Хабари рӯз

Гринланд ба тарҳи “Гунбади тилоӣ” чӣ рабт дорад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Раисҷумҳури Иёлати Мутаҳидаи Амрико, Доналд Трамп, дар 21 январи 2026 дар суханронии худ дар Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод дар Давос эълон кард, ки Гринланд қаламрави Иёлати Мутаҳида аст. Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки ин ҷазира барои Вашингтон барои эҷоди системи дифоъии мушакии зиддибаллистикии “Гунбади тилоӣ” (Golden Dome) зарур аст.

Раисҷумҳури Амрико мавзӯи таҳияи ин проектро ҳатто дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии худ (2017–2021) матраҳ карда буд, аммо дар он замон ин идея пешрафт накард. Фармони эҷоди системи нави дифоъии мушакии зиддибаллистикӣ тавассути ӯ дар 28 январи 2025, пас аз бозгашт ба Кохи Сафед барои давраи дуввум, имзо шуд.

“Гунбади тилоӣ” шомили эҷоди системе аст, ки унсурҳои мавҷуди дифоъии мушакии зиддибаллистикӣ (мушакҳои заминии GBI, мушакҳои зидди THAAD, киштиҳои муҷаҳаз ба системи Aegis ва мушакҳои раҳгири Standard SM-3)-ро бо созукорҳои пешрафтатар муттаҳид мекунад. Дар маркази мафҳуми системи нав, идеяи назорати ҷаҳонии пайваста – аз радарҳои заминӣ то гурӯҳбандии фазоӣ бо моҳвораҳои раҳгир – қарор дорад.

Дар сентябри 2025, мудири барнома, генерали Нерӯҳои фазоии Амрико, Майкл Гетлейн, нақшаи рушди проектро пешниҳод кард. Ба гуфтаи манбаъҳои хабаргузории Reuters, ин нақша шомили эҷоди гурӯҳбандии аз 400 то 1000 моҳвора барои кашфи мушакҳо ва 200 моҳвора бо раҳгирҳои кинетикӣ (мушакҳо) ё лазер барои нобудсозии онҳо мебошад. Ин систем 4 қабати дифоъӣ хоҳад дошт (як қабат фазоӣ ва се қабат заминӣ) бо 11 батарея, ки дар қораи Амрико, Аляска ва Ҳавайи ҷойгир мешаванд. Бо ин ҳол, ҳеҷ зарурати истифода аз қаламрави Гринланд зикр нашудааст.

Ҳол ин суол пайдо мешавад, ки вақте Гринланд дар нақшаи истиқрори “Гунбади тилоӣ” ва ҳам иддаоҳои дифоъи Амрико аз Русияву Чин вуҷуд надошт, Трамп чаро ин ҷазираи бузургро мехоҳад? Воқеан, ҳатто наметавон ҳадс зад. Вай ҳама чиро мегӯяд, чизеро пинҳон намекунад ва чизҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ намегӯяд, пинҳон мекунад.

Қадамҳои Иёлати Мутаҳида барои афзоиши ҳузури низомии худ дар фазо нишон медиҳанд, ки Вашингтон талош дорад фазои наздик ба Заминро тасаллут кунад, ки дар мӯҳлати миёна ба он имкон медиҳад, то шароитро дар саҳнаи байналмилалӣ дикта кунад. Каршиносон ҳамчунин бар ин боваранд, ки системи дифоъии мушакии “Гунбади тилоӣ” метавонад ба абзори фишор бар Русия ва Чин дар раванди музокирот барои маҳдудсозии силоҳ табдил ёбад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!