Хабари рӯз

Толибон тамоми силоҳу муҳиммоти ҷангии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистонро забт карданд. Карзай ба дилпурсии вай омад

КОБУЛ, 10 март – Сангар, Фарзом Козимӣ.  Ин ҳама силоҳу муҳиммот дар манзили ӯ рӯзҳои суқути Кобул ҷамъ омада буд.

Як манбаъ дар вазорати дохилаи Толибон ба Сангар гуфт, рӯзи гузашта бо фармони Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила, як гуруҳ ба манзили Доктор Абдуллоҳ ба Кортаи Парвон фиристода шуд, то силоҳу муҳимоти ӯро забт кунад.

“Бино ба иттилое, ки мо аз миёни афроди Абдуллоҳ ба даст овардем, дар хонаи ӯ як анбори бузурги аслиҳа ва чанд тонку мошини зиреҳӣ нигаҳ дошта мешавад. Вақте аз ӯ таҳқиқ ба амал омад, маълум шуд, ки ин ҳамаро Доктор Абдуллоҳ ба кадом як ҳадафи хосе бо худ нигаҳ намедорад. Аз ин хотир, нерӯҳои мо анбори ӯро забт карданд ва силоҳу муҳимоташро ба анборҳои давлатӣ мунтақил карданд”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ кард, аммо яке аз наздикони Доктор Абдуллоҳ дар таъйиди ин хабар ба хабарнигори Сангар гуфт, рӯзҳои суқути Кобул як теъдод раҳбарони сиёсиву фармондеҳон ба манзили ӯ омада, силоҳу муҳимот ва мошинҳои худро дар ихтиёри ӯ гузошта буданд.

“Рӯзи гузашта Толибон омаданд ва ҳамаро бурданд. Онҳо чаҳор мутари зидди гулӯла ё тонки Ҳомвей, панҷ мошини зиреҳӣ аз навъи “Ландкруизер” ва ҳудуди 11 пикап ё “Hilux”-и пур аз анвоъи аслиҳа, аз навъи RPG, m4, m16, норинҷак ва ғайраро бурданд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи пешини Афғонистон, дар хотираҳояш навишта буд, ки ҳангоми хуруҷ аз Кобул, ба манзили Доктор Абдуллоҳ рафта, аз ӯ хоста буд, ки ҳамроҳ ба Панҷшер раванд, аммо ӯ ин пешниҳодро рад кард. Маънавӣ мегӯяд, ки ногузир муҳофизон ва васоиташро дар манзили Доктор Абдуллоҳ гузошта, бо як муҳофизи ғайрмусаллаҳ хориҷ шудааст.

 Дар ҳамин ҳол, манбаъи дигар аз наздикони Доктор Абдуллоҳ мегӯяд, ки Толибон нахуст муҳофизони ӯро аввал дар як гӯша бурданд, туфангҳову муҳимоташонро гирифтанд ва онҳоро комилан халъи силоҳ карданд.

“Шоми ҳамон рӯз чанд нафар калони толиб омаданд ва узр хоста, гуфтанд, ки ягон ҳарфи хос нест, як кори умумӣ аст. Шумо хафа нашавед. Агар муҳофиз кор доред, дархост бидиҳед, ҳар қадар зарурат бошад, санад карда, аслиҳаашонро ҳам медиҳем”, - гуфт ӯ.

Рӯзи гузашта хабарнигори Сангар аз Бадахшон хабар дода буд, ки гурӯҳе аз неруҳои Толибон як захирагоҳи муҳиммоти марбут ба Мавлавӣ Амонуддин Мансур, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи худро аз вулусволии Кишми вилояти Бадахшон кашф ва забт карданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, пас аз суқути Кобул бо иттифоқи Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар, дар манзилаш дар Кортаи Парвони шаҳри Кобул монд ва ҷое фирор накард.

Як масъули Толибон боре ҳам изҳор дошт, ки ӯ дар ҳабси хонагӣ аст.

Карзай баъдтар ба манзилаш баргашт. Рӯзи гузашта пас аз забти силоҳҳои Доктор Абдуллоҳ аз сӯи Толибон вай барои дилпурсӣ омад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!