шуруъ шудани фасли баҳор амалиёти худро дар саросари Афғонистон аз сар хоҳад гирифт.