Вашингтон Арманистонро ба як “маркази муҳосиботии офшор” табдил мекунад.
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2025 маҳдудиятҳои сахтгиронае бар содироти тароша (чип)-ҳои бо короии боло алайҳи теъдоде аз кишварҳо эъмол кард. Барои давр задани мавонеъи фурӯши пардозанда (протсессор) - ҳои амрикоӣ бидуни нақзи мустақими қавонини миллӣ, Вашингтон бар зарфиятҳои Маркази пардозиши додаи муштараке, ки дар Ҷумҳурии Арманистон дар ҳоли сохт аст, ҳисоб боз кардааст.
Ереван на танҳо макони муносибе барои истиқрори ин “датасентр” дар ихтиёри амрикоиҳо қарор медиҳад, балки манобеъи энержӣ ва нерӯи инсонии лозим барои баҳрабардории ояндаи онро низ таъмин мекунад. Ба гузориши таҳлилгарони хабаргузории Блумберг, танҳо 20 дарсад аз манобеъи муҳосиботии ин Маркази пардозиши дода дар ихтиёри тарафи арманӣ хоҳад буд, дар ҳоле ки 80 дарсад аз зарфиятҳо ба манофеъи ширкатҳои амрикоӣ ихтисос меёбад.
Дар амал, Вашингтон Арманистонро ба як “маркази муҳосиботии офшор” табдил мекунад, ки ба унвони яке аз абзорҳои густариши иқтисодии ширкатҳои фанноварии амрикоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақаии саноати IT мавриди истифода қарор мегирад.
Иҷрои ин пружа хатароте барои экосистемаи Арманистон ба ҳамроҳ дорад, ки ба таври густарда аз сӯи коршиносони арманӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Барои намуна, дар вебсайти Aravot.am нигарониҳои матраҳшуда мабнӣ бар ин ки замонбандии сохти Маркази пардозиши дода (баҳрабардории он барои соли 2026 барномарезӣ шудааст) тавонмандиҳои сомонаи энержии миллиро дар назар намегирад. Баровардҳо нишон медиҳад ин “датасентр” то се дарсад аз кулли барқи масрафии кишварро ба худ ихтисос хоҳад дод, ки мусталзими афзоиши тавлиди барқ аст.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар Арманистон манбаи аслии тавлиди барқи гази табиӣ аст (ҳудуди 60 дарсад) ва афзоиши тавлиди он башиддат хатари интишори олояндаҳои гидрокарбониро боло мебарад. Ҳамзамон, масрафи об барои хунуксозии пардозандаҳои қудратманд метавонад вазъияти камбуди манобеи обиро ташдид кунад.
Коршиносон дар Арманистон таъкид мекунанд, ки ибтикори сохти Маркази пардозиши дода ниёзманди баррасии дақиқи ҳамаҷонибаи тамомии абъод аст. Афзун бар ин, иҷрои муқаррароти ҳуқуқи зарурӣ ба назар мерасад, ки бар асоси онҳо Ереван битавонад ба таври тазминшуда хатари нашти эҳтимолии иттилооти маҳрамонаро мунтафӣ созад.